Перейти к содержимому

Дурӯғҳои шохдори як файласуфнамо

Агар дар ин баёния, чизе пайдо кардед, ки битавон аз лобалои он, “ҳадафҳо”-и мавриди назари шумо истинбот шавад, дар ин сурат, воқеан шоистаи унвони “доктори илмҳои фалсафа” ҳастед, вагарна, касе ҷуз як пиёданизоми “Фабрикаи ҷавоб” нестед.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дурӯғ ё шохдор аст ё бешох. Дурӯғи шохдор он аст, ки дурӯғ буданаш ба ҳадде тоблуст, ки ҳар ки бишнавад, мефаҳмад дурӯғ аст, бар хилофи дурӯғи бешох, ки одам бояд хеле зирак бошад, то бифаҳмад ҳарфи тараф дурӯғ аст.

Дурӯғе, ки ахиран як файласуфнамо дар гуфтугӯяш бо хабаргузории “Ховар” гуфта, аз навъи аввал аст, яъне шохдор аст ба ҳадде, ки дурӯғ будани он барои ҳар инсоне ҳувайдост.

Агар ин дурӯғи шохдор аз сӯи як пиёднизоми “Фабрикаи ҷавоб” гуфта мешуд – ки одат кардаем – банда чандон таваҷҷӯҳе намекардам ва вақтамро сарфи ҷавоб навиштан ҳам наменамудам, аммо ин дурӯғ дар забони касе ҷорӣ шудааст, ки тибқи он чи “Ховар” мегӯяд, “доктори илмҳои фалсафа” ва “муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” будааст. Фарде ба номи Рустам Ҳайдаров.

Ин “файласуфнамо” – ки ҳайф аст унвони шарифи файласуф барои якчунин афроде итлоқ шавад – дар ин гуфтугӯ, дар посух ба пурсиши хабарнигор, ки мепурсад: “Паймони Миллии Тоҷикистон чӣ ҳадафҳо дорад ва фаъолияти сомонаҳои ин ташкилот ба амнияти мамлакат чӣ гуна таҳдид мекунад?”, 8 мавридро ба унвони “ҳадафҳои” ПМТ бармешумурад, ба ин тартиб:

а) бо зурӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва халалдор кардани тамомияти арзии Тоҷикистон;

б) вайрон кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) бо роҳи зӯрӣ ба даст гирифтани ваколатҳои ҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) ташкили созмону ташкилотҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ғ) амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) дар ҷомеа барангехтани ихтилофи нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин зиддиятҳои иҷтимоии марбут ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) паст задани шаъну шарафи миллии тоҷикон;

ё) роҳандозӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои ҷиноятӣ дар асоси душмании ақидавӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ё дар асоси бадбинӣ ё душманӣ нисбат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.”

Маълум нест ин “файласунамо” аз куҷо ин “ҳадафҳо”-ро ёфта ва ба унвони “ҳадафҳо”-и ПМТ бармешумурад? Оё ПМТ боре дар баёния ё изҳороте якчунин аҳдоферо барои худаш унвон дошта ва гуфта, ки масалан, аҳдофи мо иборат аз инҳост?! Ё дар зарфи яку ним сол аз фаъолият, аз ПМТ амале содир шуда, ки битавон аз он аъмол якчунин чизеро истинбот намуд?! Ё дар суханрониҳои раиси ПМТ дар ин муддат — ки то ин замон ҳудуди 20 (камтар ё бештар) суханронӣ дошт ва дар онҳо аҳёнан дар бораи аҳдоф ва барномаҳои ПМТ ҳам сухан гуфтааст – метавон чизе аз ин қабил “ҳадафҳо”-ро пайдо кард?!

Одам воқеан шигифтзада мешавад вақте бо инчунин дурӯғҳои шохдоре рӯ ба рӯ мешавад, он ҳам аз забони фарде, ки унвони “доктори илмҳои фалсафа” дорад! Шумо хиҷолат намекашед?! Фикр мекунед, мардум ба қадре нафаҳму аҳмақанд, ки ҳар чи ба забон оваред, боварашон мешавад?!

Кадом “созмону ташкилотҳои мусаллаҳ”?! Агар суроғ доред, моро ҳам лутфан бохабар кунед, то бидонем!

Кадом “фаъолияти теруристӣ”?! Кадом “барангехтани ихтилофи нажодӣ, миллӣ, динӣ…”?! Оё ин раиси ПМТ буд, ки аз болои минбар мухолифонашро “шиъа” хонд ва сипас билофосила пас аз ин суханронӣ, чанд нафар аз аъзо ва ҳаводорони зиндонии ҲНИТ ба иттиҳоми “шиъа” будан сар аз танашон ҷудо мешавад?! Шумо адресро иштибоҳ нагирифтед?!

Кадом “халалдор кардани тамомияти арзии Тоҷикистон”?! Оё ин ПМТ аст, ки порае аз хоки Тоҷикистонро ба бегона фурӯхта ё касе дигар?! Адрес иштибоҳ нашуда мабодо?!

Кадом “паст задани шаъну шарафи миллии тоҷикон”?! Оё ин ПМТ аст, ки дар сармои шадид духтаронеро барои истиқбол аз ин ё он мақом водор ба истодан ва курниш дар баробари онҳо мекунад?! Ин аст “паст задани шаъну шарафи миллат”. Адрес бароятон иштибоҳ нашуда ҷаноби “файласуф”?!

Агар намедонед ҷаноби “файласуф”, бароятон ёдовар мешавам. Паймони Миллии Тоҷикистон асосистарин аҳдофи худро дар “Эъломияи таъсисӣ”-и худ (ки дар таърихи 9 сентябри соли 2018 мунташир карда) овардааст, ки ба шарҳи зерин аст:

Бо дар назар гирифтани зарурати иттиҳод барои муқобила бо солҳо диктатории беқонунӣ ва беадолатӣ, нокоромадӣ ва каҷрафториҳо, ки Тоҷикистонро ба яке аз чаҳор кишвари фақиртарини дунё табдил додааст; ғайриқобили қабул ва ғайриконститутсионӣ будани табдил ёфтани Тоҷикистон ба салтанати хонаводагӣ; бо таваҷҷӯҳ ба зарурати ислоҳоти решаӣ дар баробари рушди таҳдидҳо ба кишвар ба хотири фасоди саросарии мақомоти давлатӣ, масъулияти худ дар баробари насли ҳозир ва ояндаи Тоҷикистонро эҳсос намуда,

мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар зер имзои худро гузоштаем,

— баҳри татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон;

— ба мақсади эҷоди шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодии баробар барои ободии ҳар хонавода ҳамчун асоси рушд, субот ва шукуфоии кишвар;

— барои сохтани ҷомеаи ҳамоҳанг ва масъул бо вуҷуди танаввуъ (гуногунӣ)–и шаҳрвандонаш; ҷомеае, ки руҳияи эҳтироми мутақобил, таҳаммул, дастгирӣ ва бародарӣ байни шаҳрвандонаш ҳукмфармост; ҷомеаи, ки маънавият ва арзишҳои волои инсонӣ афродашро гирди ҳам оварда, ва дар як калом, барои эҷоди зербинои хонаи муштараки ҳамаи мо, ки дар он, ваҳдати миллии воқеӣ ҳоким бошад; ваҳдате бархоста аз ҳар як аз мо ва муҳофизаткунанда ҳар якамонро;

— ба манзури эҷод ва ҳифзи шароит барои эҳёи ҳуқуқи ҳар шаҳрванд; ҳаққи озодии баён, андеша, виҷдон, чамъомад ва гирдиҳамоӣ, ҳаққи ҳаёт, меҳнат, рафту омад, ҳаққи дарёфти хизматрасонии босифати тиббӣ, омӯзиш, ҳаққи таъмин шудан ба манзил, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

— ба хотири эҷод ва ҳифзи шароит барои баргузории интихоботҳои озод ва шаффоф дар ҳамаи сатҳҳо, эҷоди як принсипи бечунучаро барои интиқоли мусолиматомез ва қонунии қудрат дар муддати муайяншуда барои ҳамагон;

— ба манзури анҷоми ислоҳоти решаӣ ва ҳамаҷониба ҷиҳати бинои як кишвари қавӣ ва аз назари иқтисодӣ рушдёфта, ки сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро, чӣ дар робитаҳои дуҷониба ва чӣ дар шаклҳои дигар, барои манофеъи миллӣ пеш мебарад; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи мо озод таваллуд шудаем, бо истифода аз ҳаққи фитрии худ дар таъсиси созмонҳо,

Эълом медорем:

Мо, имрӯз, дар 27-умин солгарди қабули Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон, ки бо дархости нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар тазоҳурот дар Душанбе дар муқобили бинои парлумон сурат гирифта буд, бо идомаи муборизаи касоне, ки барои истиқлоли Тоҷикистон талош кардаанд, тамоми нерӯҳои худро муттаҳид сохта, Паймони Миллии Тоҷикистонро, ки рӯи он барои ҳама боз аст, таъсис намудем.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон

Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

09.09.2018

Варшава

* * *

Агар дар ин баёния, чизе пайдо кардед, ки битавон аз лобалои он, “ҳадафҳо”-и мавриди назари шумо истинбот шавад, дар ин сурат, воқеан шоистаи унвони “доктори илмҳои фалсафа” ҳастед, вагарна, касе ҷуз як пиёданизоми “Фабрикаи ҷавоб” нестед.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: