Перейти к содержимому

Чанд достон

Беҳтар буд аз соири ҳуруф ҳам истифода намекардед

Шоире ғазале бемаъно ва беқофия суруд ва назди Мавлоно Ҷомӣ бурд ва пас аз хондани он гуфт:

— Ҳамон тавре ки дидед, дар ин ғазал аз ҳарфи «алиф» истифода нашудааст.

Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

— Беҳтар буд аз соири ҳуруф ҳам истифода намекардед.

* * *

Гов илми наҳв намедонад

Афроде барои изҳори фазл ва инки нишон бидиҳанд, чизе медонанд, бар гуфтор ё ашъори бузургон айбу эрод мегиранд ва ба рухи онон мекашанд.

Низомии Ганҷавӣ дар «Хамса» дар мадҳи Шоҳ Музаффаруддин Қизил Арслон аз ҷумла суруда:

Чу бар дарё занад теғи палолак,

Ба моҳӣ гов гӯяд, «кайфа ҳолак?»

(Палолак, ҷинсе аз фӯлоди ҷавҳардорро гӯянд, ки аз он шамшер созанд.)

Боре, дар маҷлисе, ки Низоми Ганҷавӣ дар он ҳузур дошт, яке аз он навъ афрод бар Низомӣ эрод гирифт, ки аз назари таркиб, «ҳолак» марфуъ мебояд на мафтуҳ. (Яъне, бояд «ҳолук» бошад, на «ҳолак».)
Низомӣ билофосила гуфт:

— Маъзур доред, ки гов илми наҳв намедонад.

(Ин достон аз сӯйи яке аз ҳошиянависҳо дар ҳошияи «Хамса» оварда шудааст)

* * *

Пас бирав бо ҳамнавъонат биншин

Шоире тозакор, ки тазоҳур ба эҳсос мекард гуфт:

— Дилам аз одамиён гирифтааст.

Баҳлул гуфт:

— Пас бирав бо ҳамнавъонат биншин.

* * *

Ин зан барои ман як неъмат аст

Муқаддаси Ардабилӣ, яке аз урафо ва донишмандони бисёр номвари эронӣ аст. Нақл аст, ки ӯ зане дошт, ки доиман ин олимро азият мекард ва ба ӯ носазо мегуфт.

Рӯзе як шахс назди ин ориф омад ва гуфт:

— Ин зан шоистаи шумо нест. Шумо бо ин бузургӣ ҳайф аст чунин ҳамсаре дошта бошед. Талоқаш диҳед ва роҳат шавед.

Муқаддаси Ардабилӣ фармуд:

— Ин зан барои ман як неъмат аст; зеро вақте берун аз хона ҳама маро бузург мешуморанд, эҳсоси бузургӣ мекунам, аммо вақте ба хона меоям, ин зан маро залил мекунад ва ба ман мефаҳмонад, ки ҳеч нестам ва бузург фақат Худост ва маро аз хатари нафс дур мекунад.

* * *

Худро бознишаста кардаам

Шайтон каноре нишаста буд.

Пурсиданд:

— Барои чӣ бекор нишастаӣ? Бани Одам нисфи рӯзи худро бе ту гузарондаанд.

Гуфт:

— Худро бознишаста кардаам, пеш аз мавъид.

Пурсиданд:

— Ба роҳи адлу инсоф бозгаштаӣ ё тавқи бандагии Худо бар сина задаӣ?

Гуфт:

— Ман дигар он шайтони тавонои собиқ нестам. Дидам, ки инсонҳо он чиро ман шабона ба даҳҳо васваса пинҳонӣ анҷом медодам, рӯзона ба садҳо дасиса ошкоро анҷом медиҳанд. Инонро ба шайтон чӣ ниёз аст?

Шайтон дар ҳоле ки басоти худро бармечид, зери лаб гуфт:

— Он рӯз, ки Худованд гуфт, бар Одам саҷда кун, намедонистам, ки насли ӯ дар зиштӣ ва дурӯғ ва хиёнат то куҷо метавонанд пеш бираванд, вагарна дар баробари Одам ба саҷда мерафтам ва мегуфтам, ки: ҳамоно ту худ падари шаётинӣ!

* * *

Мавоҷиб

Подшоҳе аз ҳозирони маҷлиси худ муаммое (чистоне) пурсид, ки:

— Он чист, ки порсол нарасид, имсол намерасад ва соли оянда ҳам нахоҳад расид?

Сарбозе, ки дар он маҷлис ҳозир буд, гуфт:

— Он, мавоҷиб (маъош, ҳуқуқ)-и ман аст.

Подшоҳ хандид ва дастур дод, то мавоҷиби дусолаи ӯро нақдан доданд ва ҳуқуқи ояндаашро низ ду баробар кард.

Ҳазору як ҳикояти торихӣ«)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: