Сиёсат

Ин фард дастпарвардаи худи мост

Пас аз ҳодисаи тирандозии Флуридо дар чанд рӯз пеш, ки тавассути як шаҳрванди Арабистони Саудӣ воқеъ шуд, рӯзномаи омрикоии New York Times ва низ маҷаллаи Politiko дар гузорише хотирнишон кардаанд, ки ин коромӯз дастпарвардаи худи мост. Ин ду таҳлилро дар идома мехонем:

New York Times навишт: Тирандозии маргбор ба пойгоҳи нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида дар Флуридо тавассути як коромӯзи низомии саудӣ, сояи худро бар равобит миёни Омрико ва Арабистони Саудӣ афканда ва мӯҷиби нороҳатии мақомоти омрикоӣ аз подшоҳи Арабистон шудааст. Арабистон, муттаҳиди аслии Омрико барои муқобила бо Эрон аст, ки муттаҳам ба ноором кардани минтақа мебошад.

Ҷумъаи гузашта яке аз коромӯзони Арабистони Саудӣ, ки дар риштаи парвоз дар истгоҳи ҳавоии нерӯи дарёии Пенсокуло таҳти омӯзиш буд, бо тирандозӣ дар ин пойгоҳ се нафарро кушт ва иддаеро маҷрӯҳ кард. Худи зориб тавассути нерӯҳое, ки ба саҳна омаданд, аз пой даромад ва кушта шуд.

Сарвон Тимути Кинсело (Capt. Timothy F. Kinsella) — фармондеҳи пойгоҳи дарёии Пенсокуло, дар як конфронси хабарӣ гуфт: “Ин тирандозӣ дар яке аз сохтмонҳои омӯзишии ин пойгоҳ рух дод, ки муддатҳост, ки аз донишҷӯёни низомии кишварҳои муттаҳид бо Омрико мизбонӣ мекунад.” Кинсело гуфт: “Донишҷӯёни бисёре аз саросари дунё барои омӯзиш ба ин пойгоҳ меоянд.”

Ин ҳодиса як ҳафта пас аз ҳаводиси Вирҷиниё ва Ҳовоӣ, севвумин ҳамлаи маргборе аст, ки як маркази дарёии Иёлоти Муттаҳидаро мавриди ҳамла қарор додааст. Аммо дар ин ҳамлаи ахир масълаи муҳимми иттиҳод миёни Омрико ва Арабистон аст, ки ин мавридро барҷастатар мекунад, то ҷое, ки яке аз қонунгузорон онро ҳамлаи теруристӣ номид ва хоҳони посухгӯии масъулон дар ин робита шуд. Морк Эспер (Mark Esper) — вазири дифои Омрико дар тавзеҳоташ изҳор дошт, ки вай “дар ҳоли баррасии қадам ба қадами таъсисоти низомӣ ва итминон аз амнияти онҳо” мебошад.

Дар таҳқиқоти анҷомшуда мушаххас шуд, ки коромӯзи саудӣ, шаби қабл аз анҷоми тирандозӣ, дар як меҳмонии шом, филмҳое аз тирандозиҳои густурдаи ҷамъӣ пахш карда будааст. Дар идомаи ин таҳқиқот мушаххас шуда ин фарди мусаллаҳ ба ҳамроҳи се коромӯзи низомии дигар, ки ҳамагӣ аз Арабистони Саудӣ буданд, дар ҳафтаи иди шукргузорӣ, аз Ню-йорк ва ҳамчунин чандин музей ва маркази Рокфелер, ҷое, ки нурпардозии дарахти Крисмас дар онҷо иттифоқ меафтад, дидан кардаанд. Бозрасон ба дунболи ин ҳастанд, ки оё ин сафар як гашту гузори туристии содда будааст ё ин ки коромӯзони саудӣ ангезаҳои дигаре доштаанд ё бо афроди дигаре дар онҷо мулоқот кардаанд.

Сутвони дуввум (лейтенант) Муҳаммад Олишимронӣ ё ҳамон коромӯзи муҳоҷими саудӣ, тибқи арзёбиҳои аввалияи мақомоти иттилоотӣ ва зидди теруристӣ, ибтидо дар соли 2018 вориди Иёлоти Муттаҳида шуда, аммо пас аз муддате, ба Арабистон бозмегардад ва сипас дар феврали 2019 дубора вориди Иёлоти Муттаҳида мешавад.

Як мақоми аршади омрикоӣ хотирнишон кард, ки ҳеч сарнахе мабнӣ бар иртиботи сутвони дуввум Олшимронӣ бо гурӯҳҳои теруристии байналмилалӣ, дар даст нест.

Аммо дабири кулли Matt Gaetz дар твиттери худ навишт: “Ин қатл набуд. Ин як амали теруристӣ буд.”

Рун Дисонтис (Ron DeSantis) — фармондори Флуридо гуфт, ки ба раисиҷумҳур Дунолд Тромп гуфтааст, ки “Давлати Арабистони Саудӣ бояд бо пардохти хасорат, шароитро барои ин қурбониён беҳтар кунад.” Дисонтис ба хабарнигорон гуфт: “Аз он ҷое, ки ин хасорот ба хотири рафтори яке аз донишҷӯёни Арабистони Саудӣ будааст, инҳо бояд масъулиятпазир буда ва ҷуброн кунанд.”

Сипас Тромп твитт кард, ки Салмон бен Абдулазиз Оли Сауд, подшоҳи саудӣ “таслияти самимона”-и худро иброз доштааст. Тромп навишт: “Подшоҳ гуфт, ки мардуми Арабистон аз иқдомоти ваҳшиёнаи ин тирандоз хашмгин шудаанд ва ин шахс ба ҳеч ваҷҳ шабеҳи мардуми Арабистон набуда ва эҳсосоти мардуми Арабистонро, ки шадидан ошиқи мардуми Омрико ҳастанд нишон намедиҳад.”

Аммо дар ҳоле, ки ҳанӯз иттилооти такмилии ҳувияти шахси муҳоҷим дар ҳоли пайгирӣ аст, аз тарафе иддае нигаронанд, ки ин фоҷеа ёдовари танишҳои гузашта миёни Омрико бо муттаҳиди низомии деринааш Арабистони Саудӣ гардад. Соли гузашта Кунгура Тромпро таҳти фишор қарор дода буд, то Арабистонро ба хотири қатли Ҷамол Хошуқчӣ ва қатли омми ғайринизомиён дар ҷанги дохилии Яман, он ҳам бо силоҳҳое, ки аксарашон сохти Омрико буд, муҷозот кунад.

Арабистони Саудӣ мизбони 15 нафар аз 19 ҳавопайморубое буд, ки дар 11 сентябри 2001 муртакиби ҳамалоти теруристӣ ба Иёлоти Муттаҳида шуданд ва ин амр мӯҷиб шуд, то Омрико бо гурӯҳҳои теруристии Алқоъида ва ДОЪИШ вориди ҷанг шавад. Алорағми бархе ислоҳоти анҷомшуда тавассути подшоҳи Арабистон, ин масъала нишондиҳандаи ҳамон “таколифи динӣ”-и мавҷуд дар миёни бархе аз ифротгароёни саудӣ аст, ки ҳанӯз ҳам ба унвони нерӯи родикол дар минтақа ҳузур дорад.

Алӣ Аҳмад, таҳлилгари Саудӣ дар Вошингтун, ки ба далели интиқоди ошкор аз ҳукумати Саудӣ, аз шаҳрвандии худ дар Арабистон маҳрум шудааст, дар ин бора гуфт: “Ман мутааҷҷиб нашудам, зеро ин нигариши бунёдини артиши саудӣ аст.” Вай афзуд: “Онҳо адабиёти ДОЪИШ ва Алқоъидаро дар артиши саудӣ омӯзиш медиҳанд.”

Аҳмад изофа кард: “Ман тасаввур мекардам, ки инҳо ба ин тафаккурот поён додаанд, аммо зоҳиран иштибоҳ мекардам. Ин тирандозӣ иттиҳоди артиши Омрико бо Арабистони Саудиро зери суол бурд.”

Пас аз кушта шудани Хошуқҷӣ ва ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба утубусе дар Яман, ки боиси кушта шудани даҳҳо кӯдак шуд, давлати Тромп сӯхтгириҳои ҳавоиро, ки ба ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистон ироа мекард, ба ҳолати таълиқ даровард. Дар он замон Арабистон дар ҳоли ҷанг бо Ҳусиҳои Яман буд.

Аммо дар аввалҳои соли ҷорӣ, ҳангоме ки нерӯҳои низомии Эрон як паҳподи омрикоиро соқит карданд, Пентогун бо эъзоми бештари нерӯҳои омрикоӣ ба Арабистони Саудӣ, нуфузи худро дар Подшоҳии Арабистон афзоиш дод.

Аз моҳи май то кунун, Пентогун болиғ бар 14000 нерӯи низомӣ ба манзури хунсо кардани фаъолиятҳои Эрон дар минтақа, ба Ховари Миёна эъзом кардааст, ки онҳо дар пойгоҳҳои низомӣ дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои атрофи минтақаи халиҷи Форс мустақар шудаанд. Ногуфта намонад, ки як пойгоҳи муҳимми ҳавоӣ, ки аз ҳамлаи соли 2003 ба Ироқ то кунун матрук монда буд низ тавассути Пентогун бозгушоӣ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.