Перейти к содержимому

Аз пандҳои ҳакимон

* Ҳар кӣ айби хеш ҷӯяд, руҳаш пок шавад.

* Тамаъ озодро банда мекунад ва қаноат бардаро озод.

* Забон ҳаҷмаш кучак ва гуноҳаш бузург аст.

* Дӯсти ту касе аст, ки ба ту рост гӯяд, на тасдиқат кунад.

* Дар хайр исроф нест, чунон ки дар исроф хайре нест.

* Зиндагӣ иборат аст аз: соате, ки мегузарад ва номулойимоте, ки такрор мешаванд.

* Агар нодонон сукут кунанд, ихтилоф аз миён бархезад.

* Такмили ҷавонмардӣ ба ин аст, ки ҳаққи худро фаромӯш кунӣ ва ҳаққи дигаронро ба хотир супорӣ.

* Чун ба касе бад кунӣ, онро бузург шуморӣ, ва чун ба ту бад кунанд, онро кучак ҳисобӣ.

* Ҳар кӣ дар роҳи бародараш чоҳе биканад, худ дар он афтад.

* Ҳар кӣ атояш зиёд бошад, дӯстони фаровон дорад.

* Бандаи Ҳақ озод аст.

* Барои нигаҳдории илм, ҳеч чиз чун базли он ба аҳлаш нест.

* Ба Луқмони Ҳаким гуфтанд: ту ғуломи фалон қабила нестӣ?

Гуфт: бале.

Гуфтанд: аз чӣ рӯ ба ин мақом (мақоми ҳикмат) расидаӣ?

Гуфт: ростгӯӣ, амонатдорӣ, кори беҳуда накардан, пӯшидани чашм (аз номаҳрам ва айбҳои мардум), нигаҳдории забон ва маноати табъ.

Баъд идома дод: ҳар кӣ аз ин поя камтар бошад, аз ман пойинтар аст, ва ҳар кӣ бештар бошад, болотар, ва ҳар кӣ дар ин рутба бошад, мисли ман аст.

(Насоеҳ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: