Перейти к содержимому

Эътирозоти хиёбонӣ дар чанд шаҳри Эрон дар пайи гарон шудани бензин

Таҷаммӯъҳои эътирозӣ ба афзоиши қимати бензин баъд аз зуҳри дирӯз (ҷумъа) дар чанд шаҳри Эрон сурат гирифта, ки бархе аз ин таҷаммӯот бо дахолати пулис поён ёфта.

Сарпарасти фармондории Сирҷон (устони Кирмон) тавзеҳоте дар хусуси ҳаводиси шаби гузашта дар ин шаҳристон додааст. Вай дар гуфтугӯ бо Исно, дар хусуси таҷаммӯоте, ки дар шаҳристони Сирҷон тайи шаби гузашта пас аз афзоиши қимати бензин рух дода гуфт: “Мутаассифона иддае аз ин таҷаммӯи мусолиматомез суистифода карданд ва амволи умумиро тахриб ва ба бархе помпбензинҳо хасоратҳое ворид карда ва қасд доштанд ба махозини аслии ширкати нафт дастрасӣ дошта бошанд ва онҳоро ба оташ бикашанд, ки бо муқовимати нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ, Сипоҳ ва Басиҷ рӯ ба рӯ ва ақибнишинӣ карданд.

Вай афзуд: “Шаҳристони Сирҷон аз соати 22 шаби гузашта то кунун дар оромиши комил аст ва рафту омад барқарор аст ва имрӯз (шанбе) ҳеч иттифоқе рух надодааст.”

Бархе манотиқи устони Албурз низ аз ҷумла Озодагон ва 45 метрии Коҷ ба самти Гавҳардашт шоҳиди таҷаммӯи ороми мардум буд. Дар ин таҷаммӯъ мардум бо хомӯш кардани худравҳои худ, ба сиёсатҳои давлат дар заминаи ислоҳи қимати бензин вокуниш нишон доданд.

Он тавр, ки хабаргузории Меҳр гузориш додааст, дар масири Озодагон ба самти чаҳорроҳи Толиқонӣ низ мардум бо худравҳои хомӯш таваққуф кардаанд.

Хабаргузории Меҳр ҳамчунин дар гузорише аз эътирозот дар шаҳрҳои устони Теҳрон навишт: бархе шаҳрҳои устони Теҳрон низ субҳи шанбе шоҳиди баргузории таҷаммӯоти мусолиматомез дар эътироз ба афзоиши қимати бензин буд.

Ин хабаргузорӣ бар асоси мушоҳидоти айнии хабарнигори худ навишта, ки дар шаҳристонҳое монанди Шаҳриёр, Баҳористон, Работкарим, Қудс, Дамованд ва Пардис низ шоҳиди таҷаммӯи ороми мардум ҳастем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: