Перейти к содержимому

Садои табли холии таърих

(Чанд ҳикмат аз забони муаррих Луқмон Бойматов)

Инсон будан шараф аст

Бисёр меандешем, вале бар сари андешаҳои хеш намеандешем. Ҳам акнун аҷаб рӯзгоре сохтаем.

— Беадабе, ки одоби сухан гуфтан ва муоишратро бо хокиён намедонад, орзуи тасарруфи саморо дорад.

— Бешарафе, ки пиндору кирдори неки гузаштагонашро ночизу беарзиш мепиндорад, думболи навовариҳои кайҳонист.

— Дуздони бахт, ки сафои дирӯзу имрӯзи Заминро табдил ба ҷафоҳо мекунанд, оё метавонанд, фардои фазои осмонро пок нигаҳ доранд?

Воқеан, Инсон шудан сахтарин ҳунар аст.

* * *

Чашми хирад

Яке гуфт:

— Ба таърих бояд бо чашми хирад нигарист, на аз чашми эҳсосот. Гуфтам:

— Агар чашми хирад кӯр аст, кори дунё зишт мешавад. Чашми бинои эҳсосот беҳ аз чашми нобинои хирад аст.

* * *

Садои табли холии таърих

Яке таъна ҳамезад:

— Барои ночизтарин мавзӯъи таърих табли холӣ набояд зад.

Гуфтам:

— Садои табли холии таърих, ки миллатро бедор мекунад, аз бонги бемағзи имрӯз, ки мардумро хор мекунад, беҳтар аст.

* * *

Резаҳои ҳикмати таърих

* Фақр қудрат ва истиқоматро аз одам мерабояд, то ӯро ба бардагӣ фаро хонад.

* Беҳтарин ҳунаре, ки гадоён аз худ нишон медиҳанд, кӯфтани дари хонаи одамон аст.

* Маҳалгароӣ василаи хосси қудратҳои худкома барои пинҳонсозии моҳияти аслии сиёсаташон аст. Он рӯйи дигари қабилагароист.

* Фақат хоинонанд, ки хоки ватан мефӯрашанд.

* Кинаҳоро дафн мебояд кард, оташи душманиро хомӯш мебояд сохт!

* Арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ бояд аз рӯйи фаҳм бошад. Вагарна, ҳам худро масхара кардаем ва ҳам меросро.

* Аз ҳақиқат ҳамегуфтанд. Мардум фақат риояти адолат хостанд. Тоифае тавре кор бастанд, ки дуд аз равони миллат бурун омад.

* Забон ва хатти форсӣ гарави бақои миллати тоҷиканд, вале роҳе, ки пеш гирифтаем, ба сӯи чоҳи маҳви миллат аст!

* Мо тоҷикон ҳанӯз миллат нашудаем, вале аз дағдағаҳоямон оби дарёҳо ях мекунад.

* Мувозиби ситоишҳоямон бошем, ки ситоиши беандоза фиреби зеҳнамон аст.

* Дар сарзамине, ки иззат ва имони мардум ба хоки зиллату хорӣ кашида мешаванд, ситоиш аз Озодии ҷаълӣ зиштарин навъи тамаллуқ аст.

* Масъулине, ки ба нодонии хеш пай намебаранд, зиндагии мардумро беарзиш ва вуҷудашро хор менамоянд.

* “Забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ аз ҳам ҷудоанд!» Ин дид мутлақо аблаҳонаест дар илми забоншиносӣ ва як назари аҳмақонаест дар сиёсат.

* Роҳи илм аз сиёсат ҷудост. Донише, ки бепоя аст, бар рӯй ниқоби сиёсат мекашад.

* Забони модарӣ калиди боварҳои дарунии миллат аст.

* Фасод ҷурм аст ва фосид муҷрим. Мардуме, ки аз фасоду фосидон ҳимоят мекунанд, худ шарикони фасод ва ёрони фосидонанд.

* Хатти сириллик саратони маънавиёти миллати тоҷик аст.

* Хоки меҳан аз оташи нафси ҳарисон дар амон нест, зеро он хомӯшнопазир аст.

* Ватанфурӯшон ҳатто шири модарашонро мефурӯшанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: