Перейти к содержимому

Кушта ва захмӣ шудани 350 низомии арабистонӣ ва аморотӣ дар ғарби Яман дар як ҳамлаи ғофилгиронаи Ансоруллоҳ

Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки дар як ҳамлаи ғофилгирона ва бо истифода аз мушакҳои болистик ва паҳподҳо ба марокизи низомии вобаста ба Арабистон ва Аморот дар минтақаи Алмахо дар ғарби Яман, беш аз 350 низомии арабистонӣ ва аморотӣ кушта ё захмӣ шуданд.

Ба гузориши Almasirah, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз анҷоми амалиёти тозаи артиши Яман дар ғарби ин кишвар хабар дод ва гуфт, ки дар ин амалиёт, аз 9 фарванд мушаки болистик ва беш аз 20 паҳпод (ҳавопаймои бидуни сарнишин) истифода шудааст.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, шомгоҳи душанбе (25 ноябр) аз анҷоми як амалиёти ҷадид дар ғарби ин кишвар бо унвони “Ин ъудтум ъудно” (Агар боз ба исёну гуноҳ бозгардед, мо ҳам ба уқубату муҷозоти шумо бармегардем) парда бардошт.

Вай, бо баёни ин ки ин амалиёт дар ғарби Яман ва мушаххасан дар минтақаи Алмахои устони Таъаз сурат гирифтааст, афзуд: “Дар ин амалиёт аз 9 мушаки болистик ва беш аз 20 паҳпод истифода шуда ва дар он, маконҳо ва подгонҳои низомии душман дар Алмахо ҳадаф қарор гирифтааст.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар бораи густурдагии талафоти ношӣ аз ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии артиши Яман дар минтақаи номбурда тасреҳ кард: “Дар ин амалиёт беш аз 350 нафар аз мутаҷовизони саудӣ, аморотӣ ва судонӣ кушта ва захмӣ шуданд.”

Яҳё Сареъ дар бораи хисорати молӣ ва низомии ворида ба мутаҷовизон эълом кард, ки панҷ анбор силоҳ ва ҳамчунин теъдоде аз худравҳои зиреҳӣ ва низомии онҳо дар ин амалиёт мунҳадим шуданд.

Вай дар идома афзуд: “Шуморе аз родорҳои эътилофи мутаҷовиз ва саккуи партопи сомонаи дифоъии мушакии Потриут, дар ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакӣ ба маконҳои низомии душман дар Алмахо, аз байн рафтанд.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳадаф аз ин амалиётро посух ба таҷовузоти эътилоф саудӣ дар Алҳудайда ва савоҳили ғарбии Яман баршумурд ва таъкид кард, ки артиши Яман дар баробари ин таҷовузот дастбаста нест ва ба шиддат ба он посух хоҳад дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: