Перейти к содержимому

Баргае аз таърихи начандон дур: баҳси Кабирӣ бо Зуҳуров дар порлумон дар хусуси ҳуқуқи муҳоҷирон

Бознашр аз хабаргузории “Озодагон” дар таърихи 25 апрели 2014, гузориши Ҳумайро БАХТИЁР

Тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ба порлумон рӯзи 24 апрел баҳси тундеро миёни вакилон ба вуҷуд овард. Наҳзатиҳо дар лоиҳаи худ 11 пешниҳод доштанд, ки аз миёни онҳо танҳо дутояш қабул гардид. Яке аз ин пешниҳодҳо бо худкор ё ручка пур кардани протоколҳо ва дигараш ,дар сурати ба даст овардани 10 дарсади овоз, баргардонидани гаравпулӣ ба номзад буд.

ҲХДТ: Нозиронро бо протокол таъмин карда наметавонем

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумон, рад шудани пешниҳодашон дар мавриди номзадии муҳоҷиронро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон донист. Ӯ гуфт, аз 4 ҳазор сомонӣ ба 800 сомонӣ поин овардани гаравпулии номзадҳо, таъмин кардани нозирони миллӣ бо нусхаи аслии протоколҳо ва роҳ ёфтани онҳо ба кумисиюнҳои участкавӣ аз ҷумлаи пешниҳдҳои дигари ҲНИТ буд, ки порлумон онро напазируфтааст.

Галия Рабиева, намояндаи Саркумитаи порлумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқӣ-демукротӣ, дар баромади худ гуфт, далели аслии рад кардани 9 пешниҳоди дигари вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ ин бо меъёри дигар қонунҳо мухолифат доштани онҳо мебошад. Рабиева афзуд, шаҳрвандоне, ки муҳоҷир ҳастанд ва давоми 5 соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон ба сар набурдаанд, ҳаққи пешбарии номзадии худро ба курсии порлумон надоранд. “Шаҳрванде, ки давоми 5 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ накардаанд, аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар бехабаранд”,-таъкид дошт ӯ.

Галия Рабиева дар идома гуфт, пешниҳоди дигари ҲНИТ дар мавриди таъмини нозирони миллӣ бо протоколҳо аз сабаби талаб кардани хароҷоти зиёд низ рад шудааст: “Дар интихобот мо бештар аз 20 ҳазор нозирони миллӣ дорем ва имкони молии таъмин кардани ҳамаи онҳо бо нусхаи протокол вуҷуд надорад. Нусхаҳои аслии протокол давоми се шабонурӯз дар ҷойи намоёни участкаҳои интихоботӣ овезон мешавад.”

ҲКТ: Гаравпулӣ комилан аз байн бардошта шавад

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон гуфт, далели Саркумита барои рад кардани пешниҳод дар мавриди ворид шудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба кумисиюнҳои участкавӣ ғайримантиқӣ ҳаст: “Саркумита гуфт, мо ҳизбҳое дорем, ки онҳо имкони фиристодани намояндагони худро ба ҳар минтақаи Тоҷикистон надоранд. Ин хел нест. Дуруст аст, ки мо ҳизбҳои нав дорем. Вале дар баробари онҳо ҳизбҳое ҳастанд, ки бештар аз 70 сол фаъолият доранд.”

Шабдолов низ бо ишора ба масъалаи ширкат накардани муҳоҷирон ва гаравпулӣ гуфт, ҳизби онҳо тарафдори комилан бартараф кардани гаравпулии номзадҳост. Ба гуфтаи раиси ҲКТ, пешниҳод дар мавриди ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар участкаҳои минтақавӣ бояд қабул мегардид.

“Ин қадар… воҳима накунед”

Маврид ба зикр аст, ки бо ин баҳсҳо атрофи пешниҳодҳои вакилони ҲНИТ зиёд шуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки чаро аҳзоб ба шаҳрвандоне, ки дар участкаҳои интихоботӣ фаъолият мекунанд, эътимод надоранд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дар толор вакилон воҳима мекунанд: “Инҷо Муҳиддин Тиллоевич мегӯяд, мо 1,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дорем. Дар ҳоле ки тибқи омори мо муҳоҷирон 700-800 ҳазор буда, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия теъдоди онҳоро 1 миллион ё 1 миллиону 100 ҳазор арзёбӣ мекунад. Дар ҳеч куҷо гуфта нашудааст, ки мо 1,5 миллион муҳоҷир дорем. Аммо Шумо мегӯед, 1,5 милион шаҳрванди мо берун аз ҳуқуқи интихоботӣ мондаанд…

Раиси порлумони Тоҷикистон дар идома изҳори нигаронӣ аз он кард, ки чаро вақте тамоми масъалаҳо дар Шӯро ва саркумитаҳо баррасӣ шудаанд, дар ҷаласа боз баҳсҳое ба миён меояд.

Баҳси Кабирӣ ва Зуҳуров

Зуҳуров: “Муҳиддин Тиллоевич, ман ба Шумо зиёда аз 10-12 дақиқа барои баромад додам. Тамоми ин фикрҳову баҳсҳо аз баромади Шумост. Фикр мекунам, дигар ҳоҷати баромад нест…”

Кабирӣ: “Чанд мулоҳиза пайдо шуд…”

Зуҳуров: “Мулоҳиза пайдо шуд?”

Кабирӣ: “Баъзе пешниҳодҳои мо, мутаассифона, каме моҳиятро тағйир додааст. Ман пешниҳоди Шодӣ Шабдоловро дар мавриди ба 5 дарсад фаровардани гаравпулӣ тарафдор. Мо барои он 10 фоиз гуфтем, то вакилон қабул кунанд. Агар розӣ бошанд, аслан мо тарафдори аз байн бардоштани гаравпулӣ ҳастем. Дигар масъалае, ки дар мавриди муҳоҷирон рафт, бигзор 1 миллион набошад, бигзор 100 ҳазор ё 200 ҳазор бошад, вале онҳо ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Гап дар сари он аст, ки матни қонуни имрӯза мегӯяд, “…агар дар давоми 5 соли охир дар кишвар истиқомат накунад, аз ин ҳуқуқ маҳрум мешавад…”

Зуҳуров: “Чанд нафар ҳамин хел муҳоҷирон ҳастанд, Шумо ҳисоб кардед?

Кабирӣ: “Бигзор, сад ҳазор бошад, бигзор 50 ҳазор бошад…”

Зуҳуров: “Бубахшед маро, он 50-100 ҳазоре, ки давоми 5 сол инҷо зиндагӣ накардааст, ӯ шаҳрванди Русия ҳаст аллакай, аксарият.”

Кабирӣ: “Бубинед раис, биёед, масъаларо аз дигар тараф бубинем. Далелҳои мо дар асоси Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда аст. Мутаассифона, вақте ба мо ҷавоб дода шуд, на дар асоси далелҳои ҳуқуқӣ, балки шарҳу мулоҳизаҳои шахсӣ буд…”

“Бо ин ду пешниҳод интихоботи 2015 шаффоф намегузарад”

Раиси ҲНИТ дар идома гуфт, далелҳои Саркумита дар мавриди ширкат накардани муҳоҷирон дар интихоботи порлумонӣ беасос аст. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва интернет ҳар як муҳоҷир аз вазъи кишвар огоҳӣ дорад: “Дар мавриди гирифтани нусхаи протоколҳо, ки гӯиё маблағ сарф мешавад. Агар мо 20 ҳазор нозири миллӣ дорем, ҳамагӣ 50 баста коғаз лозим аст. Инро аз ҳамон ҳисоби гаравпулӣ ҳам метавонанд пардохт кунанд. Барои як кишвари мустақил набояд 50 баста коғаз мушкил бошад.”

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари ҲНИТ дар порлумон бар ин назар аст, ки бо қабули ду пешниҳоди онҳо наметавон умед бар он баст, ки интихоботи порлумонии соли 2015 ба таври шаффоф баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ: Озодагон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: