Перейти к содержимому

Фаъолияти гурӯҳӣ; бисёр душвор, аммо натиҷабахш

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳар гурӯҳ ё ҳизб, чӣ як гурӯҳи сиёсӣ бошад ё ҳатто фарҳангӣ, масоиле доранд дарунӣ, ки тарҷеҳ медиҳанд ин масоил ба берун дарз накунад ва дар миёни худ ба ҳаллу фасли он мепардозанд; масоиле, ки дар мавриди он, аъзо бо ҳам ихтилофи назар доранд. Ва чун ин масоил ба берун дарз намекунад, ғолибан гумон мешавад аъзо дар ҳамаи масоил ва ҳатто дар арсаи андеша, бо ҳам мунсаҷиму ҳамоҳанганд. Дар сурате, ки чунин нест ва набояд ҳам чунин бошад, магар он ки аъзои он гурӯҳро як мушт афроди бемағзу беандеша ташкил дода бошанд, зеро бемағзҳо, ки дорои мавзеи мушаххасу андешаи хоссе нестанд, якрангу якнавохт гардиданашон хеле саҳлу осон аст.

Пӯшида нест, ки Паймони Миллии Тоҷикистон — ки банда ифтихори узвият дар онро дорам – эътилофест муташаккил аз афроди мухталиф дар мавзеъ, андеша ва аҳёнан мутаноқиз, бахусус дар масоили марбут ба таҳаввулот дар арсаи байналмилалӣ ва ё масоили динӣ ва мазҳабӣ. Танҳо чизе, ки ин афродро ба ҳам мепайвандад, яке, тоҷикистонӣ будан аст, ва дигаре, мухолифат бо режими ҳоким дар Тоҷикистон ва дигар ҳеч. Ва табиатан, кору фаъолияти якчунин гурӯҳе, бисёр сахту душвор аст; душвортар аз он, ки тасаввураш меравад.

Дар ин ёддошт, мехоҳам аз як “масъалаи дарунӣ” парда бардорам. Зеро, гумон мекунам, баъзе масоил, ки “дарунӣ” ҳастанд, бояд “берунӣ” шаванд, то ҳама бидонад, бахусус дар ҷомеае мисли ҷомеаи мо, ки чанду чуни “ҳамзистӣ”-и афроди мутанаввеъ дар андеша дар даруни як ҷомеа, ҷо науфтода, ки ҳеч, балки аслан вуҷуд надорад. Ҳама мехоҳад дигарон ҳам мисли ӯ бошанд, мисли ӯ биандешанд, мисли ӯ мавзеъ бигиранд, вагарна бояд аз баробари чашмонаш дур шаванд. Аз ин ҷиҳат, тарҳи ин масъаларо барои умум зарурӣ медонам.

Дирӯз дар як ёддошт таҳлили худро дар робита бо таҳаввулоти ҷорӣ дар Эрон ироа кардам. Ин таҳлил барои бархе афрод баҳонае гардид, то, мисли ҳамеша, “аз оби гилолуд моҳӣ бигиранд” ва ин таҳлилро ба пойи кулли аъзои ПМТ ва ҳатто ҲНИТ бинависанд. Сипас, дар як гурӯҳи маҷозии махусуси ПМТ, байни бархе аъзо андак баҳсу кашмакаш сурат гирифт, ки мо, ки опозисиюнем, мебоист аз ҳар эътирозу тазоҳуроте ва дар ҳамаи кишварҳо, пуштибонӣ кунем, бахусус баъзе аз аъзои ҲНИТ, ки дар ин баҳсу гуфтугӯ ширкат доштанд, назарашон ҳамин буд. Ва ин дар ҳолест, ки он оқои “моҳигир” онҳоро муттаҳам ба ин мекунад, ки сокитанд ва вобаста ба Эронанду ин ҳарфҳо. Банда мавзеи дигаре доштам ва ҳамон чизеро, ки дар таҳлил ироа намудаам такрор кардам, ва каме баҳсу кашмакаш дар байнамон сурат гирифт. Ва ҳатто кор ба ҷое расид, ки эҳсос кардам, акои Темур Варқӣ андаке аз ман нороҳат ҳам шудаанд. Аммо ба ҳар сурат, дар охир ба як хулоса расидем.

Хуб, инки дар боло арз шуд, ки кору фаъолияти гурӯҳӣ бисёр сахту душвор аст, яке аз масодиқаш ҳамин аст. Вақте ту танҳо ҳастӣ ва ба сурати инфиродӣ фаъолият мекунӣ, ҳеч монеъе дар баробари ту вуҷуд надорад, ҳар чӣ дилат мехоҳад, анҷом медиҳӣ. Аммо вақте дар даруни як гурӯҳӣ, дар мавориде чорае ҷуз таслим дар баробари тасмими гурӯҳӣ надорӣ. Чун, билохира, ҳама мисли ту нестанд, ҳама мисли ту намеандешанд, бояд барои тасмими ҷамъӣ ва гурӯҳӣ эҳтиром қоил бошӣ. Ин ҷоҳост, ки қурбон кардани мавозеи шахсӣ ба хотири мавзеи гурӯҳӣ, бисёр душвор аст. Душвор, аммо барои расидан ба ҳадаф натиҷабахш. Ин аст ҳусни кору фаъолияти гурӯҳӣ.

Ин ҳам, ки арз кардам, фақат як намуна буд. Мо аз ин намунаҳо, дар хилоли чанд соли фаъолияти АОТ ва яку ним соли ПМТ, зиёд доштем ва тавонистем аз ин қабил мавонеъ убур кунем ва ҳамдигарро таҳаммул кунем.

Ёдам ҳаст, Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, замоне, ки Анҷумани Озодандешони Тоҷик эъломи мавҷудият кард, дар ёддоште навишта буд: “Анҷумани Озодандешони Тоҷик оғози хубе дошт. Чиро? Зеро дар миёни аъзои он метавон як демукроти ашаддӣ, як исломгарои дуоташа, як секулори сеоташаро ҳам пайдо кард. Иттифоқан, нахустин вокуниши ман ба хабари таъсиси Анҷуман ин буд, ки чигуна ин одамҳои мухталиф дар як чорчӯб гирдиҳам омадаанд ва чигуна давом хоҳанд овард. Ва ҳамин ки гирди ҳам омадаанд, хабари хушюмнест, ба худии худ. Ҳамаи афроди аслии ин Анҷуманро мешиносам. Ба ҳамаи онҳо эҳтироми вежа қоилам. Ва дар ъайни ҳол, эҳсос мекунам, ки ин Анҷуман як созмони миёндавраӣ аст. Сирфан ба хотири ин ки афроде, ки онро таъсис додаанд, дидгоҳҳои комилан мутафовите доранд, ҳадафи аввалияи онҳо метавонад яке бошад ва шояд ҳам дар ниҳоят ба ҳам бирасанд. Аммо роҳе, ки то ба ниҳоят мерасад, каҷу муъавваҷ аст. Ва аммо, муҳимтар аз ҳама, он каҷию муъавваҷӣ дар оғози роҳ падидор нест.”

Ҳоло арзам ба ҷаноби Раҷабиён ин аст, ки АОТ, ки ҳеч, ҳатто ПМТ “миёндавраӣ” нест. ПМТ дар хилоли яку ним соли фаъолияти худ, на танҳо фаъолиятҳои қобили таваҷҷӯҳе дошт – ки ҳама медонад – балки тавонист барои афроди мухталиф дар андеша ва мавзеъ, навъе дарси ҳамзистӣ ва ҳамкориро, ки беназир аст, биомӯзад. Дарсе, ки бояд кулли тоҷикистониён низ биомӯзанд. Ба назари ман, ПМТ имрӯз намунае кучак аз як ҷомеаи идеоле аст, ки дар кулли Тоҷикистон бояд соя афканад.

Ва аммо он афроде, ки ҳанӯз фаъолияти гурӯҳӣ ва ҷамъиро таҷриба накардаанд ва аз ин рӯст, ки диду назари фарде аз даруни як гурӯҳи азимро ҳамли бар назари кулл мекунанд, ин афрод, бо таваҷҷӯҳ ба дидгоҳи бисёр манфие, ки нисбат ба шаҳрвандоне, ки дорои гароишҳои исломӣ ҳастанд доранд, ҳаргиз бо ин диду назар муваффақ ба фаъолият дар як ҷомеаи инчунинӣ нахоҳанд шуд. Ва балки муваффақ ба фаъолияти гурӯҳӣ ва ҷамъӣ ҳам, бо таваҷҷӯҳ ба худраъйии худ.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: