Перейти к содержимому

Ба “Суқроте” ниёз аст, то сафсатаҳои “суфастоиёни” Окодемии улумро ошкор созад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Меҳвари баҳсҳои ин навиштор, мақолаи ҷаноби Назар Муъмин — раиси гурӯҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон дар як сойти русӣ аст, ки хабаргузории “Ховар” бознашраш карда. Аммо пеш аз пардохтан ба асли мавзӯъ, холӣ аз фоида нест ҳамроҳ бо хонандаи азиз, саре ба гузаштаи бисёр дур бизанем, яъне ба Юнони бостон.

Шояд бештари хонандаҳои азизамон бо маънои вожаи фалсафа ошно бошанд, аммо дар ҳар сурат, ёдовар мешавам. Ин вожа як вожаи юнонист ва талаффузи саҳеҳаш филусуфиё (philosophia) аст, ки аз ду калимаи филу (philo) ва суфиё (sophia) таркиб ёфта. “Филу” ба маънои дӯстдорӣ ва “суфиё” ба маънои доноӣ ё дониш аст, ва аз ин рӯ вожаи филусуфиё ба маънии “дӯстдории доноӣ” ё “дӯстдории дониш” аст, ки барои нахустин бор Суқрот ба ин унвон хонда шуда.

Инки чаро Суқрот “дӯстдори дониш” хонда шуда ва на “донишманд”, худаш достоне дорад. Ва он ин ки: пеш аз Суқрот гурӯҳе дар Юнон падид омаданд, ки худро суфист (sophist) яъне “донишманд” мехонданд. (“Суфист” ба порсӣ ва арабӣ “суфастоӣ” хонда мешавад ва мактаби фикрии онҳо низ дар миёни фалосифаи шарқ, бахусус мусалмонон, ба мактаби “сафсата” машҳур аст.) Таърих, яке аз омилҳои пайдоиши ин мактабро ривоҷи фавқулодаи фанни хитоба ва махсусан хитоба дар маҳкамаҳо медонад. Дар Юнони он даврон, ҷанҷолҳо ва кашмакашҳои молии зиёде воқеъ мешуд, ки корро ба маҳкама мекашонид ва ғолибан суфистҳо ба унвони “вакили мудофеъ” дар маҳкамаҳои умумӣ дар ҳузури ҷамъи зиёде аз тамошочиён, ба дифоъ аз ҳуқуқи муваккилони худ мепардохтанд ва хитобаҳои муассир эрод менамуданд. Онҳо саъй мекарданд барои ҳар даъвое – чӣ ҳақ ё ботил — далел биёваранд ва гоҳе барои ду тарафи даъво далел меоварданд; муҳим пуле буд, ки муваккил мепардозад, ҳар кас бештар пул медод, ба нафъи ӯ далел меоварданд. Бо мурури замон, ин эътиқод пайдо шуд, ки ҳаққу ботил ва росту дурӯғе дар воқеъ нест, балки ҳақ он чизе аст, ки инсон онро ҳақ бидонад ва ботил он чизе аст, ки инсон онро ботил пиндорад. Ҳамин амр боис гардид, ки тадриҷан вожаи суфист (донишманд) мафҳуми аслии худро аз даст бидиҳад ва мафҳуми “муғолатакор” ба худ бигирад. Вожаи сафсата реша дар ҳамин дорад. Имрӯза ҳам агар касе ҳарфҳои берабт ба забон орад, мегӯем, ӯ сафсата мегӯяд.

Нахустин касе, ки бо ин тарзи тафаккур пайкор намуд Суқрот ва пас аз ӯ шогирдаш Афлотун ва баъд аз ӯ ҳам Арастуст. Суқрот ба шиддат ба мубориза бо суфистҳо пардохт ва муғолатаҳои ононро ошкор сохт ва бо далелҳо ва бурҳонҳои қотеъ собит кард, ки ашё, қатъи назар аз идроки мо, воқеият доранд ва дорои кайфияти махсусе мебошанд. Суқрот ба иллати парҳез аз ҳамрадиф шудан бо суфистҳо, дӯст надошт ӯро донишманд (ки ба юнони суфист аст) бихонанд ва аз ин рӯ худро файласуф яъне “дӯстдори дониш” хонд.

* * *

Достони “файласуфҳо”-и Окодемии улуми Тоҷикистон дар ин охирҳо, бе шабоҳат ба достони суфистҳои Юнони бостон нест. Агар муваккилҳои (зерҳимояҳои) суфистҳои Юнон дар маҳкамаҳо сарватмандон буданд ва суфистҳо ба унвони вакили мудофеи онҳо аз росту дурӯғашон ҳимоят мекарданд, аммо маваккилони “файласуфҳо”-и Окодемии улум, ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон ҳастанд.

Чанде пеш як “файласуфнамо” ба номи Рустам Ҳайдаров дар мусоҳибае бо “Ховар” чарандиёте бофта ва аз пеши худаш як силсила “ҳадафҳое” барои ПМТ баршумурд, ки маълум нест аз куҷо онҳоро пайдо карда; ва мо ҳам ҷавобашро навиштем. Дирӯз аммо Назар Муъмин — раиси гурӯҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон (ки раиси он аввалӣ аст) дар мақолае дар сойти Cetrasia.org — ки “Ховар” бознашраш карда — чизҳое дар бораи ҲНИТ ва опозисиюн навишта, ки ба назарам, ҳатто суфистҳои Юнон ҳам агар зинда шаванд ва биёянд ва онро бихонанд, бешак ангушти ҳайрат хоҳанд газид.

Аз назари ин суфастоӣ, ҲНИТ гӯӣ сабабгори тамоми бадбахтиҳое будааст, ки пас аз истиқлол домангири кишварамон шуда, аз ҷумла:

— “боиси сар задани ҷанги бардаркуш шуд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.” Яъне на Сангаке буд, на Файзалие буд, на Ӯзбакистоне буд, на Русияе буд, на Квачкове буд, балки ҲНИТ буд;

— “ба иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 10 млрд. доллари ИМА зарар” овард;

— “2 млн. нафар шаҳрвандон гурезаю муҳоҷири маҷбурӣ шуданд.” Инаш дигар хеле аҷиб!

— “амали террористии тобистони соли 2018 нисбати сайёҳони хориҷӣ бори дигар исбот кард, ки қатъи назар аз хоҳиши мардуми Эрон, мақсаду мароми охундҳо бе тағйир боқӣ мондааст. Иштирокчиёни акти террористӣ омодагии тахрибиро дар марказҳои таълимии Эрон гузаштаанд.” Ин суфастоӣ рӯи ДОЪИШ-ро ҳам сафед кардааст!

— “маълумотҳои дақиқ мавҷуданд, ки барои амалӣ кардани табаддулоти давлатӣ дар ҶТ дар соли 2020 хадамоти махсуси Эрон фаъолона тайёрӣ мебинанд.”

— “соли 2018 мақомоти амнияти Тоҷикистон содиршавии акти терорристиро дар минтақаи ҷойгиршавии пойгоҳи низомии 201-уми Россяи дар Душанбе пешгирӣ карданд. Дар натиҷа 13 нафар шаҳрвандони ҶТ дастгир шуданд, ки тайёриро дар назди мураббиёни эронӣ гузаштаанд.”

Фақат мондааст бигӯяд, ин ҲНИТ аст, ки сабабгори “ҷанги ҷаҳонии аввал”, “ҷанги ҷаҳонии дуввум”, “ҷанги Ветном”, “ҷанги Афғонистон” ва соири ҷангҳое, ки дар дунё ба вуқӯъ пайвастааст буда.

— “аз соли 2016 то 2018 ҷониби Эрон барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст.”

— “19 марти соли 2018 хадамоти махфии Эрон 2 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА ба суратҳисоби М. Кабирӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба фаъолони ТТЭ ҲНИ дар Олмон интиқол дод.”

— “дар Австрия бо мақсади ташкили корҳои ташвиқотӣ ва таблиғотӣ алайҳи Ҳукумати ҶТ, хадамоти махсуси Эрон студияи телевизионии “Садои Мардум”-ро (марбут ба Гурӯҳи 24) таъсис дод. Маблағи умумии ин лоиҳа 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад…” Ин чаранд ҳам аз аҷоиботи рӯзгор аст!

— аз ҷумлаи сафсатаҳои ин суфастоӣ яке ҳам ин аст, ки муддаист, сомонаи “Ахбор.ком”-и Мирзо Салимпур низ аз ҷониби Эрон сармоягузорӣ мешавад…

Ва ғайра аз сафасатаҳои дигар. Зоҳиран, фақат мондааст бигӯяд, “Радиои Озодӣ” низ аз тарафи Эрон сармоягузорӣ мешавад.

Ба далели ин ки касе дар дохили кишвар нест, ки ин суфастоиёнро сари ҷояшон нишонад, хавфи ин меравад, ки ба тадриҷ ин дурӯғҳо ба як бовар табдил гардад. Аз ин рӯ, имрӯза ба як Суқроте ниёз ҳаст, ки биёяд ва дар баробари ин суфастоиёни Окодемии улуми Тоҷикистон биистад ва бо истинод ба далоил ва мадорики зинда (ки мавҷуданд, аз ҷумла суханони Квачков) сафасатаҳои онҳоро ошкор кунад ва сари ҷояшон нишонад, то дигар ҳамаро “хар” напиндоранд.

* * *

Вақте ҷаллод аз қурбонӣ шикоят мебарад…

Аз ҳама ҷолиб он, ки ин суфастоӣ мехоҳад ҳукумати Тоҷикистон аз болои ҶИЭ ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят бибарад.

Ҳол, он чи марбут ба давлати Эрон аст, ба мо рабте надорад ва худаш бояд ҷавоби ин суфастоиро бидиҳад (ки одатан таваҷҷӯҳ намекунад), аммо он чи марбут ба мост, арзам ин аст: зоҳиран барои ин суфастоӣ ҷои ҷаллоду қурбонӣ иваз шуда. Бояд ба ӯ гӯшзад кард, ки ин мо ҳастем, ки бояд на танҳо аз болои ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба хотири ин ҳама зулму ситамаш, ки ҳатто аз болои созмонҳо ва кишварҳои ба истилоҳ зомини (кафили) сулҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Эрон, низ шикоят бибарем. Чаро? Чун ин кишварҳо ба тааҳҳудот (ӯҳдадориҳои) худ дар баробари сулҳу созиш дар Тоҷикистон амал накарданд. Онҳо фақат тамошобин буданд. Аз ҳамон рӯзҳои аввали созиш, вақте як тарафи сулҳ (ҳукумат) яке пас аз дигар бандҳои марбут ба Созишномаро зери по леҳ кард, фақат тамошо карданд ва ҳеч эътирозе нанамуданд. Ва ҳатто вақте кор ба ҷое расид, ки ҳукумат протоколи маъруф ба “Протоколи 32-20” қабул кард, ки дар воқеъ марҳилаи ахири барномаи ҳазфи ҲНИТ аз арсаи сиёсии Тоҷикистон буд ва дар натиҷа ин ҳизб номаҳое эътирозӣ ба кишварҳои зомини сулҳ, аз ҷумла Эрон навишт, боз ҳам ин кишварҳо сукут карданд ва коре анҷом надоданд. Ва дар воқеъ, дар ин миён ҲНИТ қурбон шуд ва зинда ба зинда забҳ шуд, аммо ин кишварҳо коре накарданд; гӯӣ бо забони безабонӣ ба режими ҳоким дар Тоҷикистон гуфтанд, ҳар ғалате, ки мехоҳӣ бикунӣ, бикун!

Ҳол, вақте кор ба ҷое расид, ки ҲНИТ дар натиҷаи “теруристӣ” хонда шудан, маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд, ҷое надошт ҷуз Урупо. Дар ҳоле, ки ин вазифаи кишварҳои зомини сулҳ буд, ки барои аъзо ва фаъолони ҲНИТ ҷой медоданд, аммо ба “эҳтироми” ҳукумати Тоҷикистон ва шахси Раҳмон, на танҳо ҷой надоданд, ки дар мавориде аз кишварашон берун ронданд. Аммо зоҳиран барои мақомоти тоҷик ин ҳам кофӣ нест, балки исрор доранд ин кишварҳо ҲНИТ-ро (ва имрӯза ҳатто ПМТ-ро) ба пайравӣ аз тасмими оқои Раҳмон, “теруристӣ” ҳам бихонанд. Хуб, ин кишварҳо, ва ҳатто ҳеч кишваре дар дунё, ҳозир нест ҲНИТ-ро “теруристӣ” шуморад, ва аслан чаро “теруристӣ” шуморад, ба кадом далел? Ба хотири хушнудии оқои Раҳмон масалан? Вақте як гурӯҳ теруристӣ нест, чаро теруристӣ хонда шавад?!

Бинобар ин, ҳукумати Тоҷикистон бо ин навъ мақолаҳо ва сафсатаҳо, фақат дар пайи ин аст, ки навъе фишор оварад ба Эрон, ки то замоне ки “теруристӣ” нахонӣ, мо дастбардор нестем ва дигар ҳеч.

Ҳоло, ин кишвар чӣ тасмиме хоҳад гирифт, марбут ба худаш аст, аммо аламовараш ин ҷост, ки дар ин миён, ҲНИТ, ва имрӯз ҳатто ПМТ, қурбонии ин кашмакаш гардида. Воқеан мазлумият аз ин бештар намешавад. Чанд сол пеш, бо яке аз дӯстон даъвоям шуд сари ин, ки ӯ эрод мегирифт чаро ту аз ҲНИТ дифоъ мекунӣ ва масалан мақола менависӣ?! Гуфтам, ҲНИТ мазлум аст, ва воқеан мазлум аст, ва вазифаам аст, ки дифоъ кунам, вагарна ҲНИТ ва аъзояш на боре аз ман хоста, ки чизе бинависам ва на таваққӯи тақдиру ташаккуре аз онҳо дорам, ва ҳатто медонам дар миёни ин ҳизб афроде ҳастанд, ки ба хотири масоили мазҳабӣ, чандон аз ман хушашон ҳам намеояд ва дӯст доранд чизе ҳам нанависам. Аммо чун мебинам, на танҳо касе нест, ки валав як бор аз ин мазлумият бинависад, балки мисли режим ва “фабрика”-аш алайҳи ин ҳизб аҳёнан мавзеъ ҳам мегиранд, вазифаи худ медонам бинависам ва хоҳам навишт. Зеро ин мазлумият зоҳиран барои бисёреҳо ҳанӯз маълум нашуда, фикр мекунанд ҲНИТ дар ҳамон вазъе аст, ки замоне дар дохили кишвар дошт.

Мақола андаке тӯлонӣ шуд, ҳаминҷо тамомаш мекунам.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: