Дидгоҳ

Вақте ба ҷайби муҳоҷирони корӣ ҳам чашми тамаъ медӯзанд…

Ҳукумат ба ҷойи он, ки шаҳрвандони худро ба кор таъмин кунад ва фурсатҳои шуғлӣ барояшон эҷод намояд — ки ин вазифаи ӯст ва ба ин вазифа амал намекунад – ба ҷойи ин, боз мехоҳад дар он чанд рубли ночизе, ки шаҳрванд дар як кишвари бегона ва бо ранҷу машаққатҳои фаровон ба даст меоварад, худро шарик созад. Ҳирсу тамаъ ва чашмгуруснагӣ аз ин бештар намешавад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тасмими ахири Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) мабнӣ бар зери назар гирифтани интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон, агар аз нигоҳи бисёре аз коршиносони иқтисодӣ, бо ҳадафи “ба инҳисори худ даровардани бозори интиқоли пул” сурат мегирад, ки ба гуфтаи онҳо, танҳо дар 9 моҳи ахир аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 2,5 милёрд дулор фиристода шуда будааст, аммо аз нигоҳи ахлоқӣ, ин рафтор чизе ҷуз чашмгуруснагии берун аз ҳадду андоза нест.

Ин тоифа, бо вуҷуди ин ки дар хилоли 27 соли ҳукумат, аз ҳисоби мардум ва манобеи ин сарзамин, соҳиби милёрдҳо дулор шуда ва илова бар бонкҳои расмии кишварҳои урупоӣ, дар “офшор”-ҳои мухталиф низ сарват захира кардаанд, аммо бо ин ҳама, ҳанӯз чашмонашон сер нагашта ва чашми тамаъ аз ҷайби мардум, ҳатто муҳоҷирони корӣ, намекананд.

Хӯйи одами чашмгурусна ҳамин аст. Ӯ сер намешавад. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки баромада аз як хонаводаи бисёр пасту нодида буд, бо вуҷуди ин ки бар сарзамини паҳноваре фармонравоӣ мекард ва аз сарвате бисёр фаровон бархӯрдор, аммо ҳаргиз хӯйи пастӣ ва чашмгуруснагӣ аз ӯ дур нашуд. Дар бораи чашмгуруснагӣ ва ҳирсу тамаъи ӯ, ҳикоятҳои зиёде вуҷуд дорад. Аз ҷумла ин ки: боре ба ӯ гуфтанд: тоҷире дар Нишопур аст, ки сарвати зиёде дорад. Маҳмуд он тоҷирро пеши худ хонд ва ба вай тӯҳмат зад, ки: шунидаем, ту пайрави фалон мазҳаби гумроҳу золлае ҳастӣ? Тоҷир, ки маргу зиндагии худро баста ба як ишораи Султон Маҳмуд медид, гуфт: туро ба Худо савганд медиҳам, ки розӣ ҳастам тамоми дороии маро аз ман бигирӣ, вале чунин тӯҳмате бар ман мазанӣ! Маҳмуд тамоми дороии ӯро гирифт ва озодаш кард.

Дар Тоҷикистон, 27 сол аст аз дасти ин тоифаи чашмгурусна на як тоҷир дар амон монда ва на як пулдор метавонад ба роҳатӣ нафас бикашад. Ҳамин ки бифаҳманд, фалон одам тоҷир будааст ва тиҷораташ равнақ пайдо карда, бедиранг ба суроғаш меоянд ва дору надорашро тасоҳуб ва худашро ба иттиҳомоти сохта ва бофта равонаи зиндон мекунанд.

Ва таассуфовараш ин ҷост, ки муҳоҷирони кории мо, ки ба душворӣ ба Русия мераванд ва бо ҳазорон ранҷу машаққат дар онҷо кор пайдо мекунанд ва ба сахтӣ чанд рубли ночиз гирашон меояд, то ба падару модар ва зану баччаи худ бифиристанд ва зиндагиашон бичархад, ҳатто ҳамин бандаҳои Худо низ аз дасти ҳокимони чашмгуруснаи мо дар амон нестанд.

Воқеан аҷиб аст! Ҳукумат ба ҷойи он, ки шаҳрвандони худро ба кор таъмин кунад ва фурсатҳои шуғлӣ барояшон эҷод намояд — ки ин вазифаи ӯст ва ба ин вазифа амал намекунад – ба ҷойи ин, боз мехоҳад дар он чанд рубли ночизе, ки шаҳрванд дар як кишвари бегона ва бо ранҷу машаққатҳои фаровон ба даст меоварад, худро шарик созад. Ҳирсу тамаъ ва чашмгуруснагӣ аз ин бештар намешавад.

Хӯю табиати одами чашмгурусна ҳамин аст. Агар тамоми дунёро ҳам дар ихтиёраш гузоранд, боз ҳам чашмонаш сер намешавад ва мехоҳад бештар дошта бошад; забони ҳолаш ин аст, ки пайваста гӯяд:

هَلْ مِنْ مَزِيدٍ

Оё боз ҳам ҳаст?!” (Сураи Қоф, ояти 30)

Ин ҳикоятро пештар дар як ёддошт нақл карда будам, ки рӯзе як подшоҳ вазирашро садо кард ва гуфт:

— Дилам мехоҳад бидонам, чӣ чиз дар дунё наҷистар аз ҳама чизҳост ҳатто аз мадфуъ ва наҷосати саг ҳам наҷистар.

Вазир, ки барои пайдо кардани ҷавоб як ҳафта фурсат дошт, либосе гаронбаҳо пӯшид ва бар аспе гаронқимат савор шуд, то бигардад ва ҷавоби подшоҳро пайдо кунад. Ду-се рӯзе ба инҷову онҷо сар зад, аммо ҷавоби дурусте наёфт. Хаста шуд ва канори рӯде нишаст. Чӯпонеро дид, ки барои галаи гӯсфандонаш най мезанад. Вазир бо худ гуфт, бо ин ки ин чупон чизе намедонад, аммо ба ҳар ҳол бад нест суоламро аз ӯ ҳам бипурсам. Ба ӯ гуфт:

— Эй чӯпон! Наҷистарини чизҳо дар дунё чист?

Чӯпон нигоҳе ба саг андохт. Билофосила вазир гуфт:

— Ҳарфе аз наҷосати саг назан. Ман худам қаблан гуфтам, аммо шоҳ қабул накард. Шоҳ хост чизеро пайдо кунам, ки наҷистар аз мадфуъи саг бошад.

Чӯпон гуфт:

— Медонам, аммо росташ хабаре дорам, ки ба шуниданаш меарзад. Ман пушти ин теппа ганҷе пайдо кардаам, метарсам агар онро худам ба бозор бибарам, маъмурони шоҳ хабардор шаванд ва маро дастгир кунанд. Аммо ту чун вазир ҳастӣ, метавонӣ ин корро бикунӣ ва баъд аз фурӯш, бо ман нисф кунӣ.

Вазир гуфт:

— Зуд бош, аҷала кун, маро ба сӯи ганҷ роҳнамоӣ кун.

Чӯпон гуфт:

— Аммо як шарт дорам. Шарти ман ин аст, ки се бор бо забонат пушти (к…и) саги маро билесӣ.

Вазир гуфт:

— Чӣ шарти аҳмақонае! Аммо барои дастёбӣ ба ганҷ ин корро мекунам.

… Ва вазир ҳамин корро ҳам кард, яъне се бор к…и саги он чӯпонро лесид.

Чӯпон гуфт:

— Ганҷе дар кор нест, фақат мехостам амалан ҷавоби суолатро пайдо кунӣ. Яъне бидонӣ, чизе, ки дар ин дунё аз наҷосати саг ҳам наҷистар аст, ин ҳирсу озу чашмгуруснагӣ аст, ки одами чашмгурусна ҳозир аст к…и сагро билесад.

Ин ҳикоят баъдҳо як зарбулмасал гардида ва ба одамҳои чашмгурусна ва таммоъ мегӯянд: “Тамаъ аз наҷосати саг ҳам наҷистар аст”. Шоир мегӯяд:

Он ки хиссат ба зоти ӯ чира аст,

Чашмҳояш ба дасти ту хира аст.

Қатрае об пеши ӯ дарёст,

Ду риёле ба назди ӯ лира аст.

Нони ҷав мехӯрад ба ёди палав,

Фазлаи муш пеши ӯ зира аст.

Шоми ӯ оҳ, ноҳори ӯ ҳасрат,

Оби бинӣ зи баҳри ӯ шира аст.

Гар риёле зи ӯ шавад мафқуд,

Рӯзу шаб пеши чашми ӯ тира аст.

Мавлоно низ ба ҳамин мазмун мефармояд:

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

Яъне чашми озмандон бо ҳамаи маҳдудияте, ки дорад ҳаргиз сер намешавад ва ҳар чӣ зару сим биандӯзанд, парешонии хотирашон бартараф намешавад, балки ҳар рӯз оташи ҳирсу озашон тезтар гардад.

Саломат бошед ва аз ҳирсу озу тамаъ ба дур!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.