Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (392)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (5)

* * *

Вонамоям ҳавзи Кавсарро ба ҷӯш,

К-об бар рӯшон занад, бонгаш ба гӯш.

(Зайд дар идома гӯяд:) Ҳавзаи Кавсарро дар ҳоли ҷӯшидан нишон диҳам ба тавре ки оби он бар рӯяшон зада шавад ва садояш ба гӯш расад. Яъне ба ҳадде оби Кавсарро ба таври айнӣ нишон диҳам, ки бонги он ба гӯши мардумон бирасад ва обаш ба рухсорашон бихӯрад.

Ба ҷӯш: дар ҳоли ҷӯишдан.

Нукта: Дар бораи калимаи “кавсар” тафсирҳои бисёр навиштаанд. Ин лафз аз решаи “касрат” бар вазни “фавъал” аст ва маънии он “хайри касир” аст. (Тафсири Маҷмаъул-баён, ҷ.10, с.548)

В-он ки ташна гирди Кавсар медаванд,

Як ба якро ном вогӯям кианд.

Ва низ он касонеро, ки ташна пиромуни ҳавзи Кавсар мечарханд, ошкоро нишон хоҳам дод ва номашонро хоҳам гуфт.

Мебисояд дӯшашон бар дӯши ман,

Наъраҳошон мерасад дар гӯши ман.

Дӯши онон аз фарти наздикӣ бо дӯши ман тамос мегирад ва фарёдашон низ ба гӯшам мерасад.

Аҳли ҷаннат пеши чашмам з-ихтиёр

Даркашида якдигарро дар канор.

Биҳиштиёнро мебинам, ки дар камоли алоқа ва аз рӯи ихтиёр якдигарро дар оғӯш кашидаанд.

Дасти ҳамдигар зиёрат мекунанд,

Аз лабон ҳам бӯса ғорат мекунанд.

Дасти ҳамро мефишоранд ва муштоқона бар лабони якдигар бӯса мезананд.

Кар шуд ин гӯшам зи бонги воҳ-воҳ,

Аз хасону наъраи “во ҳасратоҳ”.

Гӯшам аз садои оҳ-оҳу фарёди воҳасратои дӯзахиёни фурӯмоя кар шудааст.

Нукта: Имом Алӣ (а) дар қисмате аз хутбаи Ҳаммом фармояд:

وَإِذَا مَرُّوا بِآيَةٍ فِيهَا تَخْوِيفٌ أَصْغَوْا إِلَيْهَا مَسَامِعَ قُلُوبِهِمْ وَظَنُّوا أَنَّ زَفِيرَ جَهَنَّمَ وَشَهِيقَهَا فِي أُصُولِ آذَانِهِمْ

Ва ҳар гоҳ (парҳезгорон) ба ояте бархӯранд, ки дар он, биму ҳарос аст, гӯши ҳуш бад-он супоранд чандон ки гӯӣ шуюну фарёди дӯзахиёнро ошкоро бишнаванд.”

Ин ишоратҳост гӯям аз нуғул,

Лек метарсам зи озори Расул.

Ин ишоратҳоро, ки гуфтам, метавонам ба сурати муфассалу амиқ низ шарҳ диҳам, вале метарсам, ки ҳазрати Расули Худо (с) нороҳат шавад.

Нуғул: жарф, жарфандешӣ.

Нукта: Ин абёт нозир бад-ин матлаб аст, ки орифони рӯшанбин дар ҳамин ҷаҳон барзаху қиёматро шуҳуд кунанд.

Ҳамчунин мегуфт сармасту хароб,

Дод Пайғамбар гиребонаш ба тоб.

Зайд дар ҳоле, ки масту бехеш буд ва аз ин қабил суханон мегуфт, ҳазрати Паёмбар (с) гиребонашро гирифт, яъне ӯро мутаваҷҷеҳ сохт.

Гиребон тоб додан: истиъора аз таваҷҷӯҳ додан.

Гуфт: ҳин, даркаш, ки асбат гарм шуд,

Акси Ҳақ “ло ястаҳи” зад, шарм шуд.

Паёмбар (с) ба Зайд фармуд: ъинону лагоми ихтиёротро бикаш, ки асби руҳат гарм шуда ва хамӯш шав. Бозтоби ин ки Худо аз гуфтани ҳақ шарм надорад, дар ту мунъакис шуда ва шарм аз ту рафтааст.

Шарм шуд: шарм рафт.

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 53 сураи Аҳзоб:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُيُوتَ النَّبِيِّ إِلَّا أَن يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيْرَ نَاظِرِينَ إِنَاهُ وَلَٰكِنْ إِذَا دُعِيتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَانتَشِرُوا وَلَا مُسْتَأْنِسِينَ لِحَدِيثٍ ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ فَيَسْتَحْيِي مِنكُمْ ۖ وَاللَّهُ لَا يَسْتَحْيِي مِنَ الْحَقِّ

Эй мӯъминон! Ба хонаҳои Паёмбар дарнаёед магар ба таъоме, ки бихонандатон. Аммо мунтазири фароҳам шудани он манишинед, ва чун хонда шудед, андаруни хона равед, ва чун хӯрдед, пароканда шавед ва ба гуфтугӯе саргарм машавед, ки ин амр Паёмбарро биёзорад, ва ӯ аз шумо шарм дорад, ки чизе гӯяд. Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад…”

Ойинай ту ҷаст берун аз ғилоф,

Ойина-в мизон куҷо гӯяд хилоф?

Ойинаи руҳи ту аз ҳиҷоби ҷисмонии худ берун омада ва ҳамаи ҳақоиқу асрорро нишон медиҳад. Тарозуи амину ойинаи софу шаффоф кай ва куҷо чизеро хилофи воқеъ нишон медиҳад?!

Мизон: тарозу.

Ойина-в мизон куҷо бандад нафас

Баҳри озору ҳаёи ҳеч кас?

Ойина ва тарозу кай ба хотири озору шарми касе аз гуфтану нишон додани воқеият хамӯшу сокит мемонад?

Нафас бастан: хомӯшу сокит шудан.

Ойина-в мизон миҳакҳои санӣ,

Гар дусад солаш ту хидмат мекунӣ,

К-аз барои ман бипӯшон ростӣ,

Бар фузун бинмову манмо костӣ.

Ойина ва тарозу, ба худии худ, меъёрҳои бисёр олианд, агар бар фарз ту барои ойина ва тарозу дусад сол хидмат кунӣ ва ин тавр бигӯӣ, ки: ба хотири ризои ман, воқеиятро бипӯшон ва бештар бинумо ва камтар нишон надеҳ. (Бар хилофи воқеият амал кун.)

Санӣ: баланду олӣ.

Ӯ-т гӯяд ришу сиблат бармаханд!

Ойина-в мизону он гаҳ реву панд?

Ойина ва тарозу бо забони ҳол ба ту гӯянд: худро беҷиҳат масхара макун. Ва мумкин нест, ки хоссияти аслӣ ва зотии ойина ва тарозуро аз онон бигирӣ ва он дуро бо ҳилаву найранг ҳамсоз намоӣ, яъне водор кунӣ, ки ойинаи шаффофу соф ва тарозуи солим бар хилофи воқеият чизеро нишон диҳанд. Ва ин албатта амре маҳол аст.

Чун Худо моро барои он фарохт,

Ки ба мо битвон ҳақиқатро шинохт.

Ҳақ Таъоло бад-ин ҷиҳат мақоми моро олӣ карда, ки ба воситаи мо ҳақиқат шинохта гардад.

Нукта: Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ Сазаворӣ гӯяд: “Мурод аз ойина ва тарозу инсони комил аст.” (Шарҳи асрор, с.85-86)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: