Забон ва адабиёт

Дар маросими рӯнамоӣ аз китоби Раҳмон дар Теҳрон чӣ гузашт? (Тасовир)

Асри чаҳоршанбе (4 декабр) дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, маросими рӯнамоӣ аз китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”, ки мегӯянд навиштаи Эмомалӣ Раҳмон будааст, баргузор шуд. Ин китобро Ҳасани Қарибӣ ба форсӣ баргардон ва ба ҳиммати сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон,  Маҷаллаи “Бухоро”, Бунёди Саъдӣ, Бунёди мавқуфоти дуктур Афшор ва интишороти “Хомӯш” чоп шудааст.

Дар ин нишаст, ба иловаи Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил — раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва раиси собиқи маҷлиси Эрон, ҳамчунин шахсиятҳое чун Муҳаққиқи Домод, Алиашрафи Содиқӣ ва Ҳасани Анварӣ — аз аъзои пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ, низ Сайидмаҳмуди Дуоӣ, Ҳасан Булхорӣ, Сӯҳроби Футуҳӣ, Акбари Эронӣ, Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, мақомоти диплумотики кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла сафирони Русия, Туркия, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Бусни Ҳерзугувин ва ғайра ҳузур доштанд.

Бар пояи гузориши хабаргузории Ирно, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, дар суханронии худ, ба иштироки фарҳангии Эрону Тоҷикистон пардохт ва гуфт: “Забони форсӣ воситаи иртиботи се миллати Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва дар ин миён номи се забони форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ танҳо корбурди давлатӣ дорад ва дар ин миён он байти Ҳотифи Исфаҳонӣ ба зеҳнам меояд, ки:

Се нагардад баришам ар ӯро

Парниён хониву ҳариру паранд.”

Вай, зимни таҷлил аз Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар ҷойгоҳи нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар бораи пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ–тоҷикӣ гуфт: “Ин ниҳоди фарҳангӣ дар ҳамон солҳои нахустини оғози равобити ду кишвар таъсис шуд ва дар ин солҳо, оқои Ҳасани Қарибӣ аз сӯи фарҳангистон дар онҷо фаъолият мекард, аммо афсӯс, ки як соле мешавад чароғи он хомӯш шудааст, ки умед дорем бо тақвияти забони форсӣ, пайванди ду кишварро беш аз пеш истеҳком бибахшем.”

Дар идома, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода, ки барои ҳузур дар 13-умин иҷлоси Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон ба сар мебарад, барои ҳозирон сухан гуфт. Ӯ бо ишора ба ин нукта, ки ин китоб маҳсули сиёсати фарҳангии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар замони истиқлоли ин кишвар ва эҳтиром ба забону адабу фарҳанг аст, аз талоши ӯ барои худогоҳӣ ва худшиносӣ ёд кард ва гуфт: “Аз ҳамон замони истиқлол сиёсати фарҳангӣ аҳаммият ёфта, зеро фарҳанг басон ойинаест, ки тасвири тамоми ҷилваҳои зиндагӣ дар он инъикос меёбад.”

Усмонзода, бо ном бурдан аз барномаҳои бузургдошти андешамандоне чун Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно, Рӯдакӣ, Мирсайидалӣ Ҳамадонӣ, Хайём ва Имом Абӯҳанифа, ки дар Тоҷикистон баргузор шудааст ва ёдовар шудани баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм дар 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент, изофа кард: “Яке аз падидаҳои замони истиқлол дар кишвари мо, забони давлатӣ буд, ки таҳти таваҷҷӯҳ ва сарпарастии раисиҷумҳур, барои рушди он иқдоми муассир шуд ва забони тоҷикӣ ба унвони забони миллӣ ва давлатӣ таъйин шуд. Нашри осор ба забони форсӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ ва аз ҷумла интишори маҷмӯаи 50-ҷилдии “Ахтарони адаб” дар ҳамин зумра қарор мегирад. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо таълифи чанд асар, дар рушди забон дар Тоҷикистон нақши қобили таваҷҷӯҳе ифо кард. Нашри ин осори мондагор аз ҷумлаи рӯйдодҳои фараҳбахш дар ҳамин замина аст.”

Сипас, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон, суханронӣ кард. Ӯ бо баёни ин ки аз ду даҳа пеш дар заминаи обу муҳити зист ба унвони коргузори давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ё ҳамкори маҷмӯаҳои мухталифи Созмони Милал, бо масъулон ва мардуми Тоҷикистон ҳамкорӣ доштааст, гуфт: “Имрӯз низ ба унвони раиси Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон тавофуқоти хубе бо мақомҳои тоҷикӣ ба манзури тавсиъаи равобити иқтисодии ду кишвар доштаем ва дар 13-умин иҷлоси Кумисиюни муштарак тавофуқоти арзишманде дар ҷиҳати тавсиъаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба даст омадааст. Умедворем, дар ояндаи наздик низ бо сафари раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон, заминаи тавсиъаи ин равобит ва ҳамчунин шурӯи фаъолиятҳои ҷадид дар ҷиҳати тавсиъа беш аз пеш масоили иқтисодӣ фароҳам шавад.”

Вай афзуд: “Имрӯз низ бо вазири обу энержии Тоҷикистон ба унвони раиси тоҷикии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тавофуқ кардаем, то аз зарфиятҳои илмии мавҷуд истифодаи баҳина шавад ва давраҳои омӯзишӣ ва тарбиятии муштарак ба ҳамроҳи табодули нерӯҳои тахассусӣ ва илмӣ дар дастури кор қарор бигирад. Барои шурӯи фаъолиятҳои муртабит бо ин замина низ муқаррар шудааст, то давраи ҷадиде аз бурси таҳсилӣ барои донишҷӯён ва алоқамандони тоҷикистонӣ ба манзури истифода аз зарфиятҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ дар Эрон фароҳам шавад.”

Суханрони баъд Асғари Додбеҳ буд. Ӯ зимни таъйиди ин нукта, ки ҳатто агар байти маъруфи “Басе ранҷ бурдам, дар ин сол сӣ // Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ” сурудаи Фирдавсӣ ҳам набошад, аммо дақиқтарин ҳарф дар бораи нисбати забони форсӣ ва Шоҳнома аст, изҳор кард: “Байти “Рустам яле буд дар Систон  // Манаш кардаам Рустами достон” ҳам медонем барои ҳакими Тӯс нест, аммо дақиқтарин таъриф барои устура ҳамин байт аст.”

Додбеҳ гурезе ба фалсафа ҳам зад ва дар бораи робитаи модда (ҳаюло) ва сурат гуфт: “Модда финафсиҳи амре мубҳам аст ва ин сурат аст, ки ба он воқеият ва ташаххус мебахшад, ва он ҳақиқати шайъ аст. Аз ин рӯ, бояд ҳувияти миллиро аз ин зовия бибинем ва албатта таваҷҷӯҳ ба забони миллӣ ба маънои нафйи ҳеч чиз нест. Забони миллӣ чунон аҳаммият дорад, ки агар ба он таваҷҷӯҳ нашавад, ҳеч кас забони ҳеч касро нахоҳад фаҳмид.”

Ин устоди адабиёт хотирнишон сохт: “Талозум миёни забони форсӣ ва ҳувияти миллӣ аз ҳамин ҷиҳат муҳим аст ва номи ин китоб, ки “Забони миллат-ҳастии миллат” аст низ унвони бисёр баҷост ва чунон зарфу мазруф аст. Забони миллӣ вақте ба ҳувият ориз шавад, ташаххус меёбад ва ба ҳувият маъно медиҳад. Дар чаҳор садаи нахустини пас аз ислом, ки моҷароҳо рафт, ҳосилаш дар қарни чаҳорум падид омад ва тавонистем ҳувияти миллиамонро бозшиносӣ ва бозсозӣ кунем. Ҳувияти миллӣ се зилъ шомили забон ва адаби миллӣ, таърих ва асотири миллӣ ва ҳикмати миллӣ дорад, ки аз қазо зилъи аввал, муҳимтарини он аст. Аҳаммияти Фирдавсӣ дар ҳамин аст, ки дар Шоҳнома он ду зилъи дигарро ҳам матраҳ карда ва зинда кардани аҷам албатта кори каме нест ва ҳанӯз ҳам нест. Он чи Фирдавсӣ кард суратест, ки ба модда дода ва агар накарда буд, маълум набуд чӣ балое сари забони форсӣ меомад ва наҷотбахши фарҳанги мо буд. Агарчи тоҷикӣ забони давлатӣ ва идории Тоҷикистон аст, аммо ин адабиёт муштарак аст, ки ҷилвагоҳи тамоми фарҳангҳост ва сарчашмаи он Шоҳнома ба ҳисоб меояд.”

Ӯ бо ишора ба иборати Мортин Ҳойдегер, файласуфи олмонӣ, ки “забон хонаи ҳастӣ аст”, идома дод: “Аз ҳамон садаҳои нахустини пас аз ислом хелеҳо намехостанд форсӣ бошад ва бимонад ва бисёр саъй карданд ва мо ҳам саъй кардем форсӣ бошад ва бимонад ва ҳанӯз ҳам бояд саъй кунем, ки чунин шавад.”

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон суханрони баъд буд. Сайидаббоси Мӯсавӣ ҳувиятро пуштвонаи диплумосӣ қаламдод кард ва диплумоти беҳувият, ки таъриху забони худро нашиносад, дипумоти тиҳӣ донист ва гуфт: “Ҳамкории наздике бо марокизи забони форсӣ ва эроншиносӣ дорем ва бар ҳувияти эронӣ таъкид дорем, ки мубтанӣ бар шинохти гузаштаи худ ва минтақа аст ва дар ин росто бо ҳамсоягони худ таомул дорем.”

Суханрони баъд, Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ–тоҷикӣ буд. Ӯ, интишори ин китобро охирин фаъолияти худ дар ин симат унвон кард ва гуфт: “Китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” фориғ аз муҳтаво як баёния аст ва дар ин миён нақши муаллиф дар раъси сиёсатҳои калони фарҳангӣ аҳаммият дорад.”

Ҳасани Қарибӣ, ки баргардони ин асар ба форсӣ ҳосили талоши ӯст, хотирнишон сохт: “Касоне, ки тайи яке ду даҳаи гузашта ба Тоҷикистон рафтаанд, гувоҳӣ медиҳанд натиҷаи ин талошҳо ва фаъолиятҳо чӣ дастоварде дошта ва пӯёии забон машҳуд аст.”

Охирин суханрон, Низомуддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон буд. Ӯ бо зикри ин нукта, ки китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” ба таҳқиқи таърихи забоне тахсис ёфтааст, ки он барои мову шумо муштарак аст ва онро дар Тоҷикистон тоҷикӣ, дар Эрон форсӣ ва дар Афғонистон дарӣ меноманд, гуфт: “Ин забони муштарак мояи ифтихор ва нозиш ва ҳуҷҷати барозандагии миллатҳои мо дар қаламрави илму фарҳанг ва шеъру сухан маҳсуб мешавад. Муаллифи китоб собит карда, ки дар мушкилтарин давраҳои таърихи миллатҳои мо, дар давраҳое, ки фишорҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳувиятздо бар миллатҳоямон таҳмил мешуд, забони мо ин рисолати худро ба ваҷҳе аҳсан ба анҷом мерасонид.”

Зоҳидӣ гуфт: “Забони муштараки мо дар ҳамаи давраҳо ва замонҳо посдору муҳофизи ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, фарҳангу ойину суннатҳои мардумони Эронзамин будааст ва агарчи мардуми бисёр аз кишварҳо бо таҷрибаи таърихии чандҳазорсола, тамаддуни бошукӯҳеро пушти сар гузоштанд аммо забони модарӣ ва ҳувияти миллии худро гум карданд, аммо дар ин раванди сарнавиштсоз забони муштараки мо рукне аз аркони аслии бақои ҳувияти миллии Эронзамин дар қарнҳои нахусти ислом буд.”

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар идома ва бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, забони форсиро “ганҷинаи нодири тақсимнопазир” донистааст, баён кард: “Муаллиф ишора кардааст, ки дар тӯли қарнҳои мутамодӣ ҳаводис ва воқеоти таърихӣ борҳо қаламрави паҳновари интишори ин забонро тақсим карда, миёни ҳамзабонон ҷудоӣ андохтанд ё мумониат ва маҳдудиятҳое дар роҳи такомули забон эҷод карданд, вале онро нобуд ё камранг сохта натавонистанд. Маҳз умумияти забон ва дин ва маънавиёт пайвандҳои таърихӣ, устувории решаҳои фарҳангӣ ва ягонагии мардумони Эронзамин буд, ки имрӯз се кишвари ин ҳавзаи таърихӣ: Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ин забонро забони расмӣ ва давлатии худ қарор дода, милюнҳо нафари дигар дар кишварҳои минтақа онро забони модарии худ медонанд.”

Тасовире аз ин маросим:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.