Перейти к содержимому

Аз фармудаҳои ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

* Ду табақа аз уммати мананд, ки агар шоиста бошанд, ҳама ба салоҳ оянд, ва агар фосид бошанд, ҳама ба фасод гароянд.

Пурсиданд: эй Паёмбари Худо! Онҳо киҳоянд?

Фармуд: фуқаҳо ва зимомдорон.

* Мӯмин касе аст, ки аз кори некаш хурсанд ва аз кори бадаш нороҳат шавад.

* Уламо ду табақаанд: яке, онон ки ба илми худ амал мекунанд; инон растгоранд. Дигар, онон ки амал намекунанд; инҳо наҷот надоранд ва дӯзахиён аз бӯйи мутаъаффини онҳо ранҷ мебаранд. Болотарин ҳасрат ва надомат барои олиме аст, ки касеро ба Худо бихонад ва ӯ даъваташро бипазирад ва аз роҳи тоати Худо вориди биҳишт шавад, аммо он олим дар асари мухолифати илм ва ҳавопарастӣ, ба дӯзах равад.

* Ду хислат ҳаргиз дар дили мусалмон нагунҷад: бухл ва бадахлоқӣ. Бухл ва имон ҳаргиз дар як дил нагунҷад.

* Дар ривоят аст, ки марде бо исрор аз Паёмбари Акрам (с) як ҷумла ба унвони андарз хост.

Паёмбари Акрам (с) ба ӯ фармуданд:

— Агар бигӯям, ба кор мебандӣ?

— Бале, эй Расули Худо!

Паёмбари Акрам (с) баъд аз ин ки се бор аз ӯ қавл гирифтанд ва ӯро мутаваҷҷеҳи аҳаммияти матлаб карданд, фармуданд:

— Ҳар гоҳ тасмим ба коре гирифтӣ, аввал дар асар ва натиҷа ва оқибати он кор фикр кун ва биандеш. Агар дидӣ, натиҷа ва оқибаташ саҳеҳ аст, онро дунбол кун, ва агар оқибаташ гумроҳӣ ва табоҳӣ аст, аз тасмими худ сарфи назар кун.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: