Перейти к содержимому

Мусалмон набояд тарсу бошад

Пайғамбари Акрам (с) фармуда:

لا ينبغي للمؤمن أن يكون بخيلا ولاجبانا

«Ду чиз барои мӯъмин сазовор нест: яке, бухл, ва дигаре тарс (тарсу будан)

Он ҳазрат (с) дар дуое мефармояд:

اللهمّ إنّي أعوذ بك من البخل وأعزذ بك من الجبن

«Худоё! Аз ду чиз ба ту паноҳ мебарам: бухл ва тарс

Ҳазрати Алӣ низ дар бораи мӯъмин мефармояд:

المؤمن نفسه أصلب من الصلد

«Мӯъмин руҳаш аз санги хоро сахттар ва муҳкамтар аст

Имом Содиқ фармуд:

إنّ الله عزّ وجلّ فوّض الى المؤمن أموره كلّها ولم يفوّض اليه أن يكون ذليلا

«Худо ихтиёри мӯъминро дар ҳар чиз ба худи ӯ додааст, илло дар як чиз, ва он ин ки хору залил бошад

أما تسمع قول الله تعالى يقول: ولله العزّة ولرسوله وللمؤمنين

Оё нашнудаӣ ин фармудаи Худованди Мутаъолро, ки “Иззат аз они Худо, Паёмбараш ва мӯъминон аст?

Баъд фармуд:

فالمؤمن يكون عزيزا ولا يكون ذليلا

«Мӯъмин ҳамвора азиз аст ва ҳеч гоҳ тан ба хорӣ намедиҳад

إنّ المؤمن أعزّ من الجبل إنّ الجبل يُستقلّ منه بالمعول والمؤمن لايُستقلّ من دينه شيء

«Мӯъмин аз кӯҳи баланд поятар ва манеътар ва азизтар аст”, зеро кӯҳро метавон бо куланг канд, вале бо ҳеч куланге намешавад як қитъаи кучак аз руҳи мӯъминро ҷудо кард ва руҳи ӯро кучак кард.

Имом Боқир мефармояд: Худованд ба мӯъмин се хислат додааст: иззат дар дунё ва охират, растгорӣ дар дунё ва охират, ва севвумӣ:

والمهابة في صدور الظالمين

«Ва ҳайбат дар синаи ситамкорон.» Яъне мӯъмин ҳолате дорад, ки ситамкор дар дили худ аз ӯ эҳсоси ҳайбат мекунад. Чун ғайрат аз қувват аст ва беғайратӣ аз заъф.

Пайғамбари Акрам (с) фармояд:

جدع الله أنف من لا يغار على المؤمنين والمسلمين

«Худо бинии он касеро, ки нисбат ба мӯъминин ва мусалмонон ғайрат намеварзад қатъ кунад!»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: