Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (394)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (7)

* * *

Чор ҷӯйи ҷаннат андар ҳукми мост,

Ин на зӯри мо, зи фармони Худост.

Чаҳор наҳри биҳишт дар ихтиёру фармони мост. Ин нусрат аз зӯру қуввати мо нест, балки аз фармони Худост.

Ҳар куҷо хоҳем, доремаш равон

Ҳамчу сеҳр андар муроди соҳирон.

Он ҷӯйборҳоро ба ҳар куҷо, ки бихоҳем, равон мекунем, монанди сеҳр, ки соҳирон ҳар гуна, ки бихоҳанд, онро ба кор мегиранд.

Ҳамчу ин ду чашмаи чашми равон,

Ҳаст дар ҳукми дилу фармони ҷон.

Дуруст монанди чашмҳои одамӣ, ки саропо дар ихтиёри дил аст ва дил ҳар гуна, ки бихоҳад, онҳоро дар ихтиёри ирода ва майли худ қарор медиҳад.

Гар бихоҳад, рафт сӯйи заҳру мор,

В-ар бихоҳад, рафт сӯйи эътибор.

Агар дил бихоҳад, чашмҳо ба сӯи заҳру мор мераванд, яъне чашмҳо ба тарафи умури ҳаром мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ва агар дил бихоҳад, чашмҳо ба сӯи ибрат гирифтан меравад ва аз ҳама чиз ибрат мегирад, низ ба умури воло майл мекунад.

Гар бихоҳад, сӯйи маҳсусот рафт

В-ар бихоҳад, сӯйи малбусот рафт.

Агар дил бихоҳад, чашмҳо ба сӯи маҳсусот равад, ва агар бихоҳад, ба сӯи малбусот меравад.

Малбусот: чамъи малбус, ба маънои ҷома, пӯшиданӣ.

Нукта: Акбарободӣ малбусотро ҳамон маъқулот медонад ва боз мегӯяд: “Мақсуди ин байт ва байти оянда яке бошад ва метавонад, ки мурод аз малбусот омм бувад мар сувари хаёлия ва маъонии куллия ва ҷузъияро.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.285)

Гар бихоҳад, сӯйи куллийёт ронд

В-ар бихоҳад, ҳабси ҷузвийёт монд.

Агар дил бихоҳад, чашмҳоро ба сӯи кулиёт мекашонад. Ва агар дил бихоҳад, чашмҳоро дар ҷузъиёт нигаҳ медорад.

Ҳамчунин ҳар панҷ ҳис чун ноиза

Бар муроду амри дил шуд ҷоиза.

Ҳамин тавр ҳавосси панҷгона монанди лӯлаву найи миёнхолӣ бар тибқи фармону ишораи дил ҷорӣ мешаванд ва ба кор меафтанд.

Ноиза: ноижа, лӯлаи ибриқ ва офтоба ва ҷуз он. Ҷоиза: равоншаванда, даргузаранда.

Ҳар тараф, ки дил ишорат кардашон,

Меравад ҳар панҷ ҳис доманкашон.

Ба ҳар сӯ, ки дил ба он панҷ ҳисс ишора кунад, бедиранг бад-он сӯ мераванд.

Доманкашон: киноя аз хиромидан ва бо нозу карашма роҳ рафтан.

Дасту по дар амри дил андар мало,

Ҳамчу андар дасти Мӯсо он ъасо.

Ҳамон тасарруферо, ки ҳазрати Мӯсо (а) дар ҳузури нозирон дар ъасо дошт, қалб низ дар дасту по ҳамон гуна тасарруф дорад.

Андар мало: зоҳир, дар пеши чашми ҳозирон.

Дил бихоҳад, по дарояд з-ӯ ба рақс,

Ё гурезад сӯйи афзунӣ зи нақс.

Агар дил бихоҳад, по фавран ба рақс дармеояд, ва ё аз нақсу костӣ рӯ ба камолу фузунӣ меравад.

Дил бихоҳад, даст ояд дар ҳисоб,

Бо асобиъ, то нависад ӯ китоб.

Агар дил бихоҳад, даст шурӯъ ба ҳисоб мекунад, ва ё ин ки он даст китоб менависад.

Асобиъ: ҷамъи исбаъ ба маънои ангушти дасту по.

Даст дар дасти ниҳонӣ мондааст,

Ӯ дарун, танро бурун биншондааст.

Ин дасти зоҳирӣ ва узвӣ тамоман дар ихтиёри он дасти ботинӣ аст, ки номаш дил аст, ва худаш дар дарун қарор дорад ва танро дар берун нишондааст. Яъне худи дил мастуру махфӣ аст ва тану колбади ҷисмониро олати феъли худ кардааст.

Гар бихоҳад, бар адӯ море шавад

В-ар бихоҳад, бар валӣ ёре шавад.

Агар дил бихоҳад, даст алайҳи душман море газанда мешавад. Ва агар дил бихоҳад, даст барои дӯст ёру кӯмаккор мегардад.

В-ар бихоҳад, кафчае дар хурданӣ

В-ар бихоҳад, ҳамчу гурзи даҳманӣ.

Агар дил бихоҳад, даст монанди кафча ва қошуқ василаи хӯрдани ғизо мешавад. Ва агар дил бихоҳад, даст монанди гурзи даҳманӣ мешавад ва бар сари хасм фуруд меояд.

Дил чӣ мегӯяд бад-эшон? Эй аҷаб!

Турфа васлат, турфа пинҳонӣ сабаб.

Шигифто, дил ба ин аъзову ҷавореҳ чӣ мегӯяд? Аҷаб васлате миёни дил ва аъзои бадан аст, ки ақл аз дарки он ҳайрон мешавад.

Дил магар мӯҳри Сулаймон ёфтаст?

Ки маҳори панҷ ҳис бартофтаст.

Дил магар мӯҳру ангуштарии Сулаймонро пайдо карда ва дар кишвари вуҷудаш ҳамонанди Сулаймон (а) мақом ёфта, ки маҳори ҳавосси панҷгонаро ба даст гирифтааст?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: