Перейти к содержимому

Фалсафа нақли қавл нест

Дуктур Ясрибӣ изҳор дошт: “Мо алъон дар фалсафа фақат нақли қавли дигаронро мекунем. Инки Ибни Сино гуфта: аз яке ҷуз яке содир намешавад, Мулло Садро гуфта: асолат бо вуҷуд аст… Аммо ин ки худам чӣ мегӯям, дар фалсафаи мо камтар дида мешавад…”

Ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа

Созмони ЮНЕСКО севвумин панҷшанбе аз моҳи ноябри ҳар солро “Рӯзи ҷаҳонии фалсафа” эълом кардааст. Аввалин маросими “Рӯзи ҷаҳонии фалсафа” дар 21 ноябри соли 2002 баргузор шудааст. Ба ҳамин баҳона, мусоҳибаеро, ки хабаргузории Меҳр (дар Эрон) бо дуктур Яҳё Ясрибӣ, устоди бознишастаи фалсафаи Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ороста ва ӯ дар ин мусоҳиба, дар бораи фалсафа ва ҷойгоҳи он сӯҳбат кардааст, пешкаши дӯстдорони ин фанни шариф ва хонандагони азизи пойгоҳи Кимиёи саодат мекунем.

Фалсафа яъне омӯзиши хирадварзӣ ва дурустандешӣ

Ясрибӣ дар посух ба пурсише дар бораи аҳаммияти фалсафа дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ гуфт: “Инсон ҳар коре, ки ба нафъи худ ва ҳамнавъонаш анҷом дода, ба кӯмаки ақлаш будааст. Агар ба касе имон оварда, ё агар кори хайре карда, агар ихтироъе карда, як бемориро решакан карда, қаҳтиро аз байн бурда ё василаи нақлияеро дуруст карда, ҳамаи инҳо бо ақлу андеша будааст. Фалсафа танҳо кораш талош бар ин аст, ки шумо битавонед аз ақлатон истифода кунед, яъне ақлатонро роҳ меандозад. Он вақт ҷои ин суол намемонад, ки фалсафа ба чӣ дарде мехӯрад. Чун мо ҳар пешрафте дошта бошем ва ҳар кори хубе кунем — омӯзиши хуб, парвариши хуб, иқтисоди хуб, ҳамаи инҳо бо хирадварзӣ имкон дорад, ва кори фалсафа ин аст, ки хирадварзӣ ва дурустандеширо ба шумо ёд диҳад. Фалсафа кораш ин аст.”

Ҷаҳонро намешавад бо афсона ва устура тафсир кард

Ясрибӣ афзуд: “Дар бораи нақши фалсафа дар ҷомеа, ман фақат як нишоне медиҳам, ки ҳамеша дар навиштаҳоям ин нишониро матраҳ кардам. Мо барои кулли дастовардҳои башар ду унвон дорем: фарҳанг ва тамаддун. Тамаддун яъне шеваи зиндагӣ, фарҳанг низ фикр, арзишҳо, коркардҳо, мудириятҳо ва … аст. Барои ҳар дуи инҳо таърих вуҷуд дорад. Таърихи тамаддун ва илм. Аз аввали пайдоиши донишу тамаддун, шумо мебинед, ки ин фалсафа буда, ки роҳгушо будааст. Башарият бо устура ва афсона хуш буд; ҳамон тавр, ки иддаи зиёде ҳанӯз ҳам ин гуна ҳастанд. Тамоми таҳаввулоти башарӣ мадюни иддае аст, ки ба ин нукта пай бурданд, ки ҷаҳонро намешавад бо афсона ва устура тафсир кард, бояд ақлро ба кор бурд, ва ин талош ба номи юнониҳо дар таърих сабт шудааст, ки нахустин бор онҳо талош карданд, ки рӯйкарди ақлонӣ барои фаҳми ҷаҳон дошта бошанд ва он тафсирҳои афсонаии даврони бостонро канор бигузоранд.”

Фалсафа таъйини масъала мекунад

Ясрибӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё фалсафа метавонад мушкилоти иҷтимоиро ҳал кунад, гуфт: “Алъон мудирияти мудерн ва мудирияти ҷадид, ки дар иқтисод, сиёсат, омӯзиш ва пажӯҳиш ҷавоб медиҳад, инҳо ҳама нишонаи ба кор гирифтани ақли инсон аст ва роҳи инҳоро фалсафа боз кардааст. Фалсафа ба мо мегӯяд, ки дар омӯзиши шумо набояд донишомӯз ё донишҷӯ як матлабро ёд бигирад, ҳифз кунад, балки бояд худаш бифаҳмад. Озмоишгоҳ маҳсули даврони ҷадид аст. Озмоишгоҳ яъне ин ки худат бибин; коре надошта бош Нютон, Эйнштейн ё дигаре чӣ гуфтааст. Худат бибин. Пас агар ақламонро дуруст ба кор бигирем, фикр мекунем мушкили иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мо чист. Ин тафаккур мушкилҳоро шиносоӣ мекунад ва баъд аз шиносоӣ табдил ба масъала мекунад.”

Вай гуфт: “Масъала яъне чизе, ки бояд рӯи он таҳқиқ кард. Вақте табдил ба масъала кард, муҳаққиқонро фаро мехонад, ки биёед мушкилотро ҳал кунед. Масалан, дар кишвари мо (Эрон) мушкилоти интихобот ё мушкилоти иқтисодӣ чист? Ё мушкили омӯзишии мо чист? Инҳоро ақлоният таъйин мекунад ва роҳи ҳаллашро ақлоният ба мо ёд медиҳад. Пас, бинобар ин, фалсафа падари тамоми улуми башарӣ аст. Фалсафа аст, ки ба мо тафаккур ва дурустандешӣ меомӯзад ва мо метавонем бо ин дурустандешӣ мушкилоти худамонро бишносем ва роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо кунем.”

Фалсафа нақли қавл нест

Яҳё Ясрибӣ, устоди фалсафа ва каломи исломӣ дар Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ. Пажӯҳишҳои ӯ дар ҳавзаи нақди фалсафаи исломӣ ва ирфони исломӣ дорои ҷойгоҳи вежае аст. Унвонҳои бахше аз китобҳои вай иборатанд аз: “Ирфони амалӣ дар ислом”, “Ирфони назарӣ”, “Фалсафаи ирфон”, “Тарҷумаи илоҳиёти наҷоти Ибни Сино бо муқаддима ва таълиқот”, “Мафоҳими фалсафӣ дар адабиёти форсӣ”, “Моҷарои ғамангези равшанфикрӣ дар Эрон”, “Худкомагӣ ва фарҳанг”, “Фалсафаи машшоъ”, “Ҳикмати ишроқи Суҳравардӣ”, “Аёри нақд”, “Ҳикмати мутаолия” (Баррасӣ ва нақди ҳикмати Садрулмутааллиҳин), “Таърихи таҳлилӣ-интиқодии фалсафаи исломӣ”, “Забонаи Шамс ва забони Мавлавӣ”, “Пажӯҳише дар нисбати дин ва ирфон”, “Қаландар ва қалъа” (Достони зиндагии Суҳравардӣ), “Аз яқин то яқин”, “Салиб ва салобат” (Достони зиндагонии Ҳаллоҷ, орифи бузурги қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ).

Ясрибӣ изҳор дошт: “Мо алъон дар фалсафа фақат нақли қавли дигаронро мекунем. Инки Ибни Сино гуфта: аз яке ҷуз яке содир намешавад, Мулло Садро гуфта: асолат бо вуҷуд аст… Аммо ин ки худам чӣ мегӯям, дар фалсафаи мо камтар дида мешавад. Дар ҳоле, ки мудирияти зиндагии имрӯз, бо “худам чӣ мегӯям”-ҳо пеш меравад. Яъне мо худамон бояд фикр кунем. Фалсафаҳои музоф яъне диққатҳои марбут ба ҳавзаҳои мухталиф.”

Вай гуфт: “Фарз кунед, шумо ба ташйеъи ҷаноза меравед. То инҷо илм аст; шумо медонед фалон кас мурдааст ва бояд ӯро дафн кунем ва ман ба далоиле, ки фомил ё дӯсти ӯ ҳастам, ширкат мекунам. Аммо тафаккури фалсафӣ ҳамеша явошакӣ яқаи моро мегирад; мегӯяд, инки ин фард мурда яъне чӣ? Аслан марг чист? Чаро инсон мемирад? Чаро дар ин ҷаҳон ҳама чиз заволпазиранд? Баъд аз марг чӣ мешавад? Як мисоли шодибахш ҳам бигӯям: мо ба як арӯсӣ меравем. Ин илму огоҳӣ аст. Мо медонем алъон ба арӯсӣ омадем; ин ширинӣ аст, ин кодуе аст, ки додем, ин арӯс ва ин домод аст, аммо тафаккури фалсафӣ меояд инҷо чандин суол эҷод мекунад. Издивоҷ яъне чӣ? Чаро бояд издивоҷ кунем? Ҳадаф аз издивоҷ чист? Маҳраму номаҳрам чист? Чаро бояд як зану мард ба ҳам ҳалол шаванд. Чаро велингорӣ ва ҳарзагӣ дар ҷомеа хуб нест? Чаро ин тавр аст? Ин суолҳоро фалсафа матраҳ мекунад ва ҷавоб медиҳад ва моро қонеъ мекунад. Пас, кори фалсафа ин аст. Андешаи моро амиқтар ва бунёдитар ва решаӣ мекунад. Инҳоро “диққатҳо” мегӯянд, ки масалан он диққате дар бораи марг ва ин яке диққате дар мавриди арӯсӣ буд. Метавонед номашро фалсафаи марг ва фалсафаи издивоҷ бигузоред.”

Яҳё Ясрибӣ дар идома бо баёни ин ки “фалсафаҳои музоф” яъне диққатҳои марбут ба ҳавзаҳои мухталиф, гуфт: “Дар ҷомеа шумо таърих доред. Тафаккури фалсафӣ меояд диққатҳое рӯи таърих мекунад. Таърих ба мо мегӯяд Шоҳ Аббос омад ва фалонӣ рафт, аммо фалсафа мегӯяд, ин омадану рафтан яъне чӣ? Ин ҳодиса чаро иттифоқ афтод? Чаро ин заиф шуд, чаро он қувват гирифт?… Ин ҳамон таҳқиқу диққат дар бораи зуҳуру суқути қудратҳост ва номашро “фалсафаи сиёсат ё таърих” мегузорем. Аз он тараф, фалсафа рӯи ҳавзаи физик, шимӣ ва улуми таҷрибӣ меояд диққатҳое мекунад ва суолоте матраҳ мекунад ва мо номи инро “фалсафаи илм” мегузорем. Ҳамин тавр дар сиёсат. Фалсафа ба шумо ёд медиҳад қудрат чӣ хоссияте дорад ва чӣ гуна метавон аз мушкилоти қудрат ҷилавгирӣ кард. Чӣ гуна метавон қудратро мунтақил кард? Чӣ гуна метавон кори ҳокимонро арзёбӣ кард? Инҳо мешавад фалсафаи мудирият ва сиёсат.”

Вай афзуд: “Фалсафаи музоф ё кулли фалсафа як ҳарф бештар нест: равиши бунёдӣ ва фарогири дурустандешӣ. Фалсафа дар ҳамаи заминаҳо матраҳ мешавад, чун ба худии худ, як чизи интизоъӣ нест. Шумо биншинед якҷо ва бигӯед оё X, Y мешавад ё хайр? Яке бигӯяд мешавад, яке бигӯяд намешавад, хайр. Фалсафа меояд рӯи ҳамин чизҳое, ки шумо бо онҳо даргир ҳастед диққат мекунад.”

Ясрибӣ идома дод: “Алъон мушкили мо ин аст, ки фалсафаро аз ин ҳолат берун кардем. Мо бо ақли дигарон кор мекунем. Мегӯем, Мулло Садро гуфта асолати вуҷуд… Хеле ҳам хуб. Аммо худи шумои донишҷӯ биё талош кун… Пас, фалсафаи мо бояд фалсафаи имрӯзи мо бошад. Мудом наёем бигӯем Суҳравардӣ гуфт: ҷаҳон таркибе аз нуру зулмат аст. Хуб, чӣ тавр таркибе аз нуру зулмат аст? Ва бо ин масъала кадом маҷҳулеро маълум мекунем? Инҳоро бояд худамон бифаҳмем. Аммо мо ҳифз мекунем. Дар донишгоҳ ба мо ёд медиҳанд донишҷӯ нумраашро (баҳояшро) мегирад ва рисолаи худро дифоъ мекунад, меравад пайи кори худ. Аммо тафаккур пешрафт намекунад.”

Ясрибӣ дар идомаи суханони худ гуфт: “Фалсафа яъне ҳамин, ки бифаҳмед ахлоқ, дин, илм, зиндагӣ ва мудирият чист ва амиқ ва бунёдӣ бифаҳмед. Мушкили мо ин аст, ки фалсафаро ба маънии дурусти он ба кор нагирифтем. Мудом нақли қавл аст. Бояд тафаккури фалсафӣ дар ҷомеа бошад. Яъне фалсафа, фалсафаи имрӯзи мо бошад. Он вақт мо соҳиби фалсафаи музоф мешавем. Дар диншиносӣ, ахлоқ, сиёсат ва иқтисод ҳам таҳаввул пайдо мекунем, вале мо инро надорем. Алъон дар диншиносӣ ба тақлид аз Ғарб як ҳарфҳое мезананд, ки бархе авқот одам воқеан хандааш мегирад. Ман дар ин бора як китобе навишта будам ба номи “Моҷарои ғамангези равшанфикрӣ дар ҷомеаи мо”. Воқеан вазъи тафаккур дар ҷомеаи мо аз назари ман хеле ризоятбахш нест ва шумо интизор доред фалсафа дар иқтисоди мо коргар бошад? Кадом фалсафа? Мо бояд фалсафаеро дошта бошем, ки дар иқтисоди мо коргар бошад, яъне алъон мутафаккироне биншинанд дар бораи иқтисод ба бунёдитарин суолҳо ва ҷавобҳо бипардозанд. Инро мо надорем. Як чизе аз Ғарб мегирем, онро дарс медиҳем. Ахлоқ ҳам дидед чӣ тавр шудааст. Хеле ваҳшатнок аст, он ҳам дар мактаби Алӣ ва Фотима саломуллоҳи алайҳимо. Ин далелаш ин аст, ки мо дар омӯзишу парвариш ва дар тарбият ва таҳаввули фикри мардум кор накардаем. Ин ҳама хурофот далелаш ин аст, ки тафаккури фалсафӣ барӯз нест. Як достоне мегӯем ва рад мешавем ва устод пулашро мегирад ва донишҷӯ мадраки худро. На он тадрис дар ҷомеа судманд аст, на он мадрак ба дарди ин ҷомеа мехӯрад… Ҳамаи рисолаҳо ин аст: дар бораи иллияти Ибни Сино Ғаззолӣ чӣ мегӯяд? Дубора рисолаи баъдӣ мегӯяд муқоиса кунед байни назари Ибни Сино ва Ғаззолӣ. Иллият алъон дар рӯзгори мо як масъалае аст, ҳаракат дар рӯзгори мо як масъалаи дигар аст. Мо бояд худамон рӯи инҳо кор кунем. Ҳанӯз ашёро бо ҷинсу фасл таъриф мекунем. Имрӯз дигар дар дунё касе бо ҷинсу фасл таъриф мекунад? Мо бояд биёем таърифи обу ҳаворо имрӯзӣ кунем. Мо ҳанӯз аз 4 унсур ҳарф мезанем.”

Ин устоди фалсафа гуфт: “Диншиносӣ тафаккури амиқ мехоҳад. Ислом зарофатҳое дорад, ки инсон бояд хеле қавӣ бошад, ки онро дарк бикунад, то ба дарди имрӯзаш бихӯрад. Мо тавлиди илмро аслан ҷиддӣ нагирифтем. Аз ғарбиҳо инҷо омада ва мо ҳам ба тақлид шурӯъ кардем назарияпардозӣ ва тавлиди илм. Хусусан дар улуми инсонӣ, дар улуми таҷрибӣ боз бо онҳо ҳамоҳанг ҳастем ва нисбатан медонем бояд чӣ кор кунем. Қуръон ба мо гуфта: “Фавқа кулли зи илмин алим”, аз ҳар доное донотар имкон дорад. Яъне, ҳарф дар Ибни Сино ва Эйнштйн хатм нашудааст. Мо ба инҳо ҳанӯз намепардозем, вале дигарон солҳост мепардозанд. Ҳар сония як чизи ҷадид ихтироъ мешавад. Мудом мегӯем, улуми иҷтимоии Ғарбро қабул надорем, хуб, қабул надошта бошем, ман ҳам мегӯям қабул надорем. Вале ин чораи кори мо нест. Муҳим ин аст, ки мо биёем дар донишгоҳҳои худ улуми иҷтимоии худамонро таъсис кунем.”

Вай афзуд: “Дар як ҳафта мешавад илми иҷтимоии бумии худамонро таъсис кунем. Магар улуми иҷтимоӣ чист? Бибинем, ҷомеа чӣ шароите дорад ва онро мутолеа мекунем. Бибинем, дар ин ҷомеа эътиёд ҳаст ё нест? Агар ҳаст, чӣ қадр аст ва чаро ҳаст, ва агар нест чаро нест? Дар ҷоҳои дигар чаро ҳаст, чаро инҷо нест? Ҳамин тавр тамоми масоилро метавонем худамон баррасӣ кунем. Ин мешавад ҷомеашиносии худамон. Мушкили мо инҷост роҷеъ ба фалсафа худамон ба майдон наомадем кор кунем. Ҳар касе ҳам хоста ҳарфе бигӯяд, фавран ҷилавашро гирифтем.”

Ислом монанди масеҳият низоъи ақлу дин надорад

Яҳё Ясрибӣ изҳор дошт: “Яке аз чизҳое, ки ба хотири заъфи тафаккури фалсафӣ дар ҷомеа ба он таваҷҷӯҳ намешавад, ин аст, ки мо исломро бо масеҳият дар як тарозу мегузорем. Масеҳият дине аст, ки ақлонӣ нест. Дар матни Инҷилҳо ақлоният накӯҳиш шуда, дар матни Таврот ақлоният накӯҳиш шудааст. Дар ин китобҳо, аслан, гуноҳе, ки ба василаи он башар дучори гуноҳи азалӣ ва абадӣ шуд, ақлоният ва доноӣ буд. Ин матни Таврот аст. Онҳо ҳақ доранд як ақл ва як дин дошта бошанд ва ҷанги илму дин дошта бошанд, аммо ислом ба мо таъкид мекунад ақли худро ба кор бигиред. Дар Қуръон як маврид надоред ҳамла ба доноӣ шавад ва нодонӣ таҷлил шавад. Баъзе аз оқоёни ғайридақиқи мо, ки диққат намекунанд, ҳарф мезананд, дам аз ҷаҳли муқаддас дар ҷаҳони ислом мезананд. Мо ҷаҳли муқаддас надорем. Дар ҳеч матни динии мо ҷаҳл тақдис нашудааст. Ҷаҳли муқаддас яъне чӣ? Вале дар масеҳият ҷаҳл тақдис шудааст. Дини ислом ба мо мегӯяд, усули динатонро бо ақлатон бифаҳмед ва динатонро бо ақлатон интихоб кунед; ва ин яке аз имтиёзоти ислом аст.”

Вай дар ин бора афзуд: “Дар натиҷа ислом намегӯяд фалсафаи Арастуро биёваред меъёри фаҳми худ кунед, мегӯяд худатон фикр кунед. Об, хок, замин, осмон, оянда, гузашта, дунё, охират чист, инҳоро бояд фикр кунед. Саропои Қуръон даъват ба тафаккур аст. Бале, ман ҳам бо ин оқоёне, ки мегӯянд фалсафа бояд канор гузошта шавад, ба навъе мувофиқам, чаро ки агар фалсафа ҳамин бошад, ки алъон дорем, ин фалсафа нест. Ин афкори дигарон аст, ки мо нақл мекунем. Ислом ҳеч вақт инро ба мо нагуфта, ки аз Арасту ё Мулло Садро ё Ибни Сино пайравӣ кунед. Ислом мегӯяд ақли худро ба кор бигиред. Ибни Сино дар замони худаш ба кор гирифт, ба он натиҷаҳо расидааст. Мулло Садро дар замони худ ба кор бурда, ба он натиҷа расида. Аммо алъон бояд ақламонро дар фаҳми Қуръон ва дин ба кор бигирем ва ба натоиҷе мерасем, ки ба зеҳни Мулло Садро ҳам хутур накардааст.

Пас, фалсафа ба худии худ бад нест. Фаҳм, бад нест. Вале бархе динҳо бо фаҳм лаҷ ҳастанд ва аз назари онҳо фаҳм як чизест, дин ҳам як чиз аст. Мегӯянд, ду навъ ҷаҳонбинӣ дорем: яке фаҳмӣ, яке динӣ. Аммо ислом ба мо мегӯяд, замину замонро бифаҳмед ва бидонед: “Ҳал яставил лазина яъламуна валлазина ло яъламуна”, доно ва нодон яксон нестанд. “Қул: раббӣ зиднӣ илман”, Худоё, огоҳии манро биафзо. Ин дастур ба Пайғамбар (с) аст, ки бигӯ Худоё, бар доноии ман биафзо, то чӣ бирасад ба ману шумо. Бинобар ин, диншиносии мо алъон барӯз нест ва фарқи ислом ва масеҳият аз замин то осмон аст. Бархе аз марокизи масеҳӣ гилоя карданд, ки фалонӣ (Ясрибӣ) аз ҳар фурсате истифода мекунад алайҳи масеҳият ҳарф мезанад. Хайр, ман алайҳи масеҳият ҳарф намезанам. Ман ба унвони як аҳли фалсафа таҳқиқамро мегӯям. Мегӯям, ин дин (ислом) зидди ақл нест, он дин (масеҳият) зидди ақл аст. Мегӯям, ин матни шумо ва ин оятҳои зидди ақли шумо. Ин ҳам китоби мо, шумо як маврид пайдо кунед он вақт ман истиғфору тавба мекунам.”

Вай афзуд: “Ҳойдегер, ки худаш файласуфи диндор аст, динро аз илм ҷудо мекунад. Инҳо мегӯянд, ҳавзаи илм ҷудо ва ҳавзаи дин ҳам ҷудост. Имон як чиз аст, ақл чизи дигар. Ҳаминро бархе аз оқоёни мо ҳам ба тақлид ба забон меоваранд. Мегӯянд, маънавият он ҷост, ки ақлоният набошад, чӣ касе гуфта? Инҳо савғоти Ғарбу масеҳият аст. Онҳо ин ду ҳавзаро ҷудо мекунанд. Аз назари тақаддуму таъаххур, Ҳойдегер асолатро ба дин медиҳад. Мегӯяд, аввал биё имон биёвар ва ҳама чизро қабул кун, агарчӣ зидди ақлат ва зидди илмат бошад. Баъд, ҳамин дин шуморо ҳидоят мекунад. Ҳамин дин шуморо роҳ мебарад ва ба шумо ақлоният ёд медиҳад. Яъне ақли шумо мешавад. Яъне асолат бо дин аст. Аммо дар ислом асолат бо ақл аст. Агар шумо динатро бо ақл интихоб накунед ва бо тақлид интихоб кунед, ислом қабул намекунад. Пас, ислом моро ба шинохти ҳама чиз даъват мекунад. Паёмбар (с) масъули иблоғ ва ҳидоят аст. Ҳидоят яъне тавҷеҳ, яъне бигӯед ман инро мегӯям, чун далелаш ину он аст, то зеҳни тараф қонеъ бишавад ва инро бипазирад.”

Вай дар поёни суханони худ гуфт: “Дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа орзуям ин аст, ки мо, ки маросими ин рӯзро баргузор мекунем, ҳарсола касоне, ки иддаои фалсафӣ доранд, аз дастовардҳои худашон сухан бигӯянд. Ҷараёни Рӯзи фалсафаро бо куллигӯиҳо, табрикҳо ва ин ҷур чизҳои беҳосил баргузор накунанд. Инки аслан он ҳеч чиз надорад ва мо ҳама чиз дорем ва ғайра, инҳоро канор бигузорем. Назарияҳоро равшан ба майдон биёварем ва умедворам рӯзе ин тавр шавад.”

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: