Перейти к содержимому

Аз мост, ки бар мост

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Агар шумо саворӣ надиҳед, касе наметавонад саворатон шавад!

Мавзӯъ ҳамон акси машҳурест, инак чанд рӯз аст дар интернет давр мезанад ва ҳазорон нафар онро бознашр кардаанд.

Ман наметавонам он аксро бознашр кунам, чун номусам иҷоза намедиҳад. Бино бар ин лутфан навишта дар мавзӯъро бидуни акс қабул кунед.

Ҳамаи бознашркардаҳо ва онҳое, ки назарашонро дар ин масъала гуфтанд, ё ҳади ақал аксари онҳо (чун шояд касе назари дигаре ҳам гуфта бошаду ман надида бошам) дар ин кор он раисак ва дигар масъулинро гунаҳкор кардаанд.

Ба назари банда, гунаҳкори асосӣ дар ин таҷовуз худи мардум аст. Амдан онро таҷовуз номидам, то ба нафси хонанда таъсири бештар расонад. Аммо ҳадаф аз калимаи «таҷовуз» он чизе нест, дар мо қабул шудааст. Таҷовуз — гузаштан аз ҳад аст, яъне убур кардани хати сурх. Чун ин раисак, масъулини ноҳия ва худи пешвозгирандагон он хатро убур кардаанд, метавон онро бе муболиға таҷовуз номид.

Ҳар як аз ин духтарон, падар, бародар, амак, бобо тағо доранд. Ва агар онҳо бист нафаранд, камаш 20 падар, 40 бародар, 40 амак, 40 тағо ва 20 бобо масъули ҳифзи номуси онҳо ва худ ҳастанд. Як раисаки аблаҳ ба номуси ҳади ақал 150 мард таҷовуз кардааст (инҷо ҳам таҷовуз ба маънии аз ҳад гузаштан) ва ЯК нафар пайдо нашудааст баланд шаваду бинии ин бодирингро шиканад. Вақте 150 нафар иҷоза додаанд як аблаҳ бо таҳқири тамом саворашон шавад, оё ин 150 нафар гуанҳкоранд ё он як бодиринг?

Гоҳе, вақте ин гуна ҳарфҳоро менависам, баъзе дӯстон эрод мегиранд, ки чаро аз худат таъриф мекунӣ? Аммо ҳадаф худтаърифкунӣ нест, балки масал мезанам ва ҳар чое мисоли дигареро ёд надорам, аз худам мезанам. Ҳоло ҳам як мисол. Метавонед чун масал қабул кунед, метавонед чун худтаърифкунӣ, ихтиёратон. Ман БОРЕ ҳам иҷоза надодаам писаронам (духтарро як тараф гузорем) дар ҳеҷ «маршировка» ё қабулу гусели ҳеҷ як мансабдоре, сар аз раисҷумҳур то раиси вилояту дигаронаш, ширкат кунанд. Ва барои ин кор касе ҳатто боре напурсидааст чаро иҷоза намедиҳам, чӣ расад ба аз мактаб рондани писаронаму ба ҷавобгарӣ кашидани худам. Баръакс, рӯзҳои «маршировка» ё қабулу гусел, ба писаронам мегуфтанд, ки мактаб наоянд (то дигарон аз онҳо пайравӣ накунанд). Ва ин баҳонае, ки бисёриҳо меоранд, ки гӯё агар фарзандашон дар ин гуна маъракаҳо ширкат накард аз мактаб донишгоҳ меронанд ё худашонро ҷазо медиҳанд, дурӯғ ва худсафедкунӣ аст.

Фаразан агар ҳам ронданд, хуб баъд чӣ? Магар мактабу донишгоҳ аз номуси шумо пурқадртар аст? Агар фаразан худи шуморо зиндон карданд, ки духтаратро ба пешвози кадом бодиринге иҷоза надодӣ, магар зиндон бароятон беҳтар аз ин беномусӣ нест?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: