Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (391)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (4)

* * *

Ҷумларо чун рӯзи растохез, ман

Фош мебинам чу халқон марду зан.

Зайд гуфт: эй Расули Худо! Дар ин дунё акнун ман ҳамаи мардумро аз зану мард ошкоро мушоҳида мекунам. Яъне дар рӯи рӯзи қиёмат марду занро дар ҳоле, ки мушоҳида хоҳам кард, ҳамакнун низ ононро дар ҳамон ҳол мушоҳида мекунам.

Ҳин, бигӯям ё фурӯ бандам нафас?

Лаб газидаш Мустафо, яъне ки бас.

Оё ошкоро бигӯям ё дам фурӯ бандам, яъне асрору ҳақоиқи маънавиро бигӯям ё сукут кунам? Ва ҳазрати Хатмимартибат (с) ба ӯ фармуд: дигар хомӯш шав ва чизе магӯ!

Лаб газидан: киноя аз даъват кардани шахси муқобил аст ба сукут.

Ё Расулаллаҳ, бигӯям сирри ҳашр?

Дар ҷаҳон пайдо кунам имрӯз нашр.

Боз Зайд гӯяд: эй Расули Худо! Оё асрори ҳашру қиёматро бигӯям ва оё иҷоза дорам, ки имрӯз дар дунё чигунагии нашри амвотро ошкор созам?

Ҳил маро, то пардаҳоро бардарам,

То чу хуршеде битобад гавҳарам.

Бигузор ман пардаҳоро пора кунам, то гавҳари ман чун хуршед бидурахшад.

Ҳил: раҳо кун.

То кусуф ояд зи ман хуршедро,

То намоям нахлрову бедро.

То аз камоли зуҳуру чирагии асрори ботин ва анвори ҳақиқати ман, ин офтоби сурӣ мағлуб шавад ва бефурӯғ бимонад, то ман нахлу бедро нишон диҳам, яъне он мӯъмину солеҳро, ки чун дарахти хурмо мусмиру муфид аст ва он кофирро, ки чун дарахати бед бесамару номуфид мондааст ошкор кунам. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1012-1013)

Нахлу бед: киноя аз некбахту бадбахт.

Вонамоям рози растохезро,

Нақдрову нақди қалбомезро.

Дар сурате, ки иҷоза диҳед, ман асрори қиёматро ошкор мекунам ва зару сими аслиро аз зару сими тақаллубӣ ҷудо хоҳам кард. (Мӯъминонро аз риёкорон мутамойиз хоҳам кард.)

Нақд: зару сим. Қалбомез: тақаллубӣ, мағшуш.

Дастҳо бубрида асҳоби шимол,

Вонамоям ранги куфру ранги ол.

Дӯзахиёнро дар ҳоле нишон диҳам, ки дастҳояшон бурида бошад, ва низ ранги куфру рӯшноиро нишон хоҳам дод.

Асҳоби шимол: ёрони чап, аз таъбироти қуръонӣ.

Нукта: Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Ранги ол яъне симои оли ҳақ. Ва мешавад ол ба маънои сароб бошад, ки аъмоли аҳли ҷаҳл монанди саробест дар кавир, ки бинанда гумон дорад, ки он обнамо воқеан об аст. Пас ранги ол атфи тафсирӣ аст барои ранги куфр.” (Шарҳи асрор, с.84) Баъзе аз шореҳон “ол”-ро ишора ба оли Муҳаммад (с) донистаанд, ки бар савоб нест, магар он ки барои ол мафҳуме васеътар қоил шавем. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1013)

Вогушоям ҳафт сӯрохи нифоқ

Дар зиёи моҳи бехасфу муҳоқ.

Агар иҷоза диҳӣ, ҳафт сӯрохи нифоқро дар рӯшноӣ ва дурахшише ҳамонанди рӯшноии моҳ, ки хусуфе надорад ва ба муҳоқ нарафта бошад, нишон медиҳам.

Хасф: ба маънои хусуф. Муҳоқ: охири моҳ ва се шаби охир аз ҳар моҳ, ки қамар дар он пинҳон бошад. (Фарҳанги Нафисӣ, ҷ.5, с.3156)

Нукта: Дурахшиши мавриди назар дар ин байт нури Ҳақ аст, ки ҳаргиз дучори хасфу муҳоқ намешавад. Аммо мурод аз “ҳафт сӯрохи нифоқ” чист? Баъзе гуфтаанд, мурод ҳафт табақаи дӯзах аст. Баъзе монанди Никелсун гуфтаанд, мурод ҳафт сифати нописандида: кибр, ҳирс, шаҳват, ҳасад, хашм, оз ва ъинод аст. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.474) Лоҳурӣ низ бо истинод ба ҳадисе аз Паёмбар (с), ҳафт сӯрохи нифоқро ширк, сеҳр, қатли нафс, рибохорӣ, хӯрдани моли ятим ва … донистааст. (Мукошифоти разавӣ, с.266) Аммо ҳеч кадом аз ин вуҷуҳ ибҳоми “ҳафт сӯрохи нифоқ”-ро бартараф намекунад. Зеро на дӯзах ба аҳли нифоқ ихтисос дорад ва на он авсофу аъмоли нописанд ба ҳафт. Шояд ин ваҷҳ ба манзури байт наздиктар бошад, ки “ҳафт”-ро адади таксирӣ бигирем ва “сӯрохи нифоқ”-ро низ бар лояҳои тубартуи нифоқ ҳамл кунем. Яъне нифоқ лояҳо ва чеҳраҳои дарунии бешуморе дорад. Аллоҳу аълам. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1013-1014)

Вонамоям ман палоси ашқиё,

Бишнавонам таблу кӯси анбиё.

Оё ман даруни бадкоронро расво ва намоён созам ва таблу кӯси паёмбаронро бишнавонам, яъне шавкату иқтидори онро ба мардум бифаҳмонам?

Кӯс: табли бузург.

Дӯзаху ҷанноту барзах дар миён,

Пеши чашми кофирон орам аён.

Ҷаҳаннаму биҳишту барзахи воқеъ дар миёни онҳоро дар пеши чашми кофирони мункир ошкоро биёварам?

Нукта: Барзах дар луғат ба маънои ҳоил ва ҳоҷиз миёни ду чиз аст, ва истилоҳан ҷаҳонест миёни маргу рӯзи растохез, чунонки дар сурати Мӯъминун, ояти 100 ва 101 бад-он тасреҳ шудааст. Ва ҳамчунин барзах истилоҳан бар ҷаҳоне миёни биҳишту дӯзах итлоқ мешавад, ки дар манобеи исломӣ онро “Аъроф” гӯянд, чунонки дар сураи Аъроф, оятҳои 46-48 бад-он ишора шудааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1014)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.