Перейти к содержимому

Вазири хориҷаи Исроил: “Ба ҳамроҳи Арабистон ва Аморот, садҳо мушак ба сӯи Эрон шиллик мекунем”

Ясроил Котз, вазири умури хориҷаи Исроил, бо баёни ин ки ҳамлаи Исроил ба Эрон дар ҳоли баҳсу баррасӣ аст, гуфт: “Агар Эрон аз ҳар хатти қирмизе убур кунад, як ҷабҳаи муттаҳид ва мустаҳкамро дар баробари худ хоҳад дид, ки шомили Омрико, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ки садҳо мушакро ба самти Теҳрон шиллик мекунанд.”

Вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёии Corriere della Sera изҳор дошт: “Ҳамлаи Исроил ба Эрон дар ҳоли баҳсу баррасӣ аст.” Котз гуфт: “Мо ҳаргиз ба эрониён иҷоза нахоҳем дод, силоҳи ҳастаӣ ба даст оваранд ва агар дар шароите қарор бигирем, ки ҳеч гузинаи дигаре набошад, бо нерӯи низомӣ посух хоҳем дод.”

Вазири умури хориҷаи Исроил, бо таҳдиди аланӣ ба мушакборони Эрон ва овардани номи Арабистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ёдовар шуд: “Эрон бояд аз паёмадҳои фаъолиятҳои худ огоҳ бошад.”

Вай баён кард: “Агар Эрон аз ҳар хатти қирмизе убур кунад, як ҷабҳаи муттаҳид ва мустаҳкамро дар баробари худ хоҳад дид, ки шомили Омрико, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ки садҳо мушакро ба самти Теҳрон шиллик мекунанд.”

Котз фош кард, ки Исроил ва Арабистони Саудӣ ҳамкории наздике доранд. Вай таъйид кард: “Мо бо Арабистони Саудӣ манофеи муштараке дорем.”

Вазири умури хориҷаи Исроил гуфт: “Таҳдиди Эрон танҳо алайҳи Исроил ё Арабистони Саудӣ нест. На танҳо Олмон, Фаронса ва Ангилис ба дабири кулли Созмони Милал шикоят кардаанд, ки Эрон дар ҳоли нақзи тавофуқи ҳастаӣ аст, балки як ҷабҳаи бисёр густурда алайҳи таҳдидоти Теҳрон вуҷуд дорад.”

Таҳдиди аланӣ ва мустақими вазири умури хориҷаи Исроил ба ҳамла ба хоки Эрон ва мушакборони Эрон дар ҳолест, ки ахиран Исроил иқдом ба як озмоиши мушакии болистик карда, ки гуфта мишавад, як озмоиши ҳастаӣ будааст.

Тайи моҳҳои ахир ва баъд аз шиддат гирифтани ҳамалоти Исроил ба хоки Сурия ва Ироқ ба баҳонаи муқобила бо нуфузи низомии Эрон, акнун ба тадриҷ Исроил дар пайи омодасозии муқаддамот барои эҳтимоли даргирии мустақим бо Эрон аст. Тайи як моҳи гузашта расонаҳои исроилӣ борҳо дар мавриди эҳтимоли ҳамлаи Эрон ба Исроил матолибе мунташир карда буданд, ки ба назар мерасад, бахши аввали сенориюи ҷадиди Исроил барои эҷоди ҳарос нисбат ба Эрон ва тавҷеҳи ҳаққи дифоъ дар баробари ҳамалоти Эрон будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: