Перейти к содержимому

Намояндаи мусалмони Кунгураи Омрико иттиҳоми ҷосусӣ барои Эронро рад кард

Илҳон Умар, намояндаи мусалмони Кунгураи Омрико, иттиҳомоти матраҳшуда дар бархе расонаҳои саудӣ дар бораи ҷосусии ӯ барои Эронро рад кардааст.

Дафтари ин намояндаи 38-солаи Кунгураи Омрико дар посух ба рӯзномаи Jerusalem Post иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи як шоҳиди додгоҳӣ дар иёлати Флуридо мабнӣ бар ирсоли иттилооти ҳассос аз сӯи ӯ ба Эрон бо воситаи Қатарро рад кардааст.

Дафтари Илҳон Умар ба ин рӯзнома гуфтааст: “Аз замоне, ки ӯ (Илҳон Умар) ба намояндагии Кунгура интихоб шуд, Арабистони Саудӣ ва ҳамдастонаш теуриҳои тавтиа ва иттилооти гумроҳкунанда дар мавриди ӯ мунташир мекунанд.”

Сухангӯи дафтари ин намояндаи мусалмони Кунгураи Омрико достони сохтаву пардохтаи расонаҳои саудӣ алайҳи Илҳон Умарро ғамангез тавсиф карда ва таъкид карда ин намояндаи Кунгураи Омрико “ба фаъолиятҳои худ алайҳи нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноёти ҷангӣ дар ҳар ҷои дунё ва кӯдаккушӣ дар Яман, фориғ аз омилҳои он, идома хоҳад дод.”

Гуфтанист тайи рӯзҳои гузашта бархе расонаҳои вобаста ба давлати саудӣ иттиҳомотеро алайҳи Илҳон Умар матраҳ кардаанд. Бар асоси ин иттиҳомот, Илҳон Умар бо ҳимояти молии давлати Қатар ба Кунгура роҳ ёфта ва ба воситаи Қатар иттилооти ҳассосеро ба давлати Эрон мунтақил кардааст.

Ин иттиҳомот бар асоси шаҳодати Олен Бандар, як бозаргони кувейтитабори шаҳрванди Конодо матраҳ шуда, ки дар ҷараёни додгоҳи Шайх Холид бен Ҳамад бен Халифа Оли Сонӣ, бародари нотании амири Қатар дар иёлати Фулуридои Омрико матраҳ шудааст. Шайх Холид муттаҳам аст ба муҳофизони худ дастур дода ду шаҳрванди омрикоиро бикушанд ва як шаҳрванди дигари омрикоиро ба гаравгон бигиранд.

Олен Бандар, ки бо видеуконфронс аз шаҳри Турунтуи Конодо барои додгоҳе дар иёлати Флуридои Омрико алайҳи Шайх Холид шаҳодат дод, ба ин додгоҳ гуфта: “Муҳаммад бен Аҳмад бен Абдуллоҳ Оли Маснад, мушовири умури амниятии амири Қатар ва ҳамчунин ду мақоми аршади дигари Қатар ба ӯ гуфтаанд агар пулҳои Қатар набуд, Илҳон Умар ҳанӯз як паноҳандаи сумолиёӣ дар Омрико буд, ки хидматкорӣ мекард ва дар интизори охири ҳафтаҳо барои гирифтани инъоми рӯи миз мемонд.”

Илҳон Умар равобити муташанниҷе бо Тромп ва давлати “Исроил” ва низ Арабистони Саудӣ дорад. Тромп пештар борҳо ба ӯ тавҳин карда ва давлати “Исроил” низ дар тобистони имсол ба ӯ иҷозаи сафар ба каронаи бохтарии Фаластинро надод. Ин мамнӯияти сафар ба дархости Тромп аз “Исроил” анҷом шуд, аммо баъдҳо давлати “Исроил” эълом кард, ки иҷозаи ин сафарро содир мекунад, аммо Илҳон Умар ва Рашида Талиб — дигар намояндаи мусалмони Кунгураи Омрико (ки фаластинитабор аст) дар ниҳоят аз анҷоми ин сафар мунасриф шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: