Перейти к содержимому

Гуфтугӯи кӯдак бо Худо

Ин достон як достони хиёлӣ аст, аммо бисёр зебо ва пурмазмун:

* * *

Кӯдаке, ки омодаи таваллуд буд, назди Худо рафт ва аз ӯ пурсид:

— Мегӯянд, фардо шумо маро ба замин мефиристед, аммо ман ба ин кучакӣ ва бидуни ҳеч кӯмаке чӣ гуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам?

Худованд посух дод:

— Дар миёни теъдоди бисёре аз фариштагон ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ӯ аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард.

Аммо кӯдак ҳанӯз итминон надошт, ки мехоҳад биравад ё на, гуфт:

— Аммо инҷо дар биҳишт ман ҳеч коре ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд.

Худованд лабханд заду гуфт:

— Фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ҳар рӯз ба ту лабханд хоҳад зад, ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ буд.

Кӯдак идома дод:

— Ман чӣ гуна метавонам бифаҳмам, ки мардум чӣ мегӯянд вақте забони онҳоро намедонам?

Худованд ӯро навозиш кард ва гуфт:

— Фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро, ки мумкин аст бишнавӣ, дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо диққат ва сабурӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чӣ гуна сӯҳбат кунӣ.

Кӯдак бо нороҳатӣ гуфт:

— Вақте мехоҳам бо шумо сӯҳбат кунам, чӣ кунам?

Аммо Худо барои ин суол ҳам посухе дошт, гуфт:

— Фариштаат дастҳоятро дар канори ҳам қарор хоҳад дод ва ба ту ёд хоҳад дод, ки чӣ гуна дуо ва бо ман замзама кунӣ.

Кӯдак сарашро баргардонд ва пурсид:

— Шунидаам, ки дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, чӣ касе аз ман муҳофизат хоҳад кард?

Худованд ба ӯ гуфт:

— Фариштаат аз ту мувозибат хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷонаш тамом шавад.

Кӯдак бо нигаронӣ идома дод:

— Аммо ман ҳамеша ба ин далел, ки дигар наметавонам шуморо бибинам, нороҳат хоҳам буд.

Худованд лабханд заду гуфт:

— Фариштаат ҳамеша дар бораи ман бо ту сӯҳбат хоҳад кард ва ба ту роҳи бозгашт ба назди манро хоҳад омӯхт, гарчӣ ман ҳамеша дар канори ту хоҳам монд.

Дар он ҳангом биҳишт ором буд, аммо садоҳое аз замин шунида мешуд. Кӯдак фаҳмид, ки ба зудӣ бояд сафарашро оғоз кунад. Ӯ пеш аз сафар як суоли дигар ҳам аз Худованд пурсид:

— Худоё! Агар ман бояд ҳамин ҳоло биравам, пас лутфан номи фариштаамро ба ман бигӯед!

Худованд шонаи ӯро навозиш кард ва посух дод:

— Номи фариштаат аҳаммияте надорад, метавонӣ ӯро МОДАР садо кунӣ.

* * *

Модар фаришта буд

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,

Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,

Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт.

Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,

Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.

Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,

Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,

Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,

Рӯи лабаш ба ғайри «видоъ эй писар» надошт…

Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,

Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.

Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,

Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

(Озар Салим)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: