Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (390)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (3)

* * *

Ҷумла ҷонҳои гузашта мунтазир,

То чӣ гуна зояд он ҷони батир.

Ҳамаи ҷонҳои гузашта ва арвоҳе, ки қаблан ба он дунё парвоз кардаанд, дар интизоранд то он ҷону руҳи масрур, ки дар баччадони тан қарор гирифта чӣ гуна дар олами охират мутаваллид мешавад?

Батир: шодмон, маст.

Зангиён гӯянд: худ аз мост ӯ,

Румиён гӯянд: не, зебост ӯ.

Зангиёну сиёҳпӯстон мегӯянд: ин ҷанин монанди мо сиёҳпӯст аст, ва румиёну сафедпӯстон ҳам мегӯянд: чунин нест, балки ин ҷанин монанди мо зеборӯст. (Манзур аз “зангиён” дар инҷо ашқиё, ва манзур аз “румиён” ҳамоно солеҳонанд.)

Чун бизояд дар ҷаҳони ҷону ҷуд,

Пас намонад ихтилофи байзу суд.

Ҳамин ки он ҷанин аз раҳими модар дар ҷаҳони ҷону бахшиш яъне дар ҷаҳони пас аз марг зода шуд, дигар миёни онҳо ихтилоф аз байн меравад ва дигар бар сари ин ки он кӯдак сиёҳ аст ё сафед низоъ дарнамегирад.

Байз: ҷамъи абяз ба маънои сафед. Суд: ҷамъи асвад ба маънои сиёҳ.

Гар бувад зангӣ, барандаш зангиён,

В-ар бувад румӣ, кашандаш румиён.

Агар он мавлуд зангӣ бошад, зангиён ӯро бо худ мебаранд. Ва агар он мавлуд румӣ бошад, румиён ӯро бо худ мебаранд.

Нукта: Ҳар кас ба асли худ бозмегардад. Бадкорон ба ҷамъи бадон, ва некӯкорон ба ҷамъи некон руҷӯъ мекунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1010)

То назод ӯ, мушкилоти олам аст,

Он кӣ нозода шиносад ӯ, кам аст.

То вақте ки он мавлуд ба марҳилаи таваллуд нарасида, ташхиси моҳияти ӯ яке аз мушкилоти олам аст, вале каманд касоне, ки мавлудро қабл аз таваллуд шиносоӣ кунанд ва чигунагии ӯро ташхис диҳанд.

Ӯ магар “янзур бинуриллаҳ” бувад,

К-андаруни пӯст ӯро раҳ бувад.

Он касе, ки аз ҳоли падидаҳои моварои зоҳир бохабар мешавад, касе аст, ки бо нури Худо мебинад.

Асли оби нутфа испед асту х(в)аш,

Лек акси ҷони румиву ҳабаш.

Асли оби нутфаи одамӣ сафеду бекудурат аст, вале партави ҷони румиву ҳабашӣ дар он афтодааст ва онро аз ҳолати сафову берангӣ ба ранге ва сурате дармеоварад. Яъне ҳақоиқ дар воқеъ ва ҳувияти худ ҷанбаи маънавӣ ва сафо доранд, ҳамин ки бо масоили моддӣ ва таъайюноти дунявӣ дармеомезад, таъаддуду касрат намоён мешавад. Чунонки оби нутфа сафед аст, вале ҳангоме ки вориди маҷории таҳаввулии табиат мешавад, аз ин оби сафед инсонҳои мухталифе зода мешаванд, бо ашколу рангҳои мухталиф. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1011)

Медиҳад ранг аҳсанут-тақвимро,

То ба асфал мебарад ин нимро.

Вале партави ҷони румӣ румиро беҳтарин сурат медиҳад ва он якеро ба фурӯтарин мартибат фурӯ мебарад.

Асфал: поинтар, пасттар.

Нукта: Ишора аст ба ояти 4 ва 5 сураи Тин:

لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ. ثُمَّ رَدَدْنَاهُ أَسْفَلَ سَافِلِينَ

Ва ҳамоно одамиро дар беҳтарин ва некӯтарин сурат офаридем, сипас ба ҷиҳати нофармонӣ ӯро ба пасттарин маротиб бозгардондем.”

Ин сухан поён надорад, бозрон,

То намонем аз қатори корвон.

Ин сухан поёне надорад, боз каломро ба сӯи қиссаи Зайд бирон, то аз қофила ақиб намонем. Яъне аз корвони калимоту алфози марбут ба ин достон ақиб наафтем.

“Явма табяззу ва тасвадду вуҷуҳ”,

Турку ҳинду шӯҳра гардад з-он гурӯҳ.

Рӯзи қиёмат бисёре аз суратҳо сафед ва бисёре низ сиёҳ мегардад, яъне сапедрӯён (киноя аз покдилон) аз сияҳрӯён (киноя аз бадкорон) шинохта шаванд.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 106 сураи Оли Имрон:

يَوْمَ تَبْيَضُّ وُجُوهٌ وَتَسْوَدُّ وُجُوهٌ

Рӯзе ки рухсораҳое сапед гардад ва рӯҳое сиёҳ…

Дар раҳим пайдо набошад ҳинду турк,

Чунки зояд, бинадаш зору ситург.

Ҳинду ва турк дар раҳими модар маълум намешаванд, яъне чигунагии онон аз мардум махфӣ аст, вале ҳамин ки зода шуданд, аҳволашон намоён мегардад, ки оё масалан нотавонанд ё нерӯманд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.