Перейти к содержимому

Номи Форобӣ ва Аттор дар феҳристи ЮНЕСКО ба номи Эронзамин сабт шуд // Зиндагиномаи Форобӣ ва Аттор

Пас аз пайгирӣ ва талошҳои дусола, номи Абӯнасри Форобӣ ва Аттори Нишопурӣ дар феҳристи гиромидошти Кумисиюни миллии ЮНЕСКО сабт шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдулмаҳдии Мустакин, мудири бахши фарҳанги Кумисиюни ЮНЕСКО, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин хабаргузорӣ изҳор дошт: “Саранҷом пас аз ду соли талош, номи Фаридуддин Аттори Нишопурӣ ва Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ сабти ҷаҳонӣ шуд.”

Мудири бахши фарҳанги Кумисиюни ЮНЕСКО эълом кард: “Ба зудӣ ва тайи як нишасти хабарӣ, қарор аст раванди сабти Абӯнасри Форобӣ ва Аттори Нишопурӣ дар феҳристи гиромидошти Кумисиюни миллии ЮНЕСКО ташреҳ шавад; чаро ки ду иттифоқи бузург аст, ки саранҷом муҳаққақ шуд ва номи ин ду шахсияти барҷаста дар сатҳи ҷаҳонӣ ба номи Эронзамин ба сабт расид.”

Мустакин тасреҳ кард: “Аттори Нишопурӣ таъсири мустақиме бар андешамандони пас аз худ назири Мавлавӣ ва Ҷомӣ гузоштааст. Ӯ мубдеъ ва муфассири андешаи ноби исломӣ аст ва решаҳои ҳикмати хусравонӣ дар андешаи ин бузург вуҷуд дорад. Ин хабар барои аҳолии фарҳангу ҳунар шодиофарин аст.”

Бар асоси ин гузориш, барномаҳои мутанаввеъе дар бузургдошти Абӯнасри Форобӣ ва Аттори Нишопурӣ иҷро хоҳад шуд, ки ба зудӣ эълом мешавад.

* * *

Форобӣ кист?

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ, файласуф ва донишманди Эронзамин, дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқу фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршору илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ, яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ дар соли 338 ҳиҷрии қамарӣ (950 милодӣ) дар синни 80-солагӣ дар Димишқ вафот ёфт. Муаррихони исломӣ мӯътақиданд, ки Форобӣ фарде зуҳдпеша ва узлатгузин ва аҳли тааммул буд. Рӯйгардонии ӯ аз умури дунявӣ ба ҳадде буд, ки бо он, ки Сайфуддавла барояш аз байтулмол ҳуқуқи бисёр таъйин карда буд, ба чаҳор дирҳам дар рӯз қаноат меварзид.

Форобӣ дар анвои улум беҳамто буд, чунонки дар бораи ҳар илме аз улуми замони хеш китоб навиштааст. Аз китобҳои вай маълум мешавад, ки дар улуми забон, риёзиёт, шимӣ, ҳайъат, улуми низомӣ, мусиқӣ, табииёт, илоҳиёт, улуми маданӣ, фиқҳ, мантиқ ва фалсафа дорои маҳорати бисёр будааст.

Дуруст аст, ки Кендӣ ба унвони нахустин файласуфи исломие шинохта мешавад, ки роҳро барои дигарон пас аз худ гушуд, аммо ӯ натавонист як мактаби фалсафӣ таъсис карда ва миёни масоиле, ки мавриди баҳс қарор додааст, ваҳдате эҷод кунад. Дар сурате, ки Форобӣ тавонист як мактаби комили фалсафиеро бунён ниҳад. Ибни Сино Форобиро устоди худ мешумурд ва Ибни Рушд ва дигар ҳукамои исломӣ барояш эҳтироми фавқулодае қоил буданд. Дар суннати фалсафаи исломӣ, Форобиро баъд аз Арасту — ки мулаққаб ба “Муаллими Аввал” буд — “Муаллими Сонӣ” лақаб додаанд.

(Манобеъ: Донишномаи рушд, Сойти Tahoor)

* * *

Аттор кист?

Фаридуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Абӯбакр ибни Иброҳим машҳур ба Шайх Аттори Нишопурӣ, дар соли 540 ҳ.қ (мусодиф бо 1145 милодӣ) дар Кадкан, яке аз рустоҳои Нишопур чашм ба ҷаҳон гушуд.

Падари ӯ аттор ва табиби Нишопур буд. Фаридуддин низ дар пешаи атторӣ ва табобат ба пеш рафт, то дар авосити умр бар боли ирфон нишаст ва роҳе ба сӯи осмон ёфт ва бо қалами шеър раванди суъуди хешро оғоз намуд.

Ҳаким Аттори Нишопурӣ чунон дар ирфон ба пеш рафт ва аз зиндони худ озод шуд, ки Мавлоно дар тавсифи сайри ирфонии ӯ чунин гуфтааст:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Қиссаи сайри ирфонии Аттор аз он ҷо оғоз мешавад, ки рӯзе Аттор дар мағозаи атториаш нишаста буд ва машғули коре буд, ки марде жӯлида ба мағозааш омад ва масъалаеро бо ӯ дар миён гузошт. Аммо Аттор ҳамчунон ба кори худ машғул буд ва ҳеч гуна таваҷҷӯҳе ба он мард накард. Дар ниҳоят он мард хашмгин шуд ва бо лаҳне шадид хитоб ба Аттор гуфт: “Ту ба шиддат машғули умури дунё шудаӣ ва аз ҳама чиз ғофилӣ, пас чӣ гуна мехоҳӣ ҷон бидиҳӣ?

Вақте мард ин суханро ба Аттор гуфт, Аттор дарёфт, ки ӯ як дарвеш аст. Ба ӯ гуфт: “Эй дарвеш! Магар ту чӣ гуна мехоҳӣ ҷон бидиҳӣ?

Он дарвеш косаи чӯбинеро, ки дасташ буд зери сараш гузошт ва ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.

Аттор баъд аз мушоҳидаи ҳоли дарвеш, даст аз касбу кор кашид ва ба хидмати Ориф Рукнуддин рафт, ки дар он замон орифи маъруфе буд ва ба риёзат ва муҷоҳидат бо нафс машғул шуд ва чанд сол аз умри худро дар хидмати ин орифи бузург гузаронид.

Ин воқеа тавонист таъсире жарф бар андешаи Аттор бигузорад ва заминаи вуқӯи як ҷаҳиши фикрӣ дар адабиёт ва фалсафаи қарни панҷум ва шашум ва қарнҳои баъдро фароҳам созад.

Қасоиди баланди сӯфиёна ва маснавиҳои орифона ва осоре ба номҳои “Асрорнома”, “Илоҳинома”, “Мантиқут-тайр”, “Мусибатнома”, “Мухторнома”, “Тазкират ул-авлиё” ва девони ашъор осоре ҳастанд, ки дар натиҷаи таҳқиқи дуктур Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ, аз осори парокандаи Фаридуддини Аттори Нишопурӣ гирдоварӣ шудаанд.

Аттор низ ҳамчун бисёре аз андешамандони замони худ, бахше аз умри худро ба сайру сафар гузаронд ва ба расми соликон ҳаддиақал як бор ба Макка сафар кард.

Аттори Нишопурӣ дар замони ҳамлаи муғулон ба Нишопур ба шаҳодат расидааст. Шайх Баҳоуддин дар китоби маъруфи худ “Кашкул” ин воқеаро чунин таъриф мекунад, ки вақте лашкари муғул ба Нишопур расид, аҳолии Нишопурро қатли омм карданд ва зарбати шамшере тавассути яке аз муғулон бар дӯши Шайх хӯрд, ки Шайх бо ҳамон зарбат аз дунё рафт. Ва нақл кардаанд, ки чун хун аз захмаш ҷорӣ шуд, Шайх донист, ки маргаш наздик аст, он гоҳ бо хуни худ бар девор ин рубоиро навишт:

Дар кӯйи ту расми сарфарозӣ ин аст,

Ушшоқи туро камина бозӣ ин аст.

Бо ин ҳама аз лутфи ту навмед наям,

Шояд, ки туро банданавозӣ ин аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: