Перейти к содержимому

Аз гуфтори Паёмбари Акрам (с)

* Беҳтарини издивоҷҳо он аст, ки соддатар ва осонтар бошад.

* Беҳтарини илмҳо он аст, ки судманд бошад.

* Беҳтарини ҳидоятҳо он аст, ки ба марҳилаи амал дарояд.

* Беҳтарини мардум он аст, ки беш аз ҳама ба мардум суд расонад.

* Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро фаро гирад ва ба дигарон биёмӯзад.

* Беҳтарини шумо касе аст, ки барои аҳлу ъаёлаш беҳтар бошад.

* Беҳтарини шумо он аст, ки ба хайраш умедвор ва аз шарраш дар амон бошанд.

* Беҳтарини хонаҳои шумо хонае аст, ки дар он ятиме мавриди эҳтиром бошад.

* Дасти диҳанда беҳтар аз дасти гиранда аст.

* Танҳоӣ аз ҳамнишини бад беҳтар аст.

* Гуфтори хубе, ки дар номаи амал сабт шавад, беҳтар аз сукут аст, ва хомӯшӣ беҳтар аз гуфтори зишт аст (ки номаи амалро сиёҳ кунад).

* Такмил кардани кори нек, аз шурӯи он болотар аст.

* Беҳтарини шумо касе аст, ки агар дар гуноҳе афтад, тавба кунад.

* Беҳтарини шумо касе аст, ки қарзи худро беҳтар адо кунад.

* Беҳтарини уммати ман уламоянд, ва беҳтарини уламо бурдборашон.

* Беҳтарини садақаҳо ислоҳи байни мардум аст.

* Беҳтарини садақаҳо он аст, ки ба хешованде, ки душманӣ мекунад, дода шавад.

* Ибодати уммати ман, Қуръон хондан аст.

* Илм болотар аз ибодат аст.

* Ибодате болотар аз сер кардани гуруснае нест.

* Мӯъмин монанди занбӯри асал аст, ҷуз пок нахӯрад ва ҷуз пок надиҳад.

* Ҳикояти мӯъмин ҳикояти хӯша дар масири бод аст, ки гоҳ меуфтад ва гоҳ бармехезад. (Мӯъмин ҳам дар асари фитнаҳои даврон мелағзад, аммо намешиканад, балки дубора ҳаракат мекунад).

* Ҳикояти мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум ба якдигар, чун аъзои як пайкар аст; вақте яке ранҷур шавад, дигарон ҳам дар пайи бехобӣ ва таби он ширкат мекунанд.

* Ҳеч падаре тӯҳфае беҳтар аз адаб, ба фарзанд надода.

* Сухани ҳикматомез чӣ хуш ҳадяе аст!

* Росттарини суханон, китоби Худост.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: