Перейти к содержимому

Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад Коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд, ки ҳукумат лаҷоми онҳоро дар даст дорад. Имом-хатибе, ки мустақил аст, савод дорад, маҳбубият дорад ва пеши мақомот муттаҳам нест, ӯ барои мо хатарнок аст, ӯро бояд аз минбар дур кард…”

Ин суханон, суханони Муродулло Давлатов, раиси вақти Кумитаи дини Тоҷикистон аст, ки ахиран аз сӯи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, аз он парда бардошта шуд. Суханоне, ки наметавон ба роҳатӣ аз канори он рад шуд. Суханоне, ки агар дар як ҷомеаи дигаре ғайр аз Тоҷикистон шоҳидаш мешудем, на як руҳониаш сокит менишаст ва на як шоир ё нависанда ва ё рӯзноманигораш. Аммо дар Тоҷикистони имрӯз, чун бештари руҳонияташ дарборӣ ҳастанд ва ё шояд минбарҳои масоҷид дар ихтиёри афроде “бесавод ва муттаҳам” қарор гирифтаанд, чунонки худи Давлатов ваъдаи онро дода, ва рӯзноманигоронаш низ – ҳатто рӯзноманигорони муқим дар берун аз қаламрави кишвар ҳам — чун дӯст доранд фақат аз опозисиюн интиқод кунанд ва шуморе аз онҳо низ ба далели исломбадбинӣ чандон бадашон ҳам намеояд, ки якчунин сиёсате пиёда бишавад, аз ин рӯ, мо шоҳиди ҳеч эътирозе валав ба қалам набудем.

Ба ҳар сурат, ин суханон нишон медиҳад, ҳукумати Тоҷикистон солҳост ба сурати муназзам ва ҳадафманде, дар ҳоли эҷоди нафрат дар ҷомеа нисбат ба ойини ислом аст. Ин суханон чизе ҷуз эҷоди исломҳаросӣ – он ҳам, дар ҷомеае, ки беш аз 90 дарсади шаҳрвандонаш пайрави ойини ислом ҳастанд – намебошад.

Ва бо ин ки ҷаноби Муродулло Давлатов ҳанӯз вокунише ба ин ифшогарӣ аз худ нишон надода – чун дар он ҷаласа ба ҷуз ӯ ва Кабирӣ, як фарди дигаре низ ҳузур дошта ва шоҳиди ин суханон буда – аммо бар фарз агар аз ӯ бихоҳанд ё бар ӯ фишор оваранд, ки инкор кунад ва бигӯяд, ӯ якчунин чизе нагуфтааст, аммо равшан аст инкори ӯ чизеро тағйир нахоҳад дод, зеро сиёсатҳо ва рафторҳои ҳукумати Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар ин росто, худ далеле возеҳ бар вуҷуди инчунин сиёсат ва рӯйкарде аст. Магар на ин аст, ки масоҷиди бешуморе дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба тафреҳгоҳу варзишгоҳ табдил шуда? Мадориси динӣ баста шуда? Ниҳодҳое ҷиҳати “фаҳмондадиҳӣ” роҳандозӣ шуда, то афроде аз ин ниҳодҳо дар хиёбонҳо бирезанд ва мутаъарризи шаҳрвандони сатрпӯш шаванд ва ба эшон “бифаҳмонанд”? Магар на ин аст ва оё намебинем, ки муллоҳо ва руҳоният мураттаб мавриди “фаҳмондадиҳӣ” қарор мегиранд ва ҳар ҳарфу ҳадисе, ки мехоҳанд аз минбарҳои масоҷид бигӯянд, аввал бояд бо “боло” ҳамоҳанг созанд ва ё бадтар аз ин, ҳатто – тибқи ахбори мувассақ, ки мерасад – мавъизае, ки бояд эрод кунанд, матни он аз “боло” дар ихтиёри онҳо гузошта мешавад ва онҳо барои мардуми намозгузор чизе ҷуз он чи дар он “матн” омада намехонанд? Магар на ин аст, ки 5 ё 6 руҳонии маъруфи кишвар, ки аз пойгоҳи мардумӣ бархӯрдор ва миёни мардум маҳбубият доранд, аз минбару масҷид маҳрум гардида ва имрӯз дар хонаҳояшон маҳсур шудаанд? Ба ҳадде, ки ҳатто ин бандаҳои Худо ҳақ надоранд намози ҷанозаи яке аз наздиконашонро имоматӣ кунанд. Оё ғайр аз ин аст?

Хуб, ин воқеиятҳои талх оё ғайр аз ҳамон чизе, ки дар забони ҷаноби Муродулло Давлатов ҷорӣ гаридаро собит мекунад?

* * *

Ҳол, суоле, ки матраҳ аст ва дар ин навиштор дар садади посух ба он ҳастам ин аст, ки оё ин сиёсатҳо натиҷае хоҳанд дошт? Ба сухани дигар, оё ин сиёсатҳо воқеан метавонанд ҷомеаро нисбат ба ойини ислом ва маорифи он бадбину мутанаффир созанд?

Посух ин аст, ки якчунин сиёсатҳо ва рӯйкардҳое баъид нест дар кӯтоҳмуддат натоиҷеро дарбар дошта бошанд, чунонки Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиноӣ дар гуфтугӯи ахираш бо хабаргузории “Ховар” тасреҳ карда, ки “ба назари мо, ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад...”

Аммо бо нигоҳ ба иҷрои шабеҳи чунин сиёсатҳо, ки дар бархе ҷомеаҳои исломӣ, бахусус дар асри 20-ум суроғ дорем, бо қотеияти тамом метавонем бигӯем, ки ин гуна сиёсатҳо на танҳо натиҷае нахоҳанд дошт, ки дар дарозмуддат дорои натоиҷи маъкус хоҳанд буд. Чаро?

Дар як тақсимбандии куллӣ, метавон ин гуна сиёсатҳоро, ки давлатҳо иҷро кардаанд, ба се даста тақсим кард:

1) Сиёсате, ки давлатҳое назири Шӯравии собиқ, Югусловии собиқ ва Чин (дар гузашта) пиёда кардаанд, ки бар ин мабно устувор буд, ки куллан бо ҳар он чӣ дин хонда мешавад ва диндорон анҷом медиҳанд муборизаи беамон сурат гирад (ҳам муборизаи фарҳангӣ ва ҳам физикӣ), то ҷомеа ба куллӣ аз ин падида поксозӣ гардад. Шӯравии собиқ сиёсаташ ҳамин буд. “Дин афюни халқ аст!” шиораш буд. Аммо оё натиҷае дошт? Посухаш комилан возеҳ аст. На танҳо дорои ҳеч натиҷа набуд, ки натиҷаи маъкус дошт.

2) Сиёсате, ки давлатҳое назири Туркия пас аз фурӯпошии Хилофати Усмонӣ ва рӯи кор омадани Мустафо Камол Отатурк ва низ Ризохон ва писараш дар Эрон иҷро кардаанд. Ин сиёсат мабнояш ин набуд, ки бо худи дин муборизаи аланӣ сурат бигирад чунонки кумунистҳо ин шеваро пеша карда буданд, балки ба гуфтаи назарияпардозони отатуркӣ, ”бигузор диндорон дар анҷоми маросими ибодиашон озод бошанд, аммо шумо биё дар канори масҷид як коборе ҳам бисоз, дар канори мадраса як дискуклуб ҳам дуруст кун, то касе, ки мехоҳад ба масҷид биёяд, саре ба коборе ҳам бизанад, адабиёти зидди диниро ба сурати густурда тарвиҷ бикун, аз маҳбубияти руҳоният дар ҷомеа бикоҳ ба воситаи сиёҳ кардани чеҳраи онҳо. Ту биё, филме бисоз, ки қаҳрамонаш дар айни ин ки намоз мехонад ва Аллоҳ-Аллоҳу Астағфируллоҳ аз забонаш канда нест, аммо ҳар аз гоҳе шароб ҳам нӯши ҷон мекунад. Бонуеро ба тасвир бикаш, ки дар айни ин ки сатр бар сар дораду намоз ҳам мехонад, аммо бо мардони бегона ва номаҳрам ишқварзӣ ҳам мекунад ва ғайра…” Ин аст мабнои ин сиёсат.

Хуб, ҳоло пас 40-50 соли иҷрои якчунин сиёсате, оё муридони Отатурк бо ин рӯйкардашон ба ҷоре расиданд ва натиҷае ба даст оварданд? Посух комилан возеҳ аст ва бо нигоҳ ба чанду чуни ҷомеаи имрӯзи Туркия, дигар ниёз ба тавзеҳ намемонад.

3) Ва севвум, сиёсате, ки Чини кумунистӣ дар чанд соли ахир камар ба иҷрои он баста; сиёсате, ки басо шаддитар аз сиёсати Шӯравии собиқ аст, ва бар ин мабно устувор аст, ки урдугоҳе дуруст кун, мусалмононро дар он гирд биёвар ва ба онҳо биомӯз, ки чӣ гуна фикр кунанд, чӣ гуна рафтор дошта бошанд, чӣ “дине” дошта бошанд. Ин сиёсат ҳам натиҷаеро дарбар нахоҳад дошт, иншоаллоҳ.

Метавон ин се намуд рӯйкардро ба унвони сиёсатҳое донист, ки соҳибонаш мехоҳанд аз ин тариқҳо шаҳрвандонашонро аз ислом дур созанд. Албатта, сиёсате, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто пеш гирифта, ба назар чунин мерасад, ки сиёсатест омехта аз ҳамаи инҳо, яъне шумо дар он, ҳам равиши кумунистҳоро мушоҳида мекунед, ҳам шеваи муридони Отатуркро ва ҳам — тибқи он чи ахиран ба гӯшамон расид – равиши ахири Чинро.

Аммо соҳибонаш бидонанд, корашон ба ҷое нахоҳад расид ва ноком хоҳанд шуд. Бале, шояд дар кӯтоҳмуддат ба натоиҷе даст биёбанд, аммо дар миёнмуддат ва дарозмуддат қатъан бо шикаст мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва бидуни тардид ба зарару зиёнашон анҷом меёбад.

* * *

Шояд хонанда аз роқими ин сатрҳо бипурсад, чаро бо итминон мегӯӣ натиҷае нахоҳанд дошт? Посухам аз ду ҷанба аст: яке, ҳамон тавр ки арз шуд, бо таваҷҷӯҳ ба нокомии таҷрибаи чанд кишвар дар ин росто, ки дар боло ёдовар шудам. Ва ҷанбаи дигар, ҷанбаест, ки онро фақат диндорон ва афроде, ки ба ойини ислом ва маорифи он ва ҳаққонияташ боварманд ҳастанд, мефаҳманд. Ва он ин ки: ислом соҳиб дорад, ва соҳиби ин дини ҷовидон ба сурати қатъӣ ваъда дода, ки худаш талоши бадхоҳони ин динро ноком ва ҷилави ҳар он касеро, ки бихоҳад дар ин ҷиҳат гоме бардорад, мегирад:

يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

Онҳо мехоҳанд нури Худоро бо даҳонашон хомӯш кунанд ва Худо намегузорад магар ин ки нури худро дар мунтаҳои зуҳур ва ҳадди аълои камол бирасонад, ҳарчанд кофирон норозӣ ва мухолиф бошанд.” (Сураи Тавба, ояти 32)

Соҳиби ин дин ваъда дода, ки ин динро пирӯз гардонад:

هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

Ӯст Худое, ки Расули худро ба ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи адёни олам тасаллуту бартарӣ диҳад, ҳарчанд мушрикон норозӣ ва мухолиф бошанд.” (Сураи Тавба, ояти 33)

Ва ба фамудаи Мавлоно дар Маснавӣ:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам,

Бешу кам кунро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам ҳофизам,

Тоъинонро аз ҳадисат рофизам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мегуванд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Аз ҳаросу тарси куффори лаъин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

* * *

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: