Перейти к содержимому

Ақл ва ишқ

Кадом замон барои як инсони диндор оромиш даст медиҳад?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Файласуф, абзори ковишаш ақл аст. Ақли инсон фақат дар баъзе масоил (масалан, масоили риёзӣ) муваффақ ба кашфи воқеият (ҳамон тавр ки ҳаст) мешавад, аммо дар масоили дигар, бахусус масоили метафизикӣ, хеле андак аст, ки муваффақ ба дарки воқеият шавад, зеро инсон билохира ақлаш маҳдуд аст, чӣ бихоҳем ё нахоҳем. Бинобар ин, ҳамеша барояш суол матраҳ мешавад. Ва иттифоқан, шумо ҳарчи бештар бидонед, суолҳоятон бештар шудан мегирад.

Ҳол, бо ин ҳисоб, оё наметавон ба ҳалли ин мушкилот (мушкилоти метафизикӣ мисли вуҷуди Худо ва дин ва ин қабил масоил) ба сурати ниҳоӣ муваффақ шуд?

Ҷавобаш ин аст: агар такяи мо фақат ақл бошад, ҷавоб манфӣ аст. Яъне, ҳаргиз муваффақ ба ҳалли онҳо ба сурати ниҳоӣ нахоҳем шуд.

Пас, бояд чӣ кор кард?

Урафо мӯътақиданд (ва дуруст ҳам ҳаст), ки пойи “истидоли ақлӣ ва мантиқӣ” чӯбин аст, одам бояд бо абзори “дил” (ва ё ишқ ба таъбири онҳо) даст ба кор шавад. Хуб ин яъне чӣ?

Урафо мегӯянд, ақли инсон моро то ҷойе метавонад бибарад, вале ба ҷиҳати маҳдудият, аз бурдан то охир оҷизу нотавон аст. Урафо ҳаргиз нақши ақл ва истидлоли ақлӣ ва мантиқиро мункир нестанд, балки ҳарфашон ин аст, ки ақл моро то охири манзил наметавонад бибарад, то дари манзил мебарад, аммо тавони бурдан ба дохили манзилро надорад.

Аммо “дил” (ва ё ишқ ба таъбири урафо) қодир ба ин кор аст. Вақте инсон нафсашро аз олудагиҳо пок созад, он вақт дар руҳи инсон ҳақиқат худаш мунаққаш мешавад (достони румиҳо ва чиниҳо дар Маснавиро бихонем), вақте инсон дуруст сайру сулуки маънавиро анҷом диҳад, то ба ҷое мерасад, ки на танҳо медонад, балки меёбад. Ба ин маъно, ки ӯ Худоро меёбад (на ин ки фақат бидонад, ки Худо будааст).

“Ёфтан” ғайр аз “донистан” аст. “Донистан” яқиновар нест, зеро илми ҳусулӣ аст, вале “ёфтан” чун илми ҳузурӣ аст, яқиновар аст.

Илми ҳусулӣ ин ки: байни олим (инсон) ва маълум (масалан Худо) восита ҳаст, масалан истидлоли ақлӣ. Истидлоли ақлӣ як восита аст. Вале дар илми ҳузурӣ, байни олим ва маълум воситае нест, балки маълум пеши олим ҳузур хоҳад ёфт. Мисоли илми ҳузурӣ, мисли огоҳии шумост ба ҳолоти нафсонии худ, аз ҳуббу буғзу иродаву инҳо… Байни шумо ва ин ҳолатҳо, пардае нест. Вале дар илми ҳусулӣ чунин нест, масалан вақте шумо дарахтеро мебинед, шумо аз он огоҳ мешавед, ва ин огоҳӣ ҳузурӣ нест, яъне чунин нест, ки худи дарахт пеши шумо ҳузур ёфта бошад, балки он чи мебинед ва пеши шумо ҳузур дорад, сурати дарахт аст, яъне байни шумо ва маълум (дарахт) восита ҳаст.

Инки урафо роҳи вусул ба ҳақиқатро ишқ медонанд, ба ҳамин хотир аст. Мегӯянд, ту бо маркаби ишқ ба маълум мерасӣ, на ин ки фақат бидонӣ, балки ӯро меёбӣ.

Албатта, ин масоил бо гуфтан чандон барои одам равшан намешавад.

Ва ин ҷост, ки одам оромиш меёбад, яъне ба воситаи ин навъ огоҳӣ, барояш оромиш даст медиҳад.

Боз як нукта ҳаст, ки ниёз ба тавзеҳ дорад, ва он ин ки:

Бо ин ки одам ба воситаи илми ҳузурӣ оромиш меёбад, вале он ҳам барои худаш, дараҷаҳое дорад. Як ориф ҳаргиз он дараҷа аз огоҳии ҳузурӣ, ки як паёмбар дорад, надорад. Ҳатто миёни паёмбарон дар ин хусус тафовут ҳаст, мақоми баъзе аз онҳо аз мақоми баъзе дигар болотар аст.

Мехоҳам бигӯям, худи “оромиш” дараҷаҳое дорад. Дар Қуръон ҳаст, ки вақте ҳазрати Иброҳим (а) аз Худо мехоҳад, ки чигунагии зинда кардани мурдаҳоро нишон бидиҳад, Худованд ба ҳазрати Иброҳим мефармояд:

أَوَلَمْ تُؤْمِن

Яъне, магар ту ба ин ҳақиқат имон (бовар) надорӣ?

Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҷавоб арз мекунад:

بَلَىٰ وَلَٰكِن لِّيَطْمَئِنَّ قَلْبِي

Бале, бовар дорам, вале мехоҳам итминони қалбиам бештар шавад!” (Сураи Бақара, ояти 260)

Хуб ин яъне чӣ? Яъне ин ки, худи оромишу итминон дараҷаҳое дорад. Ҳазрати Иброҳим (а) мехоҳад ба дараҷае болотар аз итминоне, ки феълан дорад, бирасад.

Пас, хулоса кунам:

Агар абзори ковиши мо аз ҳақоиқ, фақат ақл (истидлоли ақлӣ ва мантиқӣ) бошад, ҳаргиз оромиш — ки мавриди назар аст ва ин ки дигар суоле бароямон матраҳ нашавад — ҳосил намеояд. Зеро дар ин сурат, “оромиш” яъне таваққуф, дар ҳоле ки ақли инсон дар ковиш ва ҷустуҷӯ ҳатто як лаҳза ҳам набояд таваққуф кунад. Ин ақиб мондан аз қофила аст. Одам бояд ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва ковиш бошад, ҳамеша, то мурдан… Масалан, дар масъалае шак мекунад, (яъне шак барояш пеш меояд), ва ин хуб аст, сипас, қатъан ба дунболи ковиш мешавед. Аммо вақте ҳеч шакке бар инсон ориз нашавад, ӯ ба дунболи кофтану ҷустуҷӯ ҳам намешавад, ӯ рокид мемонад.

Бинобар ин, вақте абзорамон фақат ақл бошад, бояд инро қабул кунем, ки ҳамеша дар ҳоли ҷунбуҷӯшем, истоӣ маъно надорад.

Вале агар касе Худоро мехоҳад, набояд фақат ба абзори ақл иктифо кунад. На ин ки ба абзори ақл пушт кунад, ҳаргиз ва абадан, зеро одам модоме ки одам аст, меандешад. Балки манзурам ин аст, ки агар воқеан Худоро мехоҳем, ақл бароямон кофӣ нест, балки бояд бар маркаби ишқ савор шавем, бояд тибқи дастури анбиё пеш биравем, то Худоро биёбем (на ин ки фақат ба вуҷуди ӯ илм ва огоҳӣ пайдо кунем, ин кофӣ нест.)

Инро илова кунам ва ароизамро ба поён бирасонам. Ҳама, ки қодир ба тайи мароҳили сайру сулук нестанд ва воҷиб ҳам нест тай кунанд, ин кор бисёр сахт аст, пас таклифамон чист? Ҳол он ки мехоҳем, оромиш биёбем.

Посух ин ки: агар инсон ба таклифҳои шаръиаш амал кунад, яъне воҷиботашро анҷом диҳад ва аз наҳйҳои Худо худдорӣ кунад, ва ҳар рӯз Қуръон бихонад, ҳамин худаш, барои ӯ оромиш меоварад, яъне ҳаддиақалли оромишро барояш меоварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: