Перейти к содержимому

Мирдомод чӣ гуна Мирдомод шуд

(Чанд ҳикояти пандомӯз)

Чӣ гуна маро дидӣ?

Шахсе дар ҳоли намоз хондан дар роҳе буд ва Маҷнун бидуни ин ки мутаваҷҷеҳ бошад, аз болои саҷҷодаи ӯ убур кард.

Мард намозашро қатъ кард ва дод зад:

— Ҳой! Чаро байни ман ва Худоям фосила андохтӣ?

Маҷнун ба худ омад ва гуфт:

— Ман, ки ошиқи Лайлӣ ҳастам, туро надидам. Ту, ки ошиқи Худои Лайлӣ ҳастӣ, чӣ гуна маро дидӣ?

* * *

Мирдомод чӣ гуна Мирдомод шуд

Нимашаб, талабаи ҷавоне ба номи Муҳаммадбоқир дар утоқи худ дар мадраса машғули мутолеа буд, баногоҳ духтаре вориди утоқи вай шуд. Духтар дарро баст ва бо ангушт ба талабаи бечора ишора кард, ки сокит бош!

Духтар гуфт: шом чӣ дорӣ?

Талаба он чиро, ки ҳозир карда буд, овард ва сипас духтар дар гӯшае аз утоқ нишаст ва Муҳаммадбоқир ба мутолеаи худ идома дод.

Аз он тараф, чун ин духтар шоҳзода буд ва ба хотири ихтилоф бо падараш аз қаср хориҷ шуда буд, бинобар ин шоҳ дастур дод, то афродаш шаҳрро бигарданд. Аммо ҳар чӣ гаштанд, пайдояш накарданд.

Субҳ, ки духтар аз утоқи ин талаба хориҷ шуд, маъмурон шоҳзодахонумро ҳамроҳи Муҳаммадбоқир ба назди шоҳ бурданд, шоҳ бо асабоният аз Муҳаммадбоқир пурсид:

— Чаро шаб ба мо иттилоъ надодӣ?

Муҳаммадбоқир гуфт:

— Шоҳзодахонум таҳдид карданд, ки агар ба касе хабар диҳам, маро ба дасти ҷаллодон хоҳанд дод.

Шоҳ дастур дод, ки таҳқиқ шавад, оё ин ҷавон хатое карда ё на?

Баъд аз таҳқиқ, шоҳ аз Муҳаммадбоқир пурсид:

— Чӣ тавр тавонистӣ дар баробари нафсат муқовимат кунӣ?

Муҳаммадбоқир 10 ангушти худро нишон дод ва шоҳ дид, ки тамоми ангуштонаш сӯхта. Шоҳ иллатро пурсид, талаба гуфт:

— Ҳангоме ки шоҳзодахонум вориди ҳуҷраи ман шуданд, бо худнамоиҳои пай дар пайи худ мекӯшиданд, то таваҷҷӯҳи маро ба сӯи хеш маътуф созанд. Нафси аммора низ маро мудом васваса менамуд, аммо ҳар бор, ки нафсам васваса мекард, яке аз ангуштони худро бар рӯи шӯълаи сӯзони шамъ мегузоштам, то таъми оташи ҷаҳаннамро бичашам ва аз шаб то субҳ бад-ин васила бо нафс мубориза кардам ва ба фазли Худо шайтон натавонист аз роҳи рост мунҳарифам кунад ва имон ва шахсиятамро бисӯзонад.

Шоҳаббос аз тақво ва парҳезкории ӯ хушаш омад ва дастур дод, духтарашро ба ақди Мир Муҳаммадбоқир дароварданд ва ба ӯ лақаби «Мирдомод» дод.

Имрӯза тамоми илмдӯстон аз ин файласуфи номвари эронӣ ба азамат ва некӣ ёд карда ва ному ёдашро гиромӣ медоранд.

Аз муҳимтарин шогирдони Мирдомод, метавон ба Мулло Садро ишора намуд.

Нафси аммора яке аз авомиле аст, ки инсонро ба иртикоби гуноҳ васваса мекунад.

(Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо)

* * *

Ҷондорон ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд?

Муаллима: Ҷондорон ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд?

Донишомӯз: Ба чаҳор гурӯҳ хонум!

Муаллима: Ба назарам, иштибоҳ мекунӣ, вале бишумор, бибинам.

Донишомӯз: Гиёҳон, ҷонварон, инсонҳо ва баччаҳо.

Муаллима: Магар баччаҳо инсон нестанд?

Донишомӯз: Ҳақ бо шумост хонум. Пас, мешавад се гурӯҳ.

Муаллима: Хуб азизам, дубора бишумор, бибинам.

Донишомӯз: Гиёҳон, ҷонварон ва баччаҳо.

Муаллима: Пас, инсонҳо чӣ шуданд?

Донишомӯз: Хонум! Инсонҳое, ки қалбашон пур аз ишқу муҳаббат буд, дар гурӯҳи баччаҳо мондам, бақия ҳам рафтанд дар гурӯҳи ҷонварон қарор гирифтанд.

(«Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо»)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: