Ваҳдати исломӣ

Ҳиндуе, ки дар тахриби масҷиди Бобурӣ нақш дошт мусалмон шуд (видео)

Яке аз раҳбарони ҳинду, ки дар тахриби масҷиди Бобурӣ нақш дошт, пас аз ошноӣ бо ислом мусалмон гардида ва барои худ исми Муҳаммад Амир баргузид ва имрӯза ба сохтани масоҷид машғул аст.

Ба гузориши Urdu.abbtakk.tv, Муҳаммад Амир, ки собиқан як раҳбари фаъолони ҳиндуи Санго буда ва яке аз омилони тахриби масҷиди Бобурӣ низ мебошад, ҳамакнун ба дини ислом гаравида ва дар сар то сари Ҳиндустон масҷидсозӣ мекунад. Вай ҳамакнун тасмим дорад масҷиде дар Ҳофиз Бобонигор воқеъ дар Ҳайдаробод бино кунад.

Вай пас аз ширкат дар тахриби масҷиди Бобурӣ ва пас аз пазируфтани ислом, тасмим ба сохту навсозии 100 масҷид гирифт. Вай ҳамчунин мутааҳҳид шуд, ки аз масоҷид муҳофизат кунад. Бо ин ҳисоб, вай сохти 90 масҷидро ба поён расондааст ва беш аз 59 маврид дар дасти сохт дорад. Масҷиди 59-уми вай, ки дар Ҳайдаробод дар ҳоли сохтан аст, “Масҷиди Раҳимия” ном дорад.

Муҳаммад Амир гуфт, ки соли гузашта, дар 6 декабр, ӯ бинои Масҷиди Раҳимияро оғоз карда ва аз он замон кори сохтусоз идома дорад. Мардуми маҳаллӣ аз ҳамакнун зери соябонҳои ин масҷид намоз иқома мекунанд.

Вай афзуд: “Ин масҷид дар замине бо 6 табақа ба масоҳати 3200 метри мураббаъ сохта шудааст, ки шомили як мадрасаи исломӣ барои афроде мебошад, ки ба дини ислом гиравидаанд.”

Муҳаммад Амир далели талошҳои худ барои сохтани масоҷидро чунин баён кард: “Ба унвони касе, ки дар тахриби масҷиди Бобурӣ нақш доштам, мардум ба ман ба чашми як қаҳрамон нигоҳ мекарданд. Аммо вокуниши хонаводаам бароям ҳайратангез буд. Онҳо иқдомоти маро маҳкум карданд, ки дар натиҷа ман эҳсоси гуноҳ мекардам. Баъдҳо бемор шудам ва бо доштани мушкилоти ҷисмӣ бо як руҳонии мусалмон машварат кардам.”

Вай хидмати яке аз пешвоёни мусулмон дар Уторпродеш рафт ва вазъияти худро барояш тавзеҳ дод. Он руҳонӣ барояш талаби бахшишу омурзиш кард. Арзишҳои исломӣ ва оёти қуръониро барояш тавзеҳ дод ва ин марди ҳинду дарёфт, ки коре, ки анҷом дода гуноҳкорона будааст. Дар натиҷа ӯ ва кулли хонаводааш исломро пазируфтанд. Муҳаммад Амир аҳд кард, ки 100 масҷид бисозад.

Муҳаммад Амир кори сохти нахустин масҷидро дар Ҳориёно оғоз кард ва онро Масҷиди Мадина номгузорӣ кард. Сипас масҷиди дигаре дар ин шаҳр сохт ва ба ин кори худ идома дод. Вай масоҷидро умдатан дар иёлоти шимол ва шимоли шарқӣ месохт.

Вай гуфт, ки ҳар куҷо масҷидеро бино мекард, ӯ ва хонаводааш ба он минтақа тағйири макон дода ва таълимоти исломиро тарвиҷ медоданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.