Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (393)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (6)

* * *

Ин набошад, мо чӣ арзем, эй ҷавон,

Кай шавем ойини рӯйи некувон?

Эй ҷавон! Агар ин тавр набошад, мо чӣ арзише дорем? Яъне агар хоссияти намоён кардани ҳақиқату садоқат дар мо набошад, чӣ арзише дорем? Ва кай метавонем ҷилвагоҳи рухсори хубрӯён (ҳақиқат) бошем?!

Лек даркаш дар намад ойинаро,

Гар таҷаллӣ кард Сино синаро.

Вале, эй Зайд, ойинаи ҷаҳоннамои дилро бипӯшон ва ин қадр аз ҳақоиқу асрор фош макун ва ин таҷаллиёти синаро, ки аз Синои илоҳӣ ношӣ шуда пӯшида дор.

Сино: ишора ба Тури Сино.

Гуфт: охир ҳеч гунҷад дар бағал,

Офтоби Ҳаққу хуршеди азал?

Зайд ба ҳазрати Расул (с) гуфт: оё офтоби ҳақиқат ва хуршеди азал, дар бағали инсон ҷой мегирад? Яъне қалби инсон метавонад ҷойгоҳи Худо бошад?

Ҳам бағалро, ҳам дағалро бардарад,

Не ҷунун монад ба пешаш, не хирад.

Он хуршеди азал ва шамси ҳақиқат, ҳам дағалро аз ҳам медарад ва ҳам бағалро ва билохира худро зоҳир мекунад. Дар баробари он, на девонагӣ мемонад ва на ақл.

Гуфт: як исбаъ чу бар чашме ниҳӣ,

Бинӣ аз хуршед оламро тиҳӣ.

Ҳазрати Расули Акрам (с) ба Зайд фармуд: ба унвони мисол, агар ту як ангуштро бар рӯи чашмонат бигузорӣ, дунёро аз офтоб холӣ хоҳӣ дид.

Исбаъ: ангушт.

Як сари ангушт пардай моҳ шуд

В-ин нишони сотирий Аллоҳ шуд.

Як сарангушт, ки бар чашм ниҳода мешавад, пардаи моҳ мегардад, ва ин мисол нишонаи саттор будани Худованд аст.

Сотир: пӯшонанда, ва сотирӣ пӯшонандагӣ.

Нукта: Агар Ҳақ Таъоло бар дидаи қалб ангушти сатторият бигузорад, дидаи дил қодир нахоҳад шуд, ки анвори зоҳир ва таҷаллиёти боҳири ӯро дарк кунад. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1289)

То бипӯшонад ҷаҳонро нуқтае,

Хасф гардад офтоб аз сақтае.

То ин ки як нуқта яъне сарангушт ҷаҳонро бипӯшонад ва аз назар маҳв кунад ва хуршед низ бар асари уфтодан аз мадори худ, дучори кусуф гардад.

Сақта: уфтодан, суқут кардан.

Нукта: Кусуфи хуршед навъе гирифтагӣ аст, ки зимни он, тамом ё қисмате аз хуршед торик ба назар мерасад. Ва ин вазъ замоне пеш меояд, ки моҳ байни замину хуршед қарор гирад. Вале аз назари қудамо, уфтодани хуршед ё моҳ аст дар яке аз уқдатайн, уқдаи раъс ва уқдаи занб. (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.626) Ва ҳамин таъриф бо маънои калимаи “сақта” (уфтодагӣ ва суқут) татобуқ дорад, албатта барои мисроъи дуввум вуҷуҳи дигаре низ баршумурдаанд, ки чандон дуруст нест. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1.с.1019)

Лаб бибанду ғаври дарёе нигар,

Баҳрро Ҳақ кард маҳкуми башар.

Эй Зайд! Лаб фурӯ банд ва жарфои дарёи асрори илоҳӣ ва ҳақоиқи раббониро нигар. Ин Ҳақ Таъолост, ки ин дарёро дар ихтиёри башар қарор додааст.

Ғавр: жарфо ва умқи ҳар чиз.

Нукта: Солик муҷоз нест, ки дарёфтҳо ва шуҳудҳои худро барои ҳар касе бозгӯ кунад, балки кетмони асрор аз шурути сулук аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1.с.1019)

Ҳамчу чашмай Салсабилу Занҷабил,

Ҳаст дар ҳукми биҳиштийи ҷалил.

Монанди чашмаи Салсабил ва Занҷабил, ки Ҳақ Таъоло онҳоро дар ихтиёри биҳиштиёни воломақом қарор додааст.

Нукта: Салсабил ба маънои нарм, равон, оби гуворо, ва номи чашмаест дар биҳишт. (Китобул-мутаваккилӣ, с.25) Ин вожа аслан форсӣ аст, ки дар Қуръон, сураи Даҳр, ояти 18 низ омадааст:

عَيْنًا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلْسَبِيلً

Дар биҳишт чашмаест, ки онро Салсабил номанд.”

Занҷабил гиёҳест хушбӯ. Ин вожа низ форсӣ аст, ки дар Қуръон, сураи Даҳр, ояти 17 омада:

وَيُسْقَوْنَ فِيهَا كَأْسًا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا

Ва эшонро ҷомест лабрез, ки омеғи он Занҷабил аст.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: