Перейти к содержимому

Дар Эрон чӣ мегузарад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҳамин оғоз арз кунам, инки мо тоҷикон нисбат ба он чи дар Эрон рух медиҳад изҳори назар мекунем ё мавзеъ мегирем – ҳол, чӣ ба тарафдорӣ аз низоми мавҷуд ва чӣ бо мухолифат бо он — нишон медиҳад, мардуми мо худро бегона бо ин кишвару мардумаш намедонанд, бетафовут нестанд, балки аз худашон медонанд. Бинобар ин, раво нест ба сӯи як тоҷик вақте аз эътирози мардуми ин кишвар дифоъ ва ё баръакс аз низомаш ҳимоят кунад, санги маломат партоб шавад, ки чаро дахолат мекунӣ ва асосан ба ту чӣ?! Ин раво нест.

Ҳол, баргардем ба асли матлаб, яъне иттифоқоти ҳафтаи пеш. Роқими ин сатрҳо, ки бештару беҳтар аз соири ҳаммиҳанонам бо вазъи ҷомеаи Эрон ва низомаш ошно ҳастам ва бо онҳо зиндагӣ ҳам кардаам, таҳлилам аз ҳаводиси ахирро дар чанд нукта хулоса мекунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: ҳаводиси ахир, на чунон аст, ки мегӯянд дасти бегона дар он дахолат дошт, ва на ин ки дасти бегонаро ба куллӣ мункир шавем. Ҳақиқат он аст, ки аксар ба иттифоқи касоне, ки дар ин чанд рӯз бахусус дар рӯзҳои аввал даст ба эътироз заданд, мардуми ин кишваранд ва кишварашонро дӯст медоранд; ва асосан эронӣ ҷамоат касе нест, ки бо таҳрики касе ва ё ҷиҳате иқдоме кунад. На дар иттифоқоти ахир ва на дар иттифоқоти ду сол қабл ва на дар рухдодҳои 10 сол пеш. Асосан, қарор нест пиндошта шавад ҳамаи мардуми ин ҷомеа, ки 80 милюн аст, тарафдору пуштибони низоми мавҷуд бошанд. Ин як пиндори хом аст. Бале, иддае – ки аз қазо, хеле андак ҳам ҳастанд – даст ба харобкорӣ заданд ва бонкҳо ва бомпбензинҳоро ба оташ кашиданд, ки аксарият бо ин аъмол розӣ нестанд. Дар миёни ҳамин шумори андак, на ҳамаи онҳо албатта, буданд касоне, ки бо таҳрики бегона даст ба харобкорӣ задаанд, инро наметавон мункир шуд, ин ҳам як воқеият аст. Аммо чунонки арз шуд, инҳо хеле андаканд.

Аксарияти эътирозкунандаҳо, чунонки арз шуд, аз батни мардуманд; касоне, ки воқеан норозӣ ҳастанд, ҳол ё аз низоми мавҷуд норозианд яъне мухолифи он ҳастанд ва ё аз сиёсатҳои давлат ва ё аз мушкилоти иқтисодӣ ва фасодҳои идорӣ.

2) Нуктаи дуввум аммо ин ки: ангезаи эътироз, танҳо боло рафтани қимати бензин набуд, шояд барои қишре аз эътирозкунандаҳо ангеза фақат ҳамин буда бошад, аммо бахши қобили таваҷҷӯҳе аз касоне, ки даст ба эътироз заданд, боло рафтани қимати бензин барояшон як баҳона, ё дақиқтараш, як фурсат шуд, то ба хиёбонҳо бирезанд ва норизоятии худро баён бидоранд.

3) Нуктаи севвум ва муҳим он ки: давлатмардони Эрон, бахусус касоне, ки дар раъси ҳирами қудрат дар ин кишвар қарор доранд, ҳамонҳое ҳастанд, ки инқилоб кардаанд ва режими шоҳаншоҳиро сарнагун ва ба ҷояш низоми исломиро бунён гузоштаанд. Яъне насли аввали инқилоб. Ҳанӯз навбат ба насли дуввум нарасида. Роқими ин сатрҳо, ки яке аз пару поқурстарин ҳомиёни низоми исломӣ дар Эрон ҳастам ва инро ҳаргиз пинҳон накардаам ва пинҳон ҳам намекунам, аммо бо ин ҳама, нуқтаи заъфи ин давлатмардонро дар ин мебинам, ки бо гузашти ҳудуди 40 сол аз инқилоб, ҳанӯз ба ҳамон шева ва равише, ки дар авоили инқилоб буд, кишварро идора мекунанд. Ва ин, ба назарам, бузургтарин нуқтаи заъф аст. Ва бештари мушкилот ҳам, реша дар ҳамин нуқтаи заъф дорад.

Тавзеҳ он ки: инқилоб кардан ва сарнагун кардани як режим як баҳс аст, ва аммо идораи ҷомеа баъд аз инқилоб, як баҳси дигар. Аввалӣ хеле саҳлу осон аст, аммо дуввумӣ бисёр душвор. Дар замони инқилоб, ки шояд 3 ё 4 солро дарбар бигирад, ҷомеа бо ҳар тасмиме, ки “ҳукумати инқилобӣ” мегирад, ҳарчанд агар розӣ ҳам набошад, аммо ба он мувофиқат мекунад, ҳоло ба ҳар далел. Аммо вақте ҳама чиз сари ҷояш менишинад, ту дигар бояд ҷомеаро он ҷомеаи даврони инқилоб талаққӣ накунӣ. Ҷомеа, ки аз афроди мухталиф, рангоранг, бо афкору ақоиди гуногун ташкил шудааст, ту бояд ҳамаи инҳоро мадди назар қарор бидиҳӣ. Ба унвони мисол, дар Эрон, ҳама Оятуллоҳ Хотамӣ нестанд, ҳама Оятуллоҳ Аламалҳудо нестанд, ҳама Оятуллоҳ Ҷаннатӣ нестанд; яъне ҳама, ки мисли инон намеандешанд ва мисли инон дағдағаи ислому инқилоб, ки надоранд. Бале, як қишри қобили таваҷҷӯҳ тарафдору ҳомии ин гуна афкору андешаҳо ҳастанд, аммо ҳама, ки чунин нестанд. Ва дар ин сурат, бояд дағдағаи ҳамаи ақшор мадди назар қарор бигирад, ба ҳамаи онҳо ба як наҳв нигоҳ шавад, чӣ бо инқилобиҳо мувофиқ бошанд ва чӣ бо онҳо мухолиф.

Аммо дар Эрон андешаи бештари давлатмардонаш ин аст, ки ҳама якнавохтанд ё лоақал бояд якнавохт бошанд. Ба унвони мисол, дар чанд моҳи ахир, баҳси ҳузури бонувон дар варзишгоҳ барои тамошои футбол бисёр доғ буд, иддае тарафдор ва иддае ҳам мухолиф. Он гурӯҳ, ки мухолиф буд, бисёр пофишорӣ мекард, ки ин кор хилофи шариат аст ва ин баҳсҳо. (Дар ҳоле, ки банда ба унвони як инсони огоҳ бо масоили шаръӣ, ҳеч ишколе дар ин намебинам.) Ва ё дар хусуси моҳвора ва ғайра. Ин як нуқтаи заъф аст. Ба назарам, касоне, ки дар Эрон аҳёнан эътироз мекунанд, иллати эътирозашон бештар ҳамин муъзал аст. Яъне набудани озодии лозим.

Агар ҳамин нуқтаи заъф набошад, ба итминони комил мегӯям, ки умдаи решаи мушкил бартараф шудааст. Зеро эрониҳо мардуми огоҳу бобасирате ҳастанд; онҳо медонанд, ки инқилоби исломӣ хеле дастовард доштааст. Зеро ба баракати ҳамин инқилоб будааст, ки Эрон кишваре мустақил ба тамоми маънои калима гардида. Инро касе наметавонад инкор кунад. Дар дунё, Эрон яке аз мустақилтарини кишварҳост. Омрико, ки худро кадхудоӣ ҷаҳон медонад, дар баробари ин кишвар худро оҷизу нотавон мебинад. Ба баракати ҳамин инқилоб буд, ки Эрон азамате, ки ҳазорон сол дошт ва дар даврони Қочор аз даст дод, аз нав ба даст овард ва имрӯза ба унвони як абарқудрат дар минтақа матраҳ аст. Инро касе наметавонад инкор кунад. Пешрафтҳое, ки пас аз инқилоб, бо вуҷуди таҳримҳои сахту шадид, барои Эрон ва дар ҳамаи арсаҳо, ҳосил шуд, ба баракати ҳамин инқилоб буд. Инро эрониҳо медонанд. Ин инқилоби исломӣ буд, ки Эронро аз низоми шаҳаншоҳӣ, ки ҳазорон сол бар он соя афканда буд, раҳо кард ва мардум давлатмардонашонро худашон интихоб мекунанд, чӣ раҳбарашонро ва чӣ раисиҷумҳурашонро ва чӣ порлумонашонро. Аммо бо ин ҳама, ҳанӯз он озодие, ки яке аз аҳдофи инқилоб буд, ба таври шоиста ва боиста иҷро нашуда, ки бояд иҷро шавад.

Ба баёне дигар, имрӯза, ки низоми мавҷуд дар Эрон рӯи пои худ истода ва ба қадре аз устуворӣ ва субот расида ва аз пуштвонаи мардумӣ ҳам бархӯрдор аст, ки дар тавону қудрати аҳаде — чӣ Омрико бошад ва аъроби муртаҷеъ — нест, ки дар он халале эҷод кунад, дигар бояд давлатмардонаш барои ҷомеа озодии бештар диҳанд. Вақте чунин бошад, дигар на Омрико метавонад аз эътирозҳо суистифода кунад ва на аъроби муртаҷеъ. Озодӣ дар ҳамаи ҷиҳот, аз озодиҳои сиёсӣ бигир то озодиҳои эътиқодӣ.

Вақте як низом аз пуштвонаи мардумӣ бархӯрдор бошад, қоъидатан аз додани озодӣ барои дигарандешон набояд нигарон бошад. Бахусус дар Эрон ин масъала бештар аз ин ҷиҳат ҳоизи аҳаммият аст, ки ба унвони як улгуи ҳукумати исломӣ дар асри ҳозир ба он нигоҳ мешавад. Агар дар як ҳукумати исломӣ як дигарандеш аз озодии лозим ва кофӣ бархӯрдор набошад, ин дигар наметавонад улгу қарор бигирад. Эрон бояд намунаи ҳукумати алавӣ яъне ҳукумати ҳазрати Алӣ дар 4 соли ҳукуматаш бошад, ки мухолифи эътиқодии он ҳазрат, дар баробари ӯ қарор мегирад ва ба ӯ мегӯяд, ту кофир ҳастӣ, аммо он ҳазрат ба ӯ чизе намегӯяд! (Дар таърих аст, ки Хавориҷ дар намози ҷумъа ҳангоми хутба хондани он ҳазрат, баланд мешуданд ва ӯро кофир хитоб мекарданд, аммо ҳазрат чизе ба онҳо намегуфт!)

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: имрӯз, ки ёддоштҳо ва комментҳо дар бораи ҳаводиси Эронро дар Фейсбук мурур кардам, дидам яке аз ҷиҳоте, ки бештар аз ҳама ҳаё ҳу бардошта, “фабрикаи ҷавоб”-и режими Раҳмон аст! Воқеан ин аҷиб аст! Агар ҳама ҳам чизе бигӯяд, аммо шумо лутфан сокит! Агар дар Тоҷикистон чаҳоряк дарсади озодие, ки имрӯза дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дорад, вуҷуд дошта бошад, савганд ёд мекунам, ҳамин лаҳза даст аз мухолифат бармедорам!

Ин буд таҳлили банда аз он чи дар ҳафтаи гузашта дар Эрон рух дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: