Ҷаҳон

Давлати Федероли Олмон 7 милюн евро ба масоҷиди Олмон ихтисос медиҳад

Давлати Федероли Олмон, ба масоҷиде, ки дар се соли оянда дар пружаи идғоми иҷтимоӣ ширкат кунанд, маблағи 7 милюн евро ихтисос медиҳад. Ин будҷа дар марҳилаи аввал ба 50 масҷиде эҳдо мешавад, ки то соли 2022 дар ҳавзаи идғоми иҷтимоӣ дар вилоятҳои мухталифи Олмон фаъолият мекунанд. Он тавр, ки Вазорати кишвари Олмон эълом кардааст, пружаи озмоишии “Масоҷид барои идғом” аз сӯи Идораи Федероли муҳоҷират ва паноҳандагӣ (Bundesamt für Migration und Flüchtlinge (BAMF)) созмондиҳӣ мешавад. Ҳамчунин Шӯрои машваратии муташаккил аз созмонҳо, идораҳо, ниҳодҳои илмӣ ва ҷомеаи маданӣ низ бо ин пружа ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳурст Зиҳуфер (Horst Seehofer), вазири кишвари Олмон дар ин бора гуфт: “Мусалмононе, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд, бахше аз ин кишвар ҳастанд ва ман мӯътақидам, ки бояд иртиботи бештаре миёни мусалмонон ва соири шаҳрвандони ҷомеа эҷод шавад. Пружаи озмоишии “Масоҷид барои идғом” метавонад ин амрро муҳаққақ созад. Ҳамчунин ин пружа ба инсиҷоми иҷтимоӣ кӯмак мекунад.”

Ҳонс Экҳорд Земер (Hans Ekkehard Zemer), раиси Идораи Федероли муҳоҷират ва паноҳандагӣ низ дар ин бора гуфт: “Ин барои аввалин бор аст, ки масоҷид дар сатҳи маҳаллаҳо фаъолият доранд. Ба эътиқоди мо, ин кор боиси эҷоди иртиботи бештар миёни масоҷид ва шаҳрвандони маҳаллаҳо мешавад. Ҳамчунин дар хилоли ин пружа, имкони фаъолиятҳои иҷтимоии бештар барои мусалмонон фароҳам хоҳад шуд.”

Он тавр, ки сойти Вазорати кишвари Олмон эълом кардааст, ин 50 масҷид тавассути Бунёди кӯдакон ва навҷавонони Олмон, Муассисаи Гуте ва Иттиҳодияи созмонҳои рифоҳи иҷтимоии Олмон интихоб мешаванд. Наҳваи интихоби масоҷид низ печида нест. Ҳар кадом аз масоҷид, ки дар ростои фаъолиятҳои иҷтимоӣ, баргузории ҷаласоти мушовира ва ҳамчунин эҷоди иртибототи бештар миёни сокинони як маҳал фаъолият кунанд, воҷиди дарёфти ин кӯмаки молӣ хоҳанд буд.

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.