Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (395)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (8)

* * *

Панҷ ҳиссе аз бурун майсури ӯ,

Панҷ ҳиссе аз дарун маъмури ӯ.

Ҳавосси панҷгонаи зоҳирӣ, аз берун, дар тасарруфи он дил аст, яъне бе ҳеч ранҷу машаққате фармонбари дил аст. Ҳамин тавр ҳавосси панҷгонаи ботинӣ низ аз дарун маъмури иҷрои фармонҳои дил аст.

Нукта: Ҳавосси зоҳирӣ иборатанд аз: биноӣ (босира), шунавоӣ (сомеъа), бӯёӣ (шомма), ламсоӣ (ломиса) ва чашоӣ (зоиқа).

Ва ҳавосси ботинӣ иборатанд аз: ҳисси мушатарак, қувваи хаёл, қувваи воҳима, қувваи ҳофиза ва қувваи мутасаррифа. Тавзеҳи ҳар як аз ин ҳавосси ботинӣ ба шарҳи зерин аст:

1) Ҳисси муштарак: Тамоми ёфтаҳое, ки ҳавосси зоҳирӣ дарёфт кардаанд, ба ҳисси муштарак мерасанд ва дар онҷо муртасим мешаванд. Фалосифа ин ҳиссро ба ҳавзе ташбеҳ кардаанд, ки аз панҷ тараф дар он об рехта мешавад ва ҳавосси зоҳирӣ монанди ҷосусонеанд, ки аз панҷ ноҳия барои ӯ хабар меоваранд. Дар ин ки чӣ далелҳое боис шуда фалосифа ғайр аз ҳавосси панҷгонаи зоҳирӣ, ба вуҷуди ҳисси муштарак низ қоил шаванд, баҳсҳои зиёде дар кутуби фалсафӣ омадааст, ки инҷо ба яке аз далелҳои онҳо ишора мекунем. Ва он ин ки: мо ҳангоми дарки маҳсусоти гуногун, тамоми онҳоро дар якҷо меёбем, на дар ҷоҳои пароканда ва мухталиф. Барои мисол, вақте бо як шайъи сиёҳ, ширин ва хушбӯ мувоҷеҳ мешавем, тасаввури мо аз сиёҳӣ, ширинӣ ва хушбӯии он шайъ дар якҷо сурат мегирад ва чунин нест, ки ҳар кадомро дар нуқтаи хоссе ҳисс кунем, балки билвиҷдон ҳамаи он маҳсусотро ба сурати воҳид дар як бахш аз вуҷудамон эҳсос мекунем, ки ҳисси муштарак ном дорад.

2) Қувваи хаёл: Кори ин қувва захирасозии суратҳое аст, ки ҳисси муштарак дарк кардааст. Ҳисси муштарак то замоне, ки ба кӯмаки ҳавосси зоҳирӣ бо шайъи хориҷӣ дар иртибот аст, тасвире аз он шайъ дорад ва андаке баъд аз қатъи иртибот бо хориҷ, он сурат низ аз ҳисси муштарак маҳв мешавад, аммо асаре аз он сурат дар қуввае ба номи хаёл захира мешавад, то ҳар вақт инсон бихоҳад, дубора он суратро эҳзор кунад. Сурати хаёлӣ шабеҳи сурати маҳсус аст бо ин тафовут, ки аввалан: вузуҳ ва равшании сурати маҳсусро надорад, ва сониян: сурати маҳсус ҳамеша бо вазъи хосс, ҷиҳати хосс ва макони хосс эҳсос мешавад, аммо сурати хаёлӣ бидуни вазъ, ҷиҳат ва макони хосс тасаввур мешавад.

3) Қувваи воҳима: Кори қувваи воҳима, дарки маонии ҷузъӣ аст, яъне маоние, ки бидуни шаклу сурат дар хориҷ ҳузур дорад, монанди муҳаббати як модар ба фарзандаш, ки шакли хоссе надорад, аммо дар робита миёни модар ва фарзанд мавҷ мезанад.

4) Қувваи ҳофиза: Кори қувваи ҳофиза, захирасозии маъноҳое аст, ки воҳима дарк мекунад.

