Перейти к содержимому

Раиси Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон: “Тоҷикистон бояд аз болои Эрон ба Суди Байналмилалии СММ шикоят кунад”

Назар Муъмин, раиси Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон, дар мақолае дар пойгоҳи Сентразия.ру, ки хабаргузории расмии “Ховар” матни комили онро нашр кардааст, бо баёни ин ки “бино ба иттилои Human Rights Watch, Эрон, ки айни замон дастрасӣ ба интернетро қатъ кардааст, шумораи воқеии иштирокчиёни ҳабсгардидаи тазоҳуротҳои эътирозиро пинҳон медорад, бино ба маълумоти созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар ҷараёни рӯйдодҳои охир дар ҶИЭ 140 нафар кушта, 100 нафар бе ному нишон гум шуда, то 7000 нафар ҳабс гардидаанд”, изҳор доштааст: “Чаро дар чунин вазъият Тоҷикистон то ҳол ба Суди Байналмилалии СММ доир ба амалҳои ҶИЭ, ки терроризмро рӯпӯш ва маблағгузорӣ менамояд, муроҷиат намекунад? Чун имрӯз ҳам Тоҷикистон маҷбур аст истиқлолияти худро аз сӯиқасди қувваҳои радикалии исломӣ, ки зери назорати хадамоти махсуси эронӣ қарор доранд ва ба онҳо дастгириии молиявӣ, маънавӣ, идеологӣ ва иттилоотӣ мерасонанд, ҳимоя кунад.”

Матни комили ин мақола ба нақл аз хабаргузории “Ховар” ба шарҳи зерин аст:

Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд

Бино ба иттилои Human Rights Watch, Эрон, ки айни замон дастрасӣ ба интернетро қатъ кардааст, шумораи воқеии иштирокчиёни ҳабсгардидаи тазоҳуротҳои эътирозиро пинҳон медорад. Бино ба маълумоти созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар ҷараёни рӯйдодҳои охир дар ҶИЭ 140 нафар кушта, 100 нафар бе ному нишон гум шуда, то 7000 нафар ҳабс гардидаанд.

HRW баён дошт, ки ҳукуматдорони эронӣ шумораи боздоштшудагон ва ҳалокшудагонро, ки адади дақиқи онҳо то кунун маълум нест, дидаву дониста пинҳон медоранд. Ба андешаи коршиносон, Теҳрони расмӣ ин корро барқасдона мекунад, то дар оянда эълон дорад, ки иштирокчиёни тазоҳуротҳои эътирозӣ террорист буда, гунаҳкори кӯшиши табодулоти давлатӣ буданд ва нисбаташон бояд ҳукми қатл амалӣ шавад. Дар навбати худ, созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи амрикоӣ аз ҳукуматдорони Эрон талаб доранд, ки шумораи воқеии қурбониёни бетартибиҳоро эълон намоянд.

Дар навбати худ пешвои рӯҳонии ҶИЭ Оятулло Хоманаӣ ва намояндаи расмии Эрон Рабиӣ изҳор доштанд, ки дар воқеаҳои ҷараёндошта ШМА гунаҳкоранд ва гӯё онҳоро ташкил ва маблағгузорӣ намудаанд. Бинобар ин, тарафи эронӣ нақша доранд, ки Амрикоро ба суд диҳанд.

Дар робита ба ин саволи асосноке ба миён меояд. Чаро дар чунин вазъият Тоҷикистон то ҳол ба Суди Байналмилалии СММ доир ба амалҳои ҶИЭ, ки терроризмро рӯпӯш ва маблағгузорӣ менамояд, муроҷиат намекунад? Чун имрӯз ҳам Тоҷикистон маҷбур аст истиқлолияти худро аз сӯиқасди қувваҳои радикалии исломӣ, ки зери назорати хадамоти махсуси эронӣ қарор доранд ва ба онҳо дастгириии молиявӣ, маънавӣ, идеологӣ ва иттилоотӣ мерасонанд, ҳимоя кунад.

Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) — захираи ташкилӣ мебошад, ки онро тарафи эронӣ барои пешбурди манфиатҳои худӣ дар Тоҷикистон офаридааст. Муддати ин ҳама солҳои тӯлонӣ дар паси фаъолияти террористии ҲНИ шабаҳи вазири корҳои хориҷӣ Али Акбар Вилоятӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ), ки роҳбарияти он дар содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ ва амният дар қаламрави Тоҷикистон даст доштанд, намудор буданд. Дар бойгониҳои Суди Олии ҶТ садҳо ҷилд парвандаҳои ҷиноятии амалишуда маҳфузанд, ки гуноҳи ТТЭ ҲНИ-ро, ки аъзои он бо супориши хадамоти махсуси эронӣ даҳҳо актҳои террористиро ба муқобили хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони аҳли зиё, дигар динҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони маҳаллӣ содир кардаанд, исбот мекунанд.

Фаъолияти тахрибии ТТЭ ҲНИ, ки дар шуури ҷомеаи пайрави исломи анънавӣ ақидаҳои тундравро ҷой кард, боиси сар задани ҷанги бардаркуш шуд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ба иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 10 млрд. доллари ИМА зарар расид. 2 млн. нафар шаҳрвандон гурезаю муҳоҷири маҷбурӣ шуданд.

Теҳрони расмӣ ҳаргиз мақсади исломиҳои тоҷикро дар бораи сохтани давлати исломӣ ба таври кушод дастгирӣ намекард, вонамуд мекард, ки талошҳои худро барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст. Дар натиҷаи равандҳои мушкили сиёсӣ, дар Тоҷикистон сулҳ фаро расид, ки бар ивазаш фаъолияти ҲНИ, ки аз нақшаҳои ғасби ҳокимияти давлатӣ даст накашида буд, расмӣ шуд. ТТЭ ҲНИ пурра ба пуштибонии хадамоти махсуси Эрон умед дошт ва мақсади он аз фарорасии субот дар Тоҷикистон то ба имрӯз, тағйир наёфтааст.

Нокомии ТТЭ ҲНИ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба мартабаи дипломатҳои эронии муқими Тоҷикистон ба таври манфӣ таъсир расонд. Моту мабҳут шудани онҳо дер давом накард. Дар давоми якчанд моҳ нақшаи нави ғасби яроқноки ҳокимият аз тарафи ТТЭ ҲНИ тарҳрезӣ шуд. То ин дам дипломатҳои эронӣ овозаҳоеро паҳн карданд, ки то сарнагун кардани низоми ғайриисломӣ дар ҶТ рӯзҳои башумор мондааст. Бо мақсади амалӣ кардани табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Теҳрон маблағи пулии муайян гузаронида шуда, Назарзода А.М. вазифадор карда шуд, ки миқдори калони яроқу аслиҳа харидорӣ намояд. Бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳои тахрибӣ баҳри ҳамла ва тасарруфи биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, бо роҳбарии бевоситаи роҳбарияти ҲНИ зиёда аз 20 гурӯҳи яроқнок ташкил шуда буд. Дар варақаҳои Шӯрои олии ТТЭ ҲНИ даъватҳои ҳамроҳ шудан ба «ҷиҳод» ва дар ҶТ ташкил намудани давлати исломӣ садо медоданд.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд. Дар қатори фаъолони зиндонишуда якчанд намояндагони хадамоти махсуси Эрон низ буданд.

29 сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористӣ эълон гардида (ТТЭ ҲНИ), фаъолияташ дар қаламрави ҶТ манъ карда шуд. Бо вуҷуди ин, тарафи эронӣ то ба имрӯз ин ташкилот, роҳбарият ва фаъолони онро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

Ҳамин тавр, амали террористии тобистони соли 2018 нисбати сайёҳони хориҷӣ бори дигар исбот кард, ки қатъи назар аз хоҳиши мардуми Эрон, мақсаду мароми охундҳо бе тағйир боқӣ мондааст. Иштирокчиёни акти террористӣ омодагии тахрибиро дар марказҳои таълимии Эрон гузаштаанд.

Барои расидан ба мақсадҳои гузоштааш, ҶИЭ истодагарии мутаассибона нишон медиҳад. Барои мисол, маълумотҳои дақиқ мавҷуданд, ки барои амалӣ кардани табаддулоти давлатӣ дар ҶТ дар соли 2020 хадамоти махсуси Эрон фаъолона тайёрӣ мебинанд. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда онҳо амалӣ кардани силсилаактҳои террористиро дар Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд. Соли 2018 мақомоти амнияти Тоҷикистон содиршавии акти терорристиро дар минтақаи ҷойгиршавии пойгоҳи низомии 201-уми Россяи дар Душанбе пешгирӣ карданд. Дар натиҷа 13 нафар шаҳрвандони ҶТ дастгир шуданд, ки тайёриро дар назди мураббиёни эронӣ гузаштаанд.

Имрӯз диққати асосии хадамоти махсуси ҶИЭ ба ҳадди аксар тақвият бахшидани мавқеи ТТЭ ҲНИ ва заминаи моддию молиявии он, дастгирии таблиғи ғайриконститутсионӣ ва таълими ҷангиён, диверсантҳо ва террористҳо равона шудааст. Пас аз манъи фаъолияти ТТ ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он аз ҷумла ба Эрон ва як қатор кишварҳои Аврупо фирор карданд. Бо кӯшишҳои ҷониби Эрон дар қаламрави Олмон, Австрия ва Лаҳистон ячейкаи ТТЭ ҲНИ, ки аз ҷониби Эрон маблағгузорӣ карда мешавад, созмон дода шуд. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки дар кишварҳои Аврупо қарор доранд, бо ҳамоҳангсозони эронӣ мулоқот мекунанд.

Роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ бо дастгирии ҶИЭ қаламрави кишварҳои хориҷиро ҳамчун платсдарм барои анҷоми фаъолиятҳои ғайриконститутсионӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Моҳи сентябри соли 2016 хадамоти махсуси Эрон иштироки аъзои ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаи солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карданд. Хароҷоти нақлиёт, будубош ва дигарро Эрон пардохт мекунад. Аз соли 2016 то 2018 ҷониби Эрон барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин маблағҳо барои ташкили кори манбаъҳои иттилоотӣ, пешбурди сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии таблиғгарони ҳизб истифода мешуданд.

19 марти соли 2018 хадамоти махфии Эрон 2 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА ба суратҳисоби М. Кабирӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба фаъолони ТТЭ ҲНИ дар Олмон интиқол дод.

Дар Австрия бо мақсади ташкили корҳои ташвиқотӣ ва таблиғотӣ алайҳи Ҳукумати ҶТ, хадамоти махсуси Эрон студияи телевизионии «Садои Мардум» -ро таъсис дод. Маблағи умумии ин лоиҳа 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо мақсади тақвият бахшидан ба таблиғи ТТЭ ҲНИ, Вазорати иттилоот ва СПИИ сомонаҳои иттилоотии «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» ва ғайраҳоро таъсис дод, ки дар онҳо маводҳои дорои мазмуни экстремистӣ чоп карда мешаванд. Суди Олии ҶТ фаъолияти ҳамаи ин сомонаҳоро дар қаламрави Тоҷикистон манъ кард.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон фош кардани ташкилкунандагони амалҳои террористӣ ва тахрибкориҳо, нишондодҳои ҷинояткорони боздоштшуда, далелҳо, тасдиқи шаҳодатҳои шоҳидони сершумор, ошкор намудани схемаи маблағгузории терроризм ва ғайра бояд ба дахолати ҷиноии Эрон ба корҳои дохилии Тоҷикистон хотима бахшанд. Густохии бесобиқаи баъзе намояндагони мақомоти Эрон нишон медиҳад, ки онҳо маълумотҳои пешниҳодшуда нисбат ба айбҳояшонро, ки бо далелҳои раднопазир исбот шудаанд, намепазиранд. Дар ин ҳолат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар илоҷ надорад, ба ҷуз муроҷиат намудан ба судҳои байналмилалӣ, зеро фаъолияти хадамоти махсуси Эрон аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар бар мегирад.

Назар Муъмин Абдуҷалол,

директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ ба номи А.Баҳоваддинов, доктори илм.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: