Перейти к содержимому

Тазоҳуроти бесобиқаи эътирозгарон дар Фаронса (тасовир)

Тибқи омори Вазорати кишвари Фаронса, 806 ҳазор нафар дар саросари ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе (5 декабр), дар эътироз ба ислоҳи қонуни бознишастагӣ тазоҳурот карданд. Ин дар ҳолест, ки “Иттиҳодияи умумии кор” (Confédération générale du travail) шумори тазоҳуроткунандагонро 1 милюну 500 ҳазор нафар баровард кардааст.

Монанди бисёре аз баровардҳо, омори иттиҳодияҳо бо омори пулис ва Вазорати кишвари Фаронса, мутафовит аст ба тавре ки бар асоси омори “Иттиҳодияи умумии кор”, дар Морсел 150 ҳазор мӯътариз ба хиёбонҳо омаданд, ки шаш баробар беш аз бароварди пулис аст. Ба таври куллӣ, рӯзи панҷшнба 245 тазоҳурот дар саросари Фаронса барномарезӣ шуда буд.

Тибқи гуфтаи яке аз шабакаҳои телевизиюнии Фаронса, ин тазоҳурот метавонад дар миёни бузургтарин таҷаммӯъҳои эътирозӣ дар 25 соли гузаштаи Фаронса ҷой бигирад ва ҳузури мардум бештар аз интизори баргузоркунандагони он будааст. Тазоҳуроти дирӯз пас аз роҳпаймоии бузурги соли 2010 низ пуршумортарин эътироз маҳсуб мешавад.

Дар октябри соли 2010 тибқи омори Вазорати кишвари Фаронса, бештар аз як милюн нафар дар эътироз ба ислоҳи қонуни бознишастагӣ дар давлати Никуло Соркузӣ тазоҳурот карда буданд, албатта иттиҳодияҳои фаронсавӣ ин рақамро низ дар он сол 3 милюн нафар эълом карданд.

Пулиси Фаронса рӯзи панҷшанбе барои мутафарриқ кардани мӯътаризон дар маркази шаҳри Порис иқдом ба шиллики гози ашковар кард. Тибқи омори расмӣ, 90 нафар низ дар ин шаҳр боздошт шудаанд.

Ҳамзамон бо тазоҳурот дар саросари Фаронса, эътисобҳои саросарӣ низ дар ин кишвар баргузор шуд.

Ширкати роҳи оҳани миллии Фаронса эълом кард, ки дар рӯзи панҷшанбе 90 дарсади қаторҳо ба далели эътисоби коркунони ин ширкат ҳаракат накарданд. Бино ба гуфтаи ширкати ҳамлу нақли умумии Порис ва атроф низ, рӯзи панҷшанбе 11 хатти метру дар пойтахти Фаронса таътил буданд. Коркунони ин ширкат эътисобро то рӯзи душанбеи оянда тамдид карданд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронса низ эълом карданд, ки 20 дарсади парвозҳо рӯзи панҷшанбе ба далели эътисоби коркунони ин ширкатҳо анҷом нашудааст. Бино ба эъломи ин ширкатҳо, рӯзи ҷумъа низ 20 дарсади парвозҳо лағв хоҳад шуд.

Бисёре аз мадорис низ ба далели эътисоби муаллимон дар эътироз ба ислоҳи низоми бознишастагӣ таътил шуданд. Бузургтарин иттиҳодияи муаллимони Фаронса аз эътисоби 70 дарсади муаллимон дар дабистонҳо хабар додааст.

Ба гузориши расонаҳои Фаронса фақат дар Порис беш аз 70 нафар дар ин нооромиҳо дастгир шудаанд.

Пулис дар атрофи кохи риёсати ҷумҳурӣ тадобири шадиди амниятӣ иттихоз кард ва 6000 маъмури пулис аз ҷумла 180 мутурсавор дар хиёбонҳои Порис ҳозир шуданд.

Ҷилиқазардҳо низ дар эътирозоти рӯзи гузашта ҳузур доштанд. Бурҷи Эфел баста ва ҳаракати аксари сафарҳои қаторҳои сареъуссайр низ лағв шудааст.

Кохи Элиза дар аввалин вокуниш ба эътисоб ва тазоҳуроти густурдаи рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки Эдворд Филип, нахуствазири Фаронса миёнаҳои ҳафтаи оянда ҷузъиёти лоиҳаи ислоҳи низоми бознишастагиро эълом хоҳад кард. Дар баёнияи кохи Элизе омадааст, ки Эмонуил Мокрун бо “оромиш мусаммам ба иҷрои ин лоиҳаи ислоҳӣ” аст.

Тибқи тарҳи ҷадиди давлати Эмонуил Мокрун синни бознишастагӣ аз 62 ба 64 афзоиш меёбад ва барои бознишастагӣ қабл аз он ҳуқуқи камтаре пардохт мешавад.

Тасовире аз эътирозҳои дирӯз дар Фаронса:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: