Ҷомеа

Ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон: 3 падидаи мусбат ва 4 падидаи манфӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон бо ҷомеаи 25-30 сол пеши он тафовутҳое пайдо карда. Ин тафовутҳо, барои касе, ки болои 45 сол син дорад, бо андак диққат ва баррасӣ ҳувайдо мешавад. Ва бо ин ки мавориди ин тафовутҳо зиёданд, аммо дар ин навиштор ба 7 мавриди он, ки 3-тои он мусбат аст ва 4-тояш манфӣ, ишора хоҳад шуд. Албатта, шоиста аст як созмон ва ё ҳатто расонае, як назарсанҷии майдонӣ ба амал оварад, то натоиҷи беҳтаре дар ин замина ба даст ояд, зеро он чи арз мешавад, фақат бардоштҳои роқими ин сатрҳост, ки майдони таҳқиқаш танҳо фазои маҷозӣ будааст.

а) 3 падидаи мусбат:

1) Аз падидаи маҳалгароӣ дар ҷомеа ба маротиб коста шуда. Намегӯям ин мараз куллан рахт барбаста, балки нисбат ба 25-30 сол пеш, ки ба шиддат дар ҷомеа шуюъ пайдо карда буд, бисёр коста шуда. Ин тафовут, бахусус замоне равшан мешавад, ки имрӯза агар касе (рӯзноманигор аст ӯ ё як сиёсатмадор ё ҳар касе дигар) дар фазои маҷозӣ ё дар расонае матлабе бикорад, ки аз он, бӯи маҳалгароӣ ба машом мерасад, бо вокунишҳои бисёр тезу тунди корбарон рӯ ба рӯ мешавад, ба ҳадде, ки болои 90 дарсади корбарон, аз он ибрози инзиҷору танаффур мекунанд.

2) Бархӯрдҳо нисбатан муаддабона гардида. Ба ин маъно, ки агар шумо дар 20-25 сол пеш, шоҳиди бархӯрду гуфтугӯи ду нафар мешудед (ба сурати иттифоқӣ), медидед, ки калимот ва алфозе, ки ин ду нафар дар сӯҳбатҳои худ ба кор мебаранд, бисёр хашин ва дарбардорандаи алфози ракик буд (мисли русҳо, ки дар гуфтугӯи худ калимоти ракику ғайримуаддабонаро бисёр ба кор мегиранд). Аммо имрӯза чунин нест, магар бисёр андак. Ба умеди рӯзе, ки ин навъ бархӯрд ба куллӣ аз ҷомеа рахт барбандад.

3) Ба назар чунин мерасад, ки падидаи бисёр зишти “буққагӣ” дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳоли маҳв аст, ё лоақал дар ҳоли уфул аст. Дар 20-25 сол пеш, фарзандон (писарон ё духтарон)-и як мақоми баландпоя, дар ҷомеа ҳар чи дилашон мехост анҷом медоданд ва касе ҳам ҷуръати истодан дар баробари онҳоро надошт ва кофӣ буд бигӯяд, “ман писар ё духтари фалонӣ ҳастам” ё “таға ё амаки ман фалонӣ аст”. Аммо имрӯза – ки зимни гуфтугӯ бо бисёре аз дӯстон дар дохили кишвар бароям маълум шуд – камтар дида мешудааст, ки касе бо суистифода аз мақоми падар ё яке аз наздиконаш, ҳарфи худро рӯи курсӣ нишонад.

Албатта, ба гуфтаи ҳамин дӯстон, хонавода ва наздикони раисиҷумҳур аз ин қоъида мустасно ҳастанд ва ин гуна суистифодаҳо аз сӯи онҳо ҳанӯз сурат мегирад, ва тоза, сурати “қонунӣ” ба худ гирифта.

б) 4 падидаи манфӣ:

1) Сатҳӣ шудан. Ба ин маъно, ки ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон, бо ин ки бар доираи “ҷаҳонаш” афзуда гардида ва “ҷаҳонаш” танҳо ба Тоҷикистон ва ё Шӯравии собиқ маҳдуд нест, аммо бо ин ҳама, нисбат ба 30 сол пеш (охирҳои даврони Шӯравӣ), нигоҳаш ба масоил сатҳӣ гардида. Албатта, манзурам ҳама нестанд, манзурам аксарият аст. Яке аз нишонаҳои сатҳӣ будан ин аст, ки шумо дар арзёбии ашё ва доварӣ дар бораи онҳо, нигоҳатон ба назари аксарият бошад, ки чист. На ин ки худатон хулоса бароред. Ва ин бисёр манфист. Андак мурур ба вокунишҳои корбарон ба таҳаввулот, чӣ дар даруни кишвар ё берун аз он, ин воқеияти талхро нишон медиҳад.

2) Эҳсосӣ шудан. Ба ин маъно, ки эҳсосоту авотиф ҷойи ақлониятро гирифта. Албатта, намегӯям дар 25-30 сол пеш ақлоният бар ҷанбаи эҳсосии ҷомеа комилан чира дошт, дар он даврон ҳам мутаассифона ғалаба бештар бар ҷанбаи эҳсосӣ буд; балки муродам ин аст, ки дар 30 сол пеш (охирҳои даврони Шӯравӣ) ҳаддиақал мавзеъгириҳои қишри ҳокима ва навиштаҳои рӯшанфикрону донишмандон, бар ақлоният бештар устувор буд то эҳсосот.

Ба унвони мисол, дар ҳудуди 30 сол пеш, яъне замоне, ки Қаҳҳор Махкамов раисиҷумҳур буд, бо вуҷуди маъойибе, ки ӯ дошт ва бо вуҷуди ин ки нигоҳаш ба мухолифон бисёр манфӣ буд, аммо ҳаргиз аз болои минбар ва дар малаи омм, бо “шиъа” хондани қишре аз ҷомеа, қишри дигаре аз онро алайҳи дигаре намешӯронид. Як инсони оқил ва касе, ки ҷанбаи ақлонияти ӯ бар ҷанбаи эҳсосоту авотифаш ғалаба дорад, ҳаргиз ба чунин ҳамоқате даст намеёзад.

Ва ё ин ки дар он даврон, кормандони Окодемии улум ҳаргиз ҳозир намешуданд, пушти сари ҳам алайҳи мухолифон дар расонаҳо чарту парт ва ҳар чи ба зеҳнашон бирасад бинависанд ва хештанро то сатҳи як “ферма” поин оваранд. Аммо имрӯз мутаассифона аз раиси гурӯҳи фалсафаи Окодемӣ бигир то муовинаш, ки ҳама ҳам дорои ановини пуртамтароқе ҳастанд, матолибе дар расонаҳо менависанд, ки чандон фарқе бо матлаби як нависандаи “фермаи ҷавоб” надорад. Ҳоло шумо биёед, матолиби Устод Акбари Турсонро, ки аз фалосифаи он даврон аст, бо навиштаҳои раиси гурӯҳи фалсафаи Окодемии имрӯз муқоиса кунед ва бибинед, тафовут аз куҷост то ба куҷо!

Ин аст, ки мегӯям, эҳсосоту авотиф ҷойи ақлониятро гирифта.

3) “Зард” шудани расонаҳо. Ба ин маъно, ки агар дар 25-30 сол пеш дағдағаи як расона ва рӯзноманигор “кашфи ҳақиқат” ва ошкор кардани он буд, имрӯза аммо дағдағааш бештар “эътибор” пайдо кардан ва хонандаи бештар ёфтан аст. Ин, ҳам рӯзномаҳо ва ҳафтаномаҳоро шомил мешавад ва ҳам сойтҳоро.

Дар 25-30 сол пеш расонаҳо камтар ба масоиле мисли ин масоил, ки “дар фалон минтақа падар ба духтараш таҷовуз карда”, “фалон ҳунарпешаи машҳур чунину чунон карда”, “фалон бонуи ҳунарпеша бо фалон мард иртиботи пинҳонӣ дошта” ва ғайра аз ин қабил масоил мепардохтанд, (намегӯям аслан намепардохтанд, балки ба нудрат мепардохтанд), балки дағдағаашон бештар мутаваҷҷеҳи кашфи ҳақиқат ва ошкор сохтани фасоди фалон мақоми давлатӣ ва ин ҷур чизҳо буд. Ва пардохтан ба ин гуна масоил, ки арз шуд, ба назарам, фақат бо ҳадафи ҷалби хонанда аст, на чизе дигар. Ва “зард” будан ҳам, чизе ҷуз ин нест.

4) Беҳаё шудани ҷомеа. Вазъе, ки имрӯза шоҳидаш ҳастем, дар 25-30 сол пеш вуҷуд надошт. Масалан, дар 25-30 сол пеш шумо ҳаргиз дар хиёбонҳои Душанбе ё Хуҷанд шоҳиди саффкашии руспиҳо то “муштарие” ба суроғи онҳо биёяд набудед. Ва ё таҷовузҳои ҷинсӣ, ки имрӯза иттифоқ меафтанд ва дар расонаҳо мунташир мешаванд, дар он даврон ба ин касрат набуд. Ва ин мутаассифона як падидаи бисёр манфист.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.