5) Қувваи мутасаррифа: Кори ин қувва, таркиб ё ҷудосозии суратҳо ва маонии мавҷуд дар қувваи хаёл ва ҳофиза аст, масалан, суратҳои мавҷуд дар хаёлро таркиб мекунад ва як шакли ҷадид месозад, мисли деви дусар ва монанди он. Ин қувва агар таҳти тасарруфи қувваи оқила бошад, ба он “мутафаккир” гӯянд, ва агар таҳти тасарруфи воҳима бошад, онро “мутахайила” номанд. Дар мантиқ ба қазоёе, ки ҳисси ботин идрок мекунад, виҷдониёт мегӯянд, масалан, ҳамаи мо билвиҷдон эҳсос мекунем, ки дорои фикру андешаем ва ҳолатҳои равонии хавф, дарду ранҷ, лаззат ва ғайра… дорем. (Манбаъ: Wikifeqh)

Ҳам ҳавосси зоҳирӣ ва ҳам ҳавосси ботинӣ, асосу пояи тамоми маориф ва маълумоти башарӣ мебошанд, то ҷое, ки гуфта шуда:

مَنْ فَقَدَ حِسّاً فَقَدْ فَقَدَ عِلماً

Касе, ки ҳиссеро аз даст бидиҳад, илмеро аз даст додааст.”

Даҳ ҳис асту ҳафт андому дигар,

Он чӣ андар гуфт н-ояд, мешумар.

Даҳ ҳисс аст ва ҳафт андом ва ғайр аз инҳо, он чӣ ки ба сухан дарнамеояд, ба шумор овар.

Нукта: Аз абёти ахир дониста шуд, ки руҳ султони бадан аст ва ҳавоссу аъзои бадан маъмурони ӯ ҳастанд. Аммо руҳ низ билистиқлол дар бадан тасарруф надорад, балки ба изни илоҳӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1022)

Чун Сулаймонӣ, дило, дар меҳтарӣ

Бар париву дев зан ангуштарӣ.

Эй дил! Ту дар меҳтарӣ ва ҳукумат монанди Сулаймон (а) ҳастӣ, зеро ки вуҷуди ту воқеан усораи олами акбар аст. Пас, бар деву парӣ ҳукми ангуштарии худро иҷро кун.

Гар дар ин мулкат барӣ бошӣ зи рев,

Хотам аз дасти ту настонад се дев.

Агар ту дар ин мамлакати ҷисмонӣ аз ҳилаву худъа поку барӣ бошӣ ва аз рӯи адолату садоқат рафтор кунӣ, ангуштарии қалбатро он се дев, ки ҳамоно ҳавову ҳавасу нафс аст, аз дастат намерубоянд.

Баъд аз он олам бигирад исми ту,

Ду ҷаҳон маҳкуми ту, чун ҷисми ту.

Пас аз он, номи ту ҷаҳонгир шавад, яъне ҳамаи оламро пур кунад ва ҳар ду ҷаҳон маҳкуми фармони ту шаванд. Ҳамон тавр ки ҷисмат маҳкуми руҳи туст.

В-ар зи дастат дев хотамро бибурд,

Подшоҳӣ фавт шуд, бахтат бимурд.

Аммо агар дев ангуштариро аз дастат бирубояд, пас салтанат аз дастат биравад ва иқболат маҳв гардад.

Нукта: Яъне ҳар гоҳ деви нафс ангуштарии қалбатро бидуздад, ҳукумат ва фармонравоии маънавӣ аз дастат биравад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1023)

Баъд аз он “ё ҳасрато” шуд “ё ъибод”,

Бар шумо маҳтум то “явмат-танод”.

Эй бандагони ҳаво! Пас аз он ки ҳукумату подшоҳии маънавии шумо аз миён рафт, он гоҳ то рӯзи қиёмат бояд воҳасрато бигӯед:

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба ояти 56 сураи Зумар:

أَن تَقُولَ نَفْسٌ يَا حَسْرَتَا عَلَىٰ مَا فَرَّطتُ فِي جَنبِ اللَّهِ وَإِن كُنتُ لَمِنَ السَّاخِرِينَ

То касе нагӯяд: дареғо аз он сустӣ, ки нисбат ба Худо кардам ва аз масхаракунандагон будам.”

Ва мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 32 сураи Ғофир:

وَيَا قَوْمِ إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ يَوْمَ التَّنَادِ

Эй қавм! Ман дар бораи шумо аз рӯзе, ки биҳиштиён ҳамгунони худро ва дӯзахиён ҳамтоёни худро нидо диҳанд, метарсам.”

В-ар ту реви хештанро мункирӣ,

Аз тарозу в-ойина кай ҷон барӣ?

Агар ту макру худъаи худро инкор мекунӣ, пас, аз тарозу ва йониа кай метавонӣ ҷони солим бадар барӣ?

(Достони баъдӣ дар ҳамин маъно омада ва бозгӯкунандаи меъёрҳо ва миқёсҳое аст, ки бад-он васила ботини одамӣ бармало мешавад.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.