Перейти к содержимому

Чанд ҳикоят ва достони омӯзанда

Ман ҳаё мекунам

Чун Зулайхо ба доми муҳаббати ҳазрати Юсуф (а) гирифтор гардид, ҳамеша дар таҳия ва хаёли висол буд ва ҳилаҳо ва найрангҳо ба кор мебурд. Ва чунон ки машҳур аст, ҳафт хона дар якдигар сохт ва ҳазрати Юсуф (а)-ро ба хонаи ҳафтумин бурд, дарҳоро баст ва аз он ҳазрат коми дил хост. Исрор ва пойфишориро аз ҳадд гузаронд.

Дар ҳусули он ҳарчӣ муболиға кард, ҳазрат аз иртикоби он амри шанеъ инкор фармуд. Дар он хона буте буд, ки Зулайхо ӯро мепарасид. Дар вақти талаби мубошират, пардае ба сари он бут пӯшид.

Ҳазрат сабаби онро истифсор намуд. Зулайхо гуфт: ба ҷиҳати он ки бар ҳоли мо воқиф нашавад.

Ҳазрати Юсуф (а) фармуд: ҳаргоҳ аз маъбуди худ, ки ҷамоде беш нест ва шуъур бар ҳеч амре надорад, шарм мекунӣ, ман аз маъбуди худ, ки парвардигори қаҳҳор ва ягона ва донои ҳар пинҳоне аст, шарм ва ҳаё накунам? Ва худро аз дасти Зулайхо кашид ва фирор намуд.

Манбаъ: “Достонҳое аз Худо”

* * *

Ҳар ҷо ки мерафтам, Ҳақ Таъоло медидам

Абулқосим Ҷунайд ибни Муҳаммад мулаққаб ба Сайидуттоифа, аз бузургон ва машоҳири ирфон аст. Аслаш аз Наҳованди Эрон ва муқими Бағдод буд. Ва хоҳарзодаи Сиррии Сиқтӣ аст. 30 бор пиёда ба ҳаҷ рафт. Пояи тариқат ва шеваи ирфонии ӯ саҳв яъне ҳушёрӣ ва бедорӣ аст, бар хилофи пайравони Боязиди Бастомӣ, ки сакр яъне ноҳушёриро пояи тариқати худ қарор додаанд. Вай дар тариқати ирфонии худ сахт пойбанди шариат буд. Аксари силсилаҳои ирфонӣ худро ба ӯ мансуб мекунанд. Ҷунайд дар соли 297 ҳ.қ даргузашт.

Нақл аст, ки Ҷунайд муриде дошт, ки ӯро аз ҳама азизтар мешумурд ва гиромияш медошт. Дигаронро ҳасад омад. Шайх аз ҳасодати дигар муридон огоҳ шуд. Гуфт: адаб ва фаҳми ӯ аз ҳама бештар аст. Моро назар дар он (адаб ва фаҳм) аст. Имтиҳон кунем, то шуморо маълум гардад.

Фармуд, то бист мурғ овараданд ва гуфт: ҳар мурғро яке бардоред ва ҷое ки касе шуморо набинад, бикушед ва биёваред. Ҳама бигрифтанд ва бикуштанд ва бозомаданд, илло он мурид, ки мурғро зинда бозовард.

Шайх пурсид, ки чаро накуштӣ? Гуфт: Шайх фармуда буд, ки ҷое бояд мурғро кушт, ки касе набинад ва ман ҳар ҷо ки мерафтам, Ҳақ Таъоло медидам.

Шайх рӯ ба асҳоб кард ва гуфт: дидед, ки фаҳми ӯ чӣ гуна аст ва фаҳми дигарон чун?

Ҳама истиғфор карданд ва мақоми он муридро бузург доштанд.

Манбаъ: Гузидаи “Тазкиратул-авлиё”, с.298-299, бо андаке тағйир дар вожагон.

* * *

Бидонам беҳтар аст ё надонам?

Абӯрайҳони Берунӣ лаҳазоти поёнии умри пурбаракати худро тай мекард ва дар ҳоли эҳтизор буд. Яке аз фуқаҳо, ки ҳамсояаш буд, иттилоъ пайдо кард, ки Абӯрайҳон дар чунин ҳоле аст, ба иёдаташ рафт. Абӯрайҳон ҳанӯз ба ҳуш буд. То чашмаш ба фақеҳ афтод, як масъалаи фиқҳӣ аз боби ирс аз ӯ суол кард. Фақеҳ таъаҷҷуб намуд ва эътироз кард, ки ту дар ин вақт ки мемирӣ, аз ман масъала мепурсӣ?

Абӯрайҳон ҷавоб дод: ман аз ту суол мекунам, оё ман агар бимирам ва бидонам беҳтар аст ва ё бимирам ва надонам?

Фақеҳ дар ҷавоби Абӯрайҳон гуфт: хуб, бимирӣ ва бидонӣ беҳтар аст.

Фақеҳ мегӯяд: баъд аз ин ки ман ба хона баргаштам, тӯле накашид, ки фарёд аз хонаи Абӯрайҳон баланд шуд, ки Абӯрайҳон даргузашт ва дори дунёро видоъ фармуд.

Ин марди бузург дорои ҳиммате бузург дар роҳи дониш буда ва хеле барои илм ва олим арзиш қоил будааст.

Манбаъ: “Чиҳил достон ва воқеаи омӯзанда аз торихи ислом”

* * *

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: