Машоҳир

Ба баҳонаи зодрӯзи Нуом Чомски

Нуом Чомски — файласуф, забоншинос, муаррих ва мунтақиди сиёсӣ ва иҷтимоиро, ки дирӯз (7 декабр) зодрӯзи ӯ буд, муҳимтарин мутафаккири зинда дар ҷаҳони имрӯз медонанд. Вай ба унвони як сусиёлист ҳамчунон дар зумраи парупоқурстарин мунтақидони иқдомоти низомии Омрико маҳсуб мешавад, чаро ки онро бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ қаламдод мекунад.

Нуом Чомски 90-солагиро пушти сар гузошта, аммо ҳамчунон менависад, сухан мегӯяд ва ҳамчунон дар зумраи парупоқурстарин мунтақидони иқдомоти низомии Омрико ба шумор меравад. Ӯ устоди бознишастаи забоншиносӣ ва фалсафа дар Донишгоҳи MIT (Massachusetts Institute of Technology) аст. Чомски аз чеҳраҳои барҷастаи фалсафаи таҳлилӣ ва аз пешгомони мутолеа дар ин замина маҳсуб мешавад, ки беш аз 100 ҷилд китоб дар иртибот бо мавзӯъҳое ҳамчун забоншиносӣ, ҷанг, сиёсат ва расонаҳои ҷамъӣ таълиф кардааст.

Чомски дар хонаводае яҳудӣ ва таҳти таъсири фарҳанги яҳудиён рушд ёфт. Падару модари вай ҷузъи яҳудиёни Укройн ва Белоруси имрӯзӣ буданд, ки ба дасти Олмони нозӣ ихроҷ шуданд ва ба манотиқи таҳти тасаллути саҳюнистҳо пеш аз эъломи ташкили режими яҳудӣ дар Фаластини ишғолӣ ва сипас ба Омрико муҳоҷират карданд.

Вай дар даҳаи 40 ба гурӯҳҳои фаъоли яҳудӣ пайваст; гурӯҳҳое, ки акнун аз онҳо бо унвони гурӯҳҳои зидди саҳюнистӣ ном мебаранд. Чаро ки ин шоха аз яҳудиён мухолифи ташкили давлати яҳудӣ буданд ва гароиши сусиёлистӣ доштанд. Шохаи ёдшуда, ки Чомски дар он, нақши як раҳбарро ифо мекард, ба ташкили давлати сусиёлистии Фаластин бо ҳамкории арабҳо ва яҳудиён ва зиндагӣ дар канори якдигар мӯътақид буданд.

Дар арсаи сиёсат ва иҷтимоъ, Чомски як сусиёлисти оноршисти родикол аст ва ба хотири фаъолиятҳояш алайҳи сиёсати хориҷии хасмонаи Омрико ва бахусус собиқаи муборизотиаш дар даҳаи 60 алайҳи ҷанги Ветном, шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳаҷми иттилоот ва осори Чомски дар ҳавзаи сиёсат ва иҷтимоъ боварнакарданӣ аст ва дахолаташ дар ин ҳавзаҳо маҳдуд ба сатҳи тафаннун ва фаъолияти сиёсӣ нест, балки собиқаи тадрис ва мушовира дар поённомаҳои дуктурӣ дар ин ҳавзаҳоро низ дорад.

Чомски ҳамчунон дар бораи тайфи мутанаввеъе аз мавзӯъот изҳори назар мекунад. Аз баҳсҳои тахассусии забоншиносӣ гирифта то масоили марбут ба обу ҳаво, сиёсати хориҷии Омрико ва Барҷом (Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак дар мавриди барномаи ҳастии Эрон).

Таҳаввули забоншиносӣ

Эътибори аслии Чомски ба воситаи нақши бебадили ӯ дар забоншиносии мудерн аст. Вазъияти риштаи забоншиносӣ дар ҷаҳон пас аз зуҳури Чомски дар даҳаи 50, дар равишҳо, ҳадафҳо ва донистаҳо ва муделҳо ба куллӣ мутаҳаввил шуд.

Назарияи маъруфи вай “дастури зоишӣ” (порождающая грамматика) аст, ки дар даҳаи 60 инқилобе дар забоншиносии муосир эҷод кард. Ӯ мӯътақид аст, усул ва хусусиёти забон дар инсон зотӣ ва “ба таври ирсӣ барномарезишуда” аст ва муҳити перомуни кӯдак танҳо нақши муҳаррикро барои ёдгирии забони модарӣ ифо мекунад. Кӯдак маҷмӯаи маҳдуде аз иттилоотро аз муҳити забонии хеш мегирад ва худ қодир аст таркиботи ҷадиде бисозад. Назарияпардозон пештар мӯътақид буданд забони модарӣ танҳо аз роҳи шунидани гуфтори атрофиён вориди мағзи кӯдак мешавад. Аз гуфтаҳои Чомски аст, ки: “Забон ойинаи фикр аст”. Дар асл ин идея, ки забон метавонад бозтобдиҳандаи тамомнамое аз шахсият ва ҳолоти дарунии шахс бошад, идеяи Чомски аст.

Назарияи маъруфи Чомски дар забоншиносӣ назарияи “громери ҷаҳонӣ” аст, ки тибқи он, афроди башар аз оғози таваллуд онро доро мебошанд. Чомски дар октябри 2012 барои ширкат дар конфронси байналмилалии забоншиносӣ ба Ғазза сафар кард, ки дуктурои ифтихории Донишгоҳи исломии Ғазза ба манзури қадрдонӣ аз мавозеи инсонии Нуом Чомски дар пуштибонӣ аз мардуми Фаластин ва эъломи ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо ба вай эҳдо шуд.

Тромп садои ноқуси марг аст

Яке аз муҳимтарин суханони ин шахсияти сиёсӣ ва фарҳангӣ, пеш аз интихоб шудани Тромп, ба раисҷумҳури Омрико зада шуд ва унвон кард, ки “дуруст намедонем, ӯ чӣ тафаккуроте дорад. Мутмаин нестам, ки худаш ҳам тафаккуроташро бидонад. Ӯ комилан қодир аст дар лаҳзаи воҳид ҳарфҳои зиддунақиз бизанад. Аммо идеулужии ӯ муаллафаҳои тақрибан собите ҳам дорад. Албатта агар бишавад чунин чизеро дар бораи ӯ гуфт. Яке аз он муаллафаҳо ин аст: тағйироти обуҳавоӣ дар ҳоли вуқӯъ нест. Ӯ гуфтааст: фаромӯшаш кунед. Ин барои башар садои ноқуси марг аст. На барои фардо, балки тасмимоте, ки акнун мегирем, баъд аз чанд даҳа таъсироти худро буруз медиҳанд ва чунин тасмимоте пас аз чанд насл мумкин аст фоҷеабор бошанд.”

Аммо дар рӯзҳои баргузории интихобот, ки иқболи умумӣ ба Тромп зиёд шуд, Чомски гуфт, ки бахше аз иқболи мардум ба Тромп, амиқан бархоста аз эҳсоси тарсу хашм аст; эҳсосоте, ки ба таври билқувва кушанда ҳастанд.

Чомски мӯътақид аст, ки агар пушти рафторҳои Тромп ба дунболи тафаккур ва тарҳи жеупулитики бузурге бошем, иштибоҳ кардаем. Чомски рафтору аъмоли Тромпро рафтори як одами худшефта ва худбузургбин аммо фоқиди эътимод ба нафс медонад, ки дуктуринаш ҳифзи қудрати шахсӣ аст ва албатта ин зарангии сиёсиро дорад, ки пойгоҳҳои раъйи худро розӣ нигаҳ дорад.

Бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳон худи Омрикост

Чомски ҳамвора бо сиёсатҳои низомии Омрико мухолифат кардааст ва унвон мекунад, ки Омрико ҳеч саркашӣ ва сарпечии муваффақиятомезеро бахусус дар минтақаи Ховари Миёна намепазирад ва ба ҳамин далел ҳам сиёсатҳои низомӣ дар ин минтақа дар қиболи Ироқ, Афғонистон ва ғайраро дунбол мекунад. Ӯ аз замони ҷанги Ветном то кунун пайваста сиёсатҳои Кохи сафед дар нуқоти мухталифи ҷаҳонро ба чолиш кашида ва ҳамчунин дар заминаи нақши ваҳшатноки расонаҳо дар Омрико китоб навиштааст.

Чомски мӯътақид аст, ки ҳамла ба Эрон яке аз аносури барномаи байналмилалии Омрико барои намоиши қудрати худ аст, то аз ин тариқ бар ҳар сарпечӣ ё муборизаталабии муваффақиятомезе дар баробари арбоби ҷаҳон хатти поён бикашад. Далели аслии ин ки Омрико 60 сол кубоиҳоро заҷр дод, ҳамин буд.

Вай дар ҳамин хусус мегӯяд: “Дар Омрико Эрон мураттабан ба унвони бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳон тасвир мешавад. Дар афкори умумии ҷаҳон аммо бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳон худи Омрикост, аммо расонаҳои озод аз мардуми Омрико дар муқобили ахбори нохушоянд муҳофизат мекунанд.”

Чомски дар гуфтугӯе, ки бо Пул Ҷи (Paul Jay) дар 19 ноябри 2007 дошт, аз сиёсатҳои ҳастаии Эрон дифоъ ва аксуламали Эронро дар баробари адами пойбандии кишварҳои ғарбӣ ба тааҳҳудоташон, табиӣ талаққӣ кард. Ӯ ҳамчунин дар мусоҳибае, ки бо рӯзномаи Tehran Times дар 15 апрели 2009 дошт, ба сароҳат сиёсатҳои як бому ду ҳавои Омрико дар бораи ҳаққи Эрон барои истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ интиқод кард. Ӯ дар ин гуфтугӯ бо истинод ба яке аз мусоҳибаҳои Брежински, мушовири амнияти миллии Ҷими Кортер, раисиҷумҳури вақти Омрико, ингуна натиҷагирӣ мекунад, ки мушкили аслии Омрико бо Эрон, барномаи атомии сулҳомези Теҳрон нест, балки он аст, ки Эрон дигар дар силки маҷмӯаи кишварҳои тобеъи сиёсатҳои Омрико ба шумор намеравад.

Чомски мӯътақид аст, ки барои гузордани нуқтаи поён бар ба истилоҳ таҳдиди силоҳи ҳастаии Эрон, роҳи зиёде бояд паймуда мешуд. Нуқтаи шурӯъ, барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом) буд, ки расман мавриди ҳимояти Шӯрои амнияти Созмони Милал қарор гирифт. Дар ҳоле, ки эрониҳо комилан ба тааҳҳудоти худ пойбанд буданд, давлати Тромп аз ин тавофуқ хориҷ шуд.

Ӯ мегӯяд: “Бозҳои ҷангталаб муддаӣ ҳастанд, ки тавофуқи Барҷом ба андозаи кофӣ ҳамаи масоилро дарбар намегирифт, аммо барои ҳалли ин мушкил роҳи ҳаллҳои соддатаре вуҷуд дорад. Сарросттарин роҳи ҳалл ҳаракат ба самти табдили Ховари Миёна ба як минтақаи холӣ аз силоҳи ҳастаӣ аст; роҳи ҳалле, ки давлатҳои араб, Эрон ва гурӯҳи 77 (аъзои Ҷунбиши адами тааҳҳуд) қавиян мудофеи он ҳастанд. Як монеъи аслӣ аммо вуҷуд дорад. Ин дархост ғолибан тавассути Омрико дар конфронсҳои бознигарии паймони манъи ишоъаи таслиҳоти атомӣ (NPT) вето мешавад, охирин бор ин иттифоқ дар соли 2015 дар замони Убомо афтод. Далелаш, ҳамон тавр, ки ҳама медонанд, ин аст, ки чунин тарҳе мусталзими он аст, ки Омрико расман таъйид кунад, ки Исроил бомби атомӣ дорад ва иҷозаи бозрасии ҳастаӣ аз ин кишварро бидиҳад ва ин чизе нест, ки Омрико таҳаммул кунад.”

Ҳамчунин Чомски дар хусуси таҳдиди режими саҳюнистӣ мӯътақид аст, ки Эрон таҳдидкунандаи амнияти ҷаҳонӣ нест ва фишорҳо ва таҳдидҳои режими саҳюнистӣ дар шароите, ки ин режим худ муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаӣ аст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.