Перейти к содержимому

Оғози таҳаррукот барои ошӯб пас аз интихоботи Афғонистон

Бо наздиктар шудан ба замони эъломи натоиҷи интихоботи Афғонистон, нишонаҳое аз оғози эҳтимолии бархе нооромиҳо ҳувайдо шудааст.

Пас аз ҳузури Омрико дар Афғонистон ва тасмим барои баргузории интихобот дар ин кишвар, дар замони баргузории ҳар давр аз интихобот ва эъломи натоиҷи он, ин кишвар шоҳиди эътирозоти густурда аз сӯи тими бозандаи интихобот будааст, ки ҳар бор ба наҳве пас аз муддате ин эътирозот фурӯкаш мекунад.

Дар даври аввали интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва дар рақобат миёни Карзай ва Юнус Қонунӣ, замоне, ки Ҳомид Карзай ба унвони пирӯзи интихобот муаррифӣ шуд, Қонунӣ ва ҳомиёнаш даст ба эътироз заданд, аммо ба далоили номаълуме якбора эътирозот фурӯ нишст ва Қонунӣ аз раванди эътирозот канор рафт.

Дар даври дуввуми интихобот ва дар рақобат миёни Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, замоне, ки натоиҷи интихобот мушаххас ва Карзай ба унвони нафари пирӯз муаррифӣ шуд, эътирозот рангу бӯи ҷиддитаре ба худ гирифт, зеро ҷамъиятиҳо ба ин натиҷа расида буданд, ки агар худ саҳме нагиранд ва сокит биншинанд, дар давлати оянда нақше нахоҳанд дошт ва ҳазф хоҳанд шуд.

Эътирозоти хиёбонии Абдуллоҳ ва тимаш бо парчамҳои обиранг чанд ҳафтае ба тӯл анҷомид, аммо ба гуфтаи бархе наздикони вай, дар ниҳоят бо гирифтани чанд имтиёз розӣ ба тарки эътирозот шуданд.

Давлати дуввуми Карзай ва нақши камранги Абдуллоҳ ва ҳомиёнаш, ки аз гардунаи қудрат канор гузошта шуда буданд, онҳоро бар он дошт, то барои бори дигар вориди корзор шаванд.

Интихоботи риёсати ҷумҳурии 2014 маҳалли рақобати Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шуд. Бо ин ки Абдуллоҳ тавонист дар даври аввали интихобот пирӯзи майдон бошад, вале дар даври дуввум ва ба таври ғайриқобили боваре, ин Ашраф Ғанӣ буд, ки ба унвони фарди пирӯз муаррифӣ шуд.

Абдуллоҳ тасмимашро гирифта буд, то аз тариқи эътироз ва ҳимояти тарафдоронаш ҳаққи худ ва ҳомиёнашро бигирад.

Эътирозоти 2014 ба далели ҷиддӣ будани мӯътаризон барои расидан ба натиҷаи мавриди назар ва ҳомиёни сарсахте, ки Абдуллоҳ пушти сараш дошт — аз ҷумла Ато Муҳаммад Нур, Исмоилхон ва бархе афроди дорои қудрат ва нуфуз дар давлати Карзай — боис шуд, то омрикоиҳоро водор ба дахолати мустақим дар раванди ниҳоии истиқрори давлати ҷадид кунанд.

Эътирозоти Абдуллоҳ ва ҳомёнаш дар ниҳоят омрикоиҳоро водор кард, то ин бор ӯ ва ҳомиёнашро дар қудрат шарик кунанд ва ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ҳузури Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроиӣ шакл гирифт.

Интихоботи 2019-и риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар фазое сард баргузор шуд ва дар ниҳоят мушаххас шуд, ки ҳудуди 1 милюну 800 ҳазор нафар дар ин раванд ширкат кардаанд, аммо ба монанди ҳамеша баргузории ғайришафоф ва ҳамроҳ бо тақаллубу тахаллуфи густурда боис шудааст, то сарнавишти он монанди се давраи қабл, дар хориҷ аз замини интихобот таъйин шавад.

Шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки Ашраф Ғанӣ худро барои эъломи пирӯзӣ омода карда ва дар ин роҳ ҳимояти Омрикоро бо худ дорад ва бо кунишҳои ахираш нишон дода, ки нисбат ба ҳамроҳии Омрико мутмаин шудааст.

Омрико, Ғанӣ ва ҳомиёни ӯ ба хубӣ медонанд агар номи ӯ ба унвони пирӯзи ниҳоии интихобот эълом шавад, тимҳои муқобилаш аз ҷумла тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ сокит нахоҳанд буд ва бори дигар эътирозоти густурдаи онҳо шурӯъ хоҳад шуд.

Тими Ашраф Ғанӣ бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ, таҳаррукоти амалиёти равонии худро дар остонаи эъломи эҳтимолии натоиҷи интихобот оғоз кардааст.

Ашраф Ғанӣ ду боли амниятии муҳимро дар канори худ дорад: Асадуллоҳ Холид ва Амруллоҳ Солеҳ, ки ҳар ду собиқаи риёсати амнияти миллии Афғонистонро дар корномаи худ доранд. Ғанӣ бо истифода аз ҳамин ду бол, мехоҳад кори худро барои пирӯзӣ пеш бибарад.

Амруллоҳ, дар нахустин ҳаракат, бо интишори матни бахше аз як фойли савтӣ эълом карда, ки ин фойли савтӣ марбут ба ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст, ки мегӯянд бояд ба хиёбонҳо бирезанд ва ҳатто даст ба амалиёти мусаллаҳона бизананд, то ҳомиёни дохилӣ ва хориҷии Ғаниро водор кунанд, ки аз тасмими худ мабнӣ бар эъломи пирӯзии вай ва нишонданаш бар курсии қудрат ақибнишинӣ кунанд.

Аз сӯи дигар Асадуллоҳ Холид, ки акнун Вазорати дифои Афғонистонро дар даст дорад, пас аз гузашти муддати тӯлонӣ аз интихобот, ногаҳон эълом кардааст, ки бо ҳар гуна иқдоме, ки зиндагии мардумро мухталл кунад, муқобила хоҳад кард ва нерӯҳои амниятии Афғонистонро маъмури муқобила бо эътирозот кардааст.

Ба назар мерасад Асадуллоҳ Холид ва Амруллоҳ Солеҳ бо як амалиёти равонии аз қабл пешбинишуда, дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба эъломи эҳтимолии натоиҷи интихоботи Афғонистон вориди майдон шуда ва қасд доранд қабл аз эҷоди ҳар гуна эътироз ва дар ниҳоят нофармонӣ дар қиболи натоиҷи ин раванд муқобилаи худро бо он оғоз кунанд.

Дар воқеъ Солеҳ бо интишори матни фойли савтии мунтасаб ба ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ пружаи муқобила бо эътирози тими вайро оғоз карда ва ба навъе нақшаи онҳоро ифшо карда, то битавонад қабл аз иҷро, онро дучори инҳироф кунад.

Ҳамзамон, Асадуллоҳ Холид ба майдон омада ва ба унвони фарде, ки фармони нерӯҳои амниятиро дар ихтиёр дорад, ин ҳушдори ҷиддиро ба тими рақиби Ғанӣ додааст, ки агар даст ба эътироз бизананд, бо бархӯрди ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Дар воқеъ Солеҳ ва Холид ба дунболи эҷоди руъбу ваҳшат дар баданаи иҷтимоии ҳомиёни Абдуллоҳ ва соири тимҳои интихоботӣ ҳастанд, то ҳузури иҷтимоӣ дар эътирозот алайҳи Ғаниро ба ҳаддиақал бирасонанд.

Ба назар мерасад бо ин рӯйкарди амниятии тими Ғанӣ, тими Абдуллоҳ ва соири мухолифони эъломи пирӯзии Ашраф Ғанӣ, равиши дигаре барои эътироз бархоҳанд гузид.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: