Перейти к содержимому

Бастани забони айбҷӯёну ёвасароён имконпазир нест

Медонем, ки Луқмони Ҳаким писаре дошт ва ҳамвора ӯро панду андарз медод ва ӯро ба ростӣ ва дурустӣ ва пайравӣ аз ҳақ фаро мехонд.

Аз раҳнамудҳои Луқмон ба фарзандаш яке ин буд, ки дар кирдору рафтораш танҳо дар пайи хушнудии Худо ва ризои виҷдони хеш бошад ва аз тамҷиду таҳсини мардум мағрур нашавад ва ба эътирозу кинояи айбҷӯёну хӯрдагирон низ эътиное накунад.

Писар аз падар хост, намунае барои ӯ нишон диҳад, ки натиҷаи ин андарзро ба чашм бингарад. Луқмони Ҳаким ба писар гуфт:

— Ҳамакнун созу барги сафар бисоз ва маркабро омода кун, то дар тӯли сафар парда аз ин роз бибардорам.
Фарзанд дастури падарро ба кор баст ва чун маркабро омода сохт, Луқмон савор шуд ва писарро фармуд, то дар паяш равон шавад.

Дар он ҳол бар мардуме гузар карданд, ки дар саҳро ба зироат машғул буданд. Онон чун падару писарро диданд, забон ба эътироз гушуданд ва гуфтанд:

— Чӣ марди бераҳму сангдиле! Худ лаззати саворӣ мечашад ва кӯдаки нотавонашро пиёда мекашад.

Дар ин ҳангом Луқмон писарро савор кард ва худ дар пайи ӯ равон шуд ва ҳамчунон мерафт, то бар гурӯҳе дигар гузашт. Ин бор чун тамошогарон ононро диданд, забони эътироз боз карданд, ки:

— Ин падари нодонро бингаред, ки дар тарбияти фарзанд чандон кӯтоҳӣ карда, ки ҳурмати падарро намешиносад. Фарзанд, ки ҷавону нерӯманд аст савор мешавад ва падари пиру мӯҳтарамро пиёда ба дунбол мекашад.

Дар ин ҳол Луқмон низ дар канори фарзанд савор шуд ва ҳамчунон рафтанд, то ба гурӯҳе дигар расиданд. Онон чун ин вазъро диданд, аз сари айбҷӯӣ гуфтанд:

— Чӣ мардуми бераҳме, ки ҳар ду бар пушти ҳайвоне заъиф савор шудаанд! Дар сурате, ки агар ба навбат савор мешуданд, ҳам худ аз заҳмати роҳ мерастанд ва ҳам маркабашон аз бори гарон ба сутуҳ намеомад.
Дар инҷо Луқмон ва писар ҳар ду аз маркаб ба зер омаданд ва пиёда ба роҳ афтоданд, то ба деҳкадае расиданд. Мардуми деҳкада чун эшонро ба он ҳол диданд, накӯҳиш оғоз карданд ва бо шигифтӣ гуфтанд:

— Ин пири солхӯрда ва ҷавони наврасро бингаред, ки ҳар ду пиёда мераванд ва сахтии роҳро таҳаммул мекунанд, дар сурате, ки маркаби омода пеши рӯяшон равон аст; гӯё, ки эшон ин ҳайвонро аз ҷони худ бештар дӯст доранд.

Чун кори сафари падару писар ба инҷо расид, Луқмон бо лабханде омехта ба андӯҳ ба фарзандаш гуфт:
— Ин буд тасвире аз он андарз, ки бо ту гуфтам. Акнун худ зимни озмойишу амал дарёфтӣ, ки хушнуд сохтани мардум ва бастани забони айбҷӯёну ёвасароён имконпазир нест. Аз ин рӯ, марди хирадманд ба ҷойи он ки ҷалби ризо ва касби санои мардумро ҳадафи хеш қарор диҳад, мебояд хушнудии виҷдон ва ризои Офаридгорро сарлавҳаи ҳиммати худ созад ва дар роҳи мустақиме, ки мепаймояд, ба таҳсин ё тавбехи ину он гӯш фаро надиҳад.

Манбаъ: Пандҳои Луқмони Ҳаким ба писараш

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: