Перейти к содержимому

Назари чанд коршинос дар бораи иттифоқоти ахир дар Эрон

Дуктур Содиқи Зебокалом мегӯяд: “Ин эътирозоти ахир метавонад дарсҳои мухталиферо барои давлат ба дунбол дошта бошад, ки муҳимтарини онҳо метавонад ин бошад, ки бояд садои мухолифро шунид ва касе, ки мутолибае дорад, бояд онро дар фазое ором битавонад баён кунад.”

Дуктур Содиқи Зебокалом, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Теҳрон

Ба гузориши сойти Фарорӯ, баъд аз эътирозоти ахир ба афзоиши қимати бензин дар Эрон, ки ба хушунат ва тахриби амволи умумӣ мунҷар шуд, бархе аз коршиносон эътиқод доранд бояд тадобире андешида шавад, то мардум битавонанд дар фазое ором мутолиботи худро баён кунанд, бидуни ин ки паёмадҳое барои онҳо ба дунбол дошта бошад.

Дуктур Содиқи Зебокалом, устоди донишгоҳ дар гуфтугӯ бо Фарорӯ дар посух ба ин пурсиш, ки дар шароити ҳозир “чӣ бояд кард?”, изҳор дошт: “Дар ин робита ду нуктаи муҳим вуҷуд дорад: аввал ин ки давлат бояд қабул кунад, агарчӣ тасмимоте, ки мегирад дуруст бошад, аммо агар ин тасмим мухолифоне дошта бошад, бояд ин эътироз шунида шавад.”

Вай афзуд: “Нуктаи дуввум низ муртабит бо ба расмият шинохтани ҳаққи эътироз аст, бинобар ин бояд меконизмҳои лозим барои барпоии таҷаммӯоти мардумӣ андешида шавад ва маконе мушаххас шавад, то мардум дар онҷо биёянд ва мутолиботи худро баён кунанд, бидуни ин ки тарс аз ин дошта бошанд, ки бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд.”

Ин устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Теҳрон изофа кард: “Ин эътирозоти ахир метавонад дарсҳои мухталиферо барои давлат ба дунбол дошта бошад, ки муҳимтарини онҳо метавонад ин бошад, ки бояд садои мухолифро шунид ва касе, ки мутолибае дорад, бояд битавонад онро дар фазое ором баён кунад.”

Зебокалом бо ишора ба ин ки вуҷуди аҳзоби қудратманд метавонад бисёре аз мушкилоти ба вуҷуд омадаро ҳал кунад, афзуд: “Агар аҳзоб қудрат дошта бошанд, метавонанд агар ба мавзӯе низ эътироз дошта бошанд, ба шакли созмондиҳишуда ва дар фазое ором эътирози худро баён кунанд, бидуни ин ки фазо ба хушунат кашида шавад ва ба амволи умумӣ осебе ворид шавад.”

Ин устоди донишгоҳ идома дод: “Дар набуди аҳзоб аст, ки таҷаммӯоти ороми мардум мумкин аст ба сӯи хушунату ҳарҷу марҷ ҳаракат кунад ва маълум нашавад ҳувияти касоне, ки эътироз мекунанд, чист, бинобар ин бояд дар бархе аз сиёсатгузориҳо ва тасмимот таҷдиди назар кард ва бо майдон додан ба аҳзоб заминаро барои баёни мутолибот ва хостаҳои мардум муҳайё кард.”

Ҳусайни Канъонии Муқаддам, коршиноси масоили сиёсӣ

Ҳусайни Канъонии Муқаддам, коршиноси масоили сиёсӣ низ дар гуфтугӯ бо Фарорӯ, бо таъкид бар ин ки дар Қонуни асосӣ зарфияти барпоии таҷаммӯоти қонунии мардум ба шарте, ки мухилли амнияти миллӣ набошад, дида шудааст, гуфт: “Аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии қонунӣ ва дорои муҷаввиз метавонанд ба ироаи дархост ба Вазорати кишвар нисбат ба барпои таҷаммӯот ва баёни мутолиботи худ иқдом кунанд.”

Ин фаъоли сиёсии усулгаро афзуд: “Аз сӯи дигар низ метавон маконеро дар назар гирифт, ки мардум битавонанд дар онҷо ба мавориде, ки эътироз доранд, эътирози худро баён кунанд ва нерӯи интизомӣ низ таъмини амнияти он маҳаллро бар ӯҳда гирад.”

Канъонии Муқаддам бо ишора ба ин ки маҷлис (порлумон) муқассири вақойеи ахир аст, гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар мавриди афзоиши қимати бензин, маҷлис аз қабули масъулият дар ин бора шона холӣ кард ва дар муқобили хости давлат, ки афзоиши қимати бензин буд, таслим шуд, бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ намояндагон бояд дар ин робита посухгӯ бошанд, ки чаро ба вазоифи намояндагии худ амал накарданд.”

Вай бо ишора ба ин ки намояндагон бо таваҷҷӯҳ ба абзорҳои қонунӣ аз ҷумла суол ва истизоҳи вузаро метавонанд дар мавриди расидагӣ ба амалкарди давлат иқдом кунанд, баён дошт: “Мардум низ метавонанд аз тариқи намояндагони худ масоил ва мутолиботи худро бо онҳо дар миён гузошта ва намояндагон низ вазифа доранд ин дархостҳоро аз тариқи амал ба вазоифи намояндагӣ дунбол кунанд.”

Аҳмади Каримии Исфаҳонӣ, дабири кулли Ҷомеаи исломии аснофу бозор

Аҳмади Каримии Исфаҳонӣ, дабири кулли Ҷомеаи исломии аснофу бозор, дар гуфтугӯ бо Фарорӯ бо ишора ба ин ки муқаддам бар ҳаққи эътироз барои мардум, расидагӣ ба ин мавзӯъ аст, ки чаро мардум мӯътариз ҳастанд, изҳор дошт: “Муқассири тамоми иттифоқоти ахир давлат аст, зеро раисиҷумҳур ва ба сурати куллӣ давлат, дар ин замина бо мардум содиқ набуданд ва рӯрост бо онҳо бархӯрд накарданд.”

Вай бо таъкид бар ин ки донистан ҳаққи мардум аст, гуфт: “Адами бакоргирии шаффофият дар мавриди афзоиши қимати бензин, ҳазинаи зиёде бар кишвар таҳмил кард, ин ки оқои Руҳонӣ дар ибтидои давлати худ эълом мекунад, эътиқоде ба корти сӯхт надорад, аммо баъд аз гузашти шаш сол дубора ин кортро дармеоварад, нишонаи адами шаффофият аст.

Каримии Исфаҳонӣ изофа кард: “Вазири нафт ва зермаҷмӯааш низ мудом мусоҳиба мекарданд, ки на қарор аст бензин гарон шавад ва на саҳимиябандӣ, дар ҳоле ки ин иттифоқ афтод, сухангӯи давлат низ рафтори мушобеҳеро буруз дод, бинобар ин давлат ба таври куллӣ мусаббиби ин иттифоқот аст ва бояд дар ин замина посухгӯ бошад.”

Вай бо баёни ин ки қабл аз ҳар иқдоме давлат бояд мардумро нисбат ба гаронии бензин тавҷеҳ мекард ва афкори умумиро омодаи ин амр месохт, унвон кард: “Касе дар мавриди афзоиши қимати бензин шакке надошт, аммо наҳваи иҷрои ин қазия ва ҳамчунин замони он, ҷои баҳс дорад ва амалкарди маҷлис (порлумон) ва давлат дар ин замина ба ҳеч унвон қобили қабул нест.”

Ин фаъоли сиёсии усулгаро тасреҳ кард: ”Бо таваҷҷӯҳ ба иттифоқоте, ки кишварҳои ғарбӣ дар ошӯбҳои Лубнону Ироқ дунбол карданд, ҳамагон медонистанд ҳадафи ниҳоии истикбор эҷоди ошӯб дар Эрон аст, бинобар ин бояд масъулон ин амрро дар назар мегирифтанд ва баъд аз он ба афзоиши қимати бензин иқдом мекарданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: