Перейти к содержимому

Ту одам намешавӣ!

Чанд ҳикояти пандомӯз

Ту одам намешавӣ!

Рӯзе подшоҳ ба вазираш гуфт:

— Эй вазир! Ман замоне ки ҷавон будам, падарам ҳамеша ба ман мегуфт, «ту одам намешавӣ!» Хеле дӯст доштам, то битавонам назарашро иваз бикунам.

Вазир гуфт:

— Қурбон! Ҳамакнун подшоҳи як мамалакат ҳастед. Ба назарам, шароитеро фароҳам оваред, ки падаратон шуморо бибинад, он гоҳ назараш ҳатман тағйир хоҳад кард.

Подшоҳ дастур дод, шароити сафар ба рустоеро, ки подшоҳ дар онҷо ба дунё омадааст фароҳам кунанд, то падараш — ки ҳанӯз дар хонаи қадимии худаш дар он русто зиндагӣ мекард — ӯро бибинад.

Подшоҳ бо тамоми шукӯҳи худ ба ҳамроҳи вазирону хадаму ҳашаму сарбозонаш ба русто омад.

Сипас дастур дод, то сарбозон падарашро аз хонааш гирифта ва ба майдони русто биёваранд. Ҳамаи аҳолии русто дар ҳоли такриму таъзим ба подшоҳ буданд, вале замоне ки падари подшоҳ расид, падар хеле ором ва содда дар муқобили подшоҳ, ки бар асп савор буд, истод.

Подшоҳ гуфт:

— Эй падар! Бибин, ман писарат ҳастам; ҳамон касе ки ҳамеша мегуфтӣ, одам намешавад. Бибин, ки ман ҳамакнун подшоҳи ин мамлакат ҳастам ва ҳама аз ман фармон мебаранд. Ҳол, чӣ мегӯӣ?

Пирамард нигоҳе ба рӯи писараш андохт ва гуфт:

— Ман ҳанӯз сари ҳарфи худ ҳастам, ту одам намешавӣ! Ман ҳаргиз нагуфтам, ту подшоҳ намешавӣ, гуфтам, ту одам намешавӣ. Ту агар одам будӣ, ба ҷои ин ки сарбоз бифристӣ, худат дунболи падарат меомадӣ, дари хонаро мезадӣ ва ман дарро бароят боз мекардам. Агар ту одам будӣ, вақте мани падарат омадам, ба эҳтироми падар аз асп пиёда мешудӣ. Ман аз назарам барнамегардам, ту одам намешавӣ.

* * *

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст

Овардаанд, ки бузурге рӯзе нишаста буд ва китобе мехонд.

Шахсе ба назди вай омад ва гуфт:

— Чаро танҳо нишастаӣ?

Бузургмард гуфт:

— Акнун, ки ту омадӣ танҳо шудам, бад-он сабаб, ки аз китоб хондан мондам.

* * *

Беҳтарин ғизо, беҳтарин рахтхоб ва беҳтарин хона

Рӯзе Луқмони Ҳаким ба писараш гуфт:

— Имрӯз ба ту се панд медиҳам, ки комраво шавӣ:

Аввал ин ки саъй кун, дар зиндагӣ беҳтарин ғизои ҷаҳонро бихӯрӣ;

Дуввум ин ки дар беҳтарин бистару рахтхоби ҷаҳон бихобӣ;

Севвум ин ки дар беҳтарини кохҳо ва хонаҳои ҷаҳон зиндагӣ кунӣ.

Писари Луқмон гуфт:

— Эй падар! Мо як хонаводаи бисёр фақир ҳастем, чӣ тавр ман метавонам ин корҳоро анҷом диҳам?

Луқмон ҷавоб дод:

— Агар каме дертар ва камтар ғизо бихӯрӣ, ҳар ғизое, ки мехӯрӣ, таъми беҳтарин ғизои ҷаҳонро медиҳад. Агар бештар кор кунӣ ва каме дертар бихобӣ, дар ҳар ҷо, ки бихобӣ, эҳсос мекунӣ беҳтарин хобгоҳи ҷаҳон аст. Ва агар бо мардум дӯстӣ кунӣ, дар қалби онҳо ҷой мегирӣ ва он вақт беҳтарин хонаҳои ҷаҳон моли туст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: