Нақду назар

Секулоризм чизе ҷуз ҳошиянависӣ бар китоби муқаддас нест

Секулорҳо достони оммаписанде барои таъриф кардан доранд: аз назари онҳо, бо ривоҷи адёни иброҳимӣ ҳамаи хубиҳои ҷаҳони погонӣ аз миён рафт ва дунёи тирае аз таҳмили ақоид, таъассуб ва хушунати динӣ ба вуҷуд омад. Аммо китоби ҷадиди Том Ҳулонд (Tom Holland) — муаррихи барҷаста, чизи дигаре мегӯяд. Ҳулонд нишон медиҳад, ки аслитарин арзишҳои инсонгароии секулор, монанди баробарии инсонҳо ва арзиши зотии башар, дар Юнон ва Руми бостон асосан ношинохта буданд ва он чи секулорҳо ба он мубоҳот мекунанд, сохта ва пардохтаи дин ва хусусан масеҳият аст.

Ба қалами Ҷон Грей (John Gray), устоди бознишастаи улуми сиёсӣ

Ҷон Грей (John Gray), устоди бознишастаи улуми сиёсӣ ва яке аз пуровозатарин мунтақидони китоб дар заминаи фалсафаи сиёсӣ аст.

Дар достони “Пунтис Пилот” (Pontius Pilate), навиштаи Руже Койлуо (Roger Caillois) — нависандаи сюрреолист ва назарияпардози адабӣ, фармондори румии Яҳудия ба ҷойи ба салиб кашидани Исо, ӯро озод мекунад ва таҳти ҳимояти лежюн (легион)-и салтанатӣ қарор медиҳад. Бад-ин гуна паёмбари фараҳманди яҳудӣ ба мавъиза идома медиҳад ва дар куҳансолӣ аз ҷаҳон меравад. Овозаи тақаддуси ӯ ҳамаҷо мепечад ва мазори ӯ ба зиёратгоҳи дӯстдоронаш бадал мешавад. Ин тасмими Пилот, ки дар пайи як бехобии шабона гирифта мешавад, дар ниҳоят сабаб мешавад, ки дини масеҳият ба вуҷуд наёяд.

Агар гуфтаи Том Ҳулонд дуруст бошад, агар масеҳият набуд, тамаддуни секулор ва мудерне ҳам дар кор намебуд. Ҷаҳони либероли ғарбӣ маҳсули диёнати масеҳӣ аст ва ҳарчанд имони илҳомбахши худро нафй мекунад, ҳамчунон ба муддаои ҷаҳоншумулии арзишҳои ғарбӣ идома медиҳад:

Дар воқеъ, ба назар мерасад, ки масеҳият барои идомаи рушд ва густариши бунёдҳои эътиқодии худ ба одамҳои масеҳӣ ниёзе надорад… Раддипойи унсурҳои масеҳӣ ҳанӯз ончунон дар пешфарзҳо ва ахлоқиёти афрод ҳузур дорад, ки бархе ҳатто дар шиносоии ҳузури ин унсурҳо ноком мемонанд. Ин унсурҳо ҳамчун зарраҳои рези ғубор бо чашми ғайримусаллаҳ қобили дидан нестанд, ҳол он ки тавассути ҳама — боварамандони масеҳӣ, худонобоварон ва ҳатто онҳое, ки нисбат ба дин бетафовутанд, бо ҳар даму боздам танаффус мешаванд.”

Либеролҳои секулор масеҳиятро ҳамчун достоне тахайюлӣ канор гузордаанд, аммо арзишҳо ва дидгоҳи таърихии онҳо аз пояи масеҳӣ боқӣ мондааст. Масеҳият достони марги писари Худо бар салиб аст. Дар дунёи румӣ, ба салиб кашида шудан сарнавишти ҷинояткорон ва касоне буд, ки иқтидори имперотуриро ба чолиш мекашиданд. Масеҳият бо худ инқилобе ахлоқӣ ба ҳамроҳ овард ва нотавононро ҳамчун фарзандони Худо нигарист, ки шоистаи болотарин эҳтиром дар ҷомеаанд. Таърих низ дар нигоҳи масеҳӣ ривояте аст аз гуноҳу растгорӣ, ки дар он, Худованд, аз тариқи писараш, дар канори фурӯдастон истодааст.

Ҷунбишҳои тараққихоҳонаи мудерн ин таърихи муқаддасро дубора зинда карданд, ҳарчанд ҷойи Худоро “инсоният” ё намояндагони худхонда ва мансуби он гирифтааст, ки ба намояндагӣ аз фурӯдастон сухан мегӯянд. Имрӯз дар муқоиса бо даврони фарогирии масеҳият, ҷаҳони ғарбӣ аз бисёре ҷиҳатҳо бо ҷазми бештаре ба адолат ва ҳаққонияти худ бовар дорад. Ҷангҷӯёни адолати иҷтимоӣ, ки тамаддуни ғарбро маҳкум мекунанд ва хостори эътирофи ин тамаддун ба гуноҳонаш ва тавба аз корҳои нодурусташ ҳастанд, бидуни такя бар мероси маънавии масеҳӣ ҳаргиз имкони зуҳур надоштанд. Ҳамон тавр ки Том Ҳулонд менависад: “Агар ҷуз ин буд, ҳаргиз касе аз ин хоби гарон бедор намешуд.”

Ҳулонд мегӯяд, вақте дар бораи дунёи бостон мутолеа кард, дидгоҳаш дар бораи масеҳият иваз шуд. Ҳулонд ҳам вақте навҷавон буд, ҳамчун бисёре дигар, Худои китоби муқаддасро “душмани қасамхӯрдаи озодӣ ва шодӣ” медид. Ва пас аз хондани китоби “Зуҳуру суқути Имперотурии Рум” (Decline and Fall of the Roman Empire), навиштаи Эдворд Гибон (соли 1776), бо хушҳолӣ пазируфт, ки пирӯзии масеҳият ба маънои оғози “асри хурофот ва соддалавҳӣ” будааст. Албатта Ҳулонд, бар хилофи бисёре, дар афкори навҷавононаи таҳқиромезаш нисбати дине, ки тибқи таълимоти он парвариш ёфта буд боқӣ намонд ва ситоиши даврони навҷавонии ӯ аз фарҳанги погонӣ, дар баробари 20 сол пажӯҳишу нигориш дар бораи даврони килосики бостон, ранг бохт.

Сезори Рум як милюн нафар аз голҳоро кушт ва як милюн тани дигарро ба бардагӣ гирифт. Дар саросари ҷаҳони румӣ кӯдакони гирёнро медидӣ, ки канори ҷоддаҳо, тӯдаҳои зубола ё фозилобҳо нишастаанд; кӯдаконе, ки раҳояшон карда буданд, то бимиранд. Духтароне, ки наҷот пайдо мекарданд, маъмулан ё барои бардагӣ парвариш меёфтанд ё ба фоҳишахонаҳо фурӯхта мешуданд. Албатта ин сангдилии румиҳо набуд, ки безории Ҳулондро бармеангехт, балки масъалаи аслиаш ин буд, ки “назди румиён, ин масъала асосан бемаъно буд, ки мумкин аст заъифон ё фурӯдастон камтарин арзише дошта бошанд.” Ҳулонд дарёфт, ки арзишҳои имрӯзӣ на аз тамаддуни килосик ва дур аз “табиати инсонӣ”, балки баромада аз арзишҳои даврони масеҳӣ ҳастанд.

Китоби “Салтанат” (Dominion) авҷи кори Ҳулонд то ба имрӯз аст. Осори дигари ӯ аз ҷумла “Рубикун: пирӯзӣ ва трожедии ҷумҳурии Рум” (Rubicon: The Triumph and Tragedy of the Roman Republic, 2003) ва “Оташи эронӣ: нахустин имперотории ҷаҳонӣ ва набард барои ғарб” (Persian Fire: The First World Empire and the Battle for the West, 2005) ҷоизаҳои шоёни таваҷҷӯҳе ба даст овардаанд ва китобҳое ҳамчун “Ҳазора: поёни ҷаҳон ва барсохтани олами масеҳӣ” (Millennium: The End of the World and the Forging of Christendom, 2008), “Дар сояи шамшер: набард барои имперотурии ҷаҳонӣ ва поёни ҷаҳони бостон” (In the Shadow of the Sword: The Battle for Global Empire and the End of the Ancient, 2012) ва “Дудмон: зуҳуру суқути низоми сезорӣ” (Dynasty: The Rise and Fall of the House of Caesar, 2015) ӯро ба яке машҳуртарин муаррихони оммаписанд бадал сохтаанд.

Он гуна ки Ҳулонд нишон медиҳад, пирӯзии масеҳият навъе гусаст дар пайвастагии таърихии тамаддуни ғарбӣ аст. Ин идея, ки ҳамаи инсонҳо моҳиятан бо ҳам баробаранд ё ҳар шахсе дорои арзише зотӣ аст, аслан бадеҳӣ нест ва ин арзишҳо, ки мавриди таваҷҷӯҳи мутафаккирони секулори имрӯзӣ аст, бо дастони масеҳият дар маркази дунёи ғарбӣ ҷой гирифтааст. (Албатта Ҳулонд дар бораи чигунагии густариши ин арзишҳо дар Яҳудият тавзеҳи чандоне надодааст). Аз диди ӯ, инсонгароии либерол, дар ниҳоят, навъе ҳошиянависӣ бар китоби муқаддас аст.

Ҳулонд дар таҳлили худ бар достони ба салиб кашидани Масеҳ тамаркуз мекунад. Ин достон бо нишон додани Худованд дар чеҳраи инсоне фурӯшикаста ва шиканҷадида, парастиши погонии зиндагӣ ва зебоиро зеру рӯ мекунад. Аммо агар фақат ҳамин бошад, мумкин аст сабаби дастикам гирифтани инқилоби ахлоқиаш шавад, ки масеҳият ба вуҷуд овард. Дар ҳақиқат, моҳияти ахлоқ дар пай ин дигардесӣ тағйир ёфт. Масалан, дар Арасту наметавон радде аз фурӯтанӣ ё ишқи бародарона ёфт. Арасту дар ахлоқ аз “инсонҳое, ки дорои руҳҳои бузург” ҳастанд ситоиш мекунад, ки корашон тааммул дар бораи ҷаҳон аст ва бузургии худашонро пос медорад. Ба ин тартиб, навъдӯстӣ, ки имрӯза қалби ахлоқ шинохта мешавад, дар дунёи бостон арзиши чандоне надоштааст. Пайравони мактаби равоқӣ ташвиқ шудаанд, ки вазоифи умумиро анҷом бидиҳанд ва эпикуриён ҳам чигунагии шодмона зистанро ба дигарон таълим додаанд, аммо дар ҳеч як, кӯмак ба инсонҳои дардманд аз тариқи амалаҳое ҳамчун фидокорӣ зарурӣ ё писандида набудааст. Ин воқеият, ки масеҳиён ҳозир буданд ба хотири имони худ аз ҷонашон бигузаранд, аз назари соҳибқудратони румӣ, онҳоро ба фирқае аҷибу шарур табдил мекард.

Ҳулонд аз робитаи миёни Масеҳ ва мазҳабе, ки бино буд бароварад, сухани чандоне намегӯяд. Ба навиштаи ӯ, “ҳеч чиз ба андозаи шахси Масеҳ ғайриоддӣ набудааст”, аммо Исо ба чӣ далел ин қадр ғайриоддӣ будааст? Дар замони ҳузури ӯ дар Яҳудия, паёмбарони бисёре дар ин минтақа ҳузур доштанд ва мумкин аст бар ҳасби иттифоқ, ӯ дар ёдҳо монда ва дигарон аз ёд рафта бошанд. Тасвири масеҳӣ аз шахси Исо ва омӯзаҳои ӯ мумкин аст шабоҳати чандоне ба воқеияти таърихӣ надошта бошад. Чунонки дар мутуне, ки аз замони кашфи “тӯморҳои баҳри Мурда” ба дасти мо расида, Исоро дар чеҳраҳои гуногуне мушоҳида мекунем. Дар ҳақиқат дине, ки баъдтар масеҳият номида шуд, бештар ихтироъи Поул (Paul) ва Огустин (Augustine) аст ва ба эҳтимоли зиёд барои худи Исо ношинохта будааст.

Ин сухани Ҳулонд он гоҳ ки ба баҳс аз чигунагии офариниши арзишҳои мудерни ғарбӣ ба дасти масеҳият мерасад, истеҳкоми худро нишон медиҳад. Ба таври мисол, ҳамаи масеҳиён идеяи гуноҳи нахустини башарро напазируфтаанд. Пелогиус (Pelagius, 360-418 пас аз мелод) бар ин бовар аст, ки танҳо далели бадкории инсонҳо, одат ба анҷоми иштибоҳ аз даврони кӯдакӣ аст. Дидгоҳе, ки дар даврони ҷадид ҳам аз сӯи наслҳои паёпайи мутафаккирони либерол такрор шудааст, бе он ки аз ин илоҳидони ангилисӣ сухане шунида бошанд. Ҳулонд дар идома аз файласуфи мадрасии қуруни миёнӣ, Питер Обелор (Peter Abelard, 1079-1142), намунаеро матраҳ мекунад, ки чӣ гуна бовар ба мантиқӣ будани ҷаҳони сохтаи Худованд ва идораи он бо қонунҳои қобили фаҳм тавассути башар, ки илҳомбахши таъсиси донишгоҳҳо дар саросари ҷаҳони масеҳӣ будааст, ба бидъатгузор хонда шудани ӯ анҷомид. Дар ҳақиқат Обелор ҳамчун мутафаккирони даврони равшангарӣ, касе буд, ки зеҳни урупоиро бо руҳи пешрафт пайванд зад.

Дар бахшҳои поёнии китоб, Ҳулонд аз ваҳшати фотеҳони масеҳӣ мегӯяд, вақте ки ба мизони қурбонӣ кардани инсонҳо дар Мексик огоҳӣ ёфтанд, ва ҳамин тавр озмоиши қарни 16-умии кумунизми теукротикро дар шаҳри олмонии Мунстер ривоят мекунад. Ҳулонд паёмадҳои ахлоқӣ ва ҳайвонсифатонаи мошинисми мотериёлистиро тавассути Моркиз де Сод (Marquis de Sade), ба унвони мутафаккире аз даврони равшангарӣ, ки арзишҳои масеҳиро нафй кардааст, баррасӣ мекунад ва ба масеҳитситезии Ленин ва Ҳитлер, масеҳияти зидди нозии Толкин (Tolkien), моҳияти масеҳии худонобоварии Ҷон Ленун (John Lennon) ва нақши масеҳият дар эҷоди фарҳанги ахлоқии мунтаҳӣ ба ҷунбиши #MeToo мепардозад. Ҳол он ки бинишҳо ва тасвирҳои дурахшони дигар низ ба фаровонӣ дар асари ӯ ёфт мешавад.

Салтанат” таърихе пурмоя аз ҷаҳони масеҳӣ ба хонанда арза мекунад. Бо ин ҳол, он чи ин китобро ҷаззоб карда, тахриби вайронкунандаи таърихи муқаддаси инсонгароии секулор аст. Ҳулонд мегӯяд, достони оммаписанди секулоризм, худашро ин гуна хулоса мекунад, ки:

Пирӯзии калисо, ҳар он чи барои ҷомеаи мутамаддину маданӣ лозим буд, дар нутфа хафа кард. Торикӣ бар Урупо фуруд омада буд. Барои давроне ҳазорсола ва беш аз он, попҳо ва дастгоҳи тафтиши ақоид барои аз миён бурдани кучактарин нишонаҳои кунҷковӣ, пажӯҳиш ё тафаккур кӯшиданд… инки ҳеч бахше аз чунин ривояте бо воқеият мутобиқ нест, монеъ аз шӯҳрат ва пазириши умумии он нашудааст.”

Ин ҳамон устураи касолатовар ва маъруфе аст, ки эҳтимолан ҳеч мизон аз шавоҳиди таърихӣ қодир ба нафйи он набудааст. Ба навиштаи Ҳулонд, дар воқеъ, ин калисо, усқуфҳои масеҳӣ ва олимони илоҳӣ буданд, ки бо бардагии бумиёни Омрикои Лотин мухолифат карданд ва ин Арасту буд, ки барои дифоъ аз ин кор фаро хонда шуд. Либеролҳои секулор фавран ба ин нукта ишора хоҳанд кард, ки бардадорӣ дар саросари таърихи масеҳият вуҷуд доштааст. Албатта ҳамин тавр аст, аммо ин воқеият нуктаи аслии Ҳулондро тағйир намедиҳад. Ҳатто агар масеҳияти ҳоким ҳамаи анвоъи шароратҳоро расмият бахшида бошад, боз ҳам меъёре барои некӯкорӣ сохтааст, ки дар ҷаҳони пешомасеҳӣ ёфтанӣ нест.

Албатта масеҳият шаррҳои ҷадид ва вежаи худро низ офарид. Фарогирии паёми масеҳӣ ва пофишорӣ бар ин ки ҳамаи инсонҳо дар пешгоҳи Худованд баробаранд, ҳуҷуми ваҳшиёна ба адёни дигарро дар пай доштааст. Масеҳиён муддаии моликияти инҳисории ҳақиқат, бидуни ҳеч намунаи мушобеҳ пеш аз он, ҳастанд ва натиҷаи ин иддао саркӯби бесобиқаи дигарон будааст. Ба навиштаи Ҳулонд, “калисое, ки худро ҷаҳонӣ эълом мекунад, зоҳиран барои касоне, ки ранҷи наҷотбахши онро намепазируфтанд, ҷое надошт.”

Ҷаҳони пешомасеҳӣ ҳам бешак раводориро ба маънои мудерн ба кор намебаст. Чунонки дар достони марги Суқрот ба хубӣ нишон дода шуд, ки ин ҷаҳон ҳеч дарке аз озодии андеша ба унвони гунае аз ҳаққи инсонӣ надоштааст. Бо ин ҳол, ҷаҳонбинии чандхудоии юнонӣ-румӣ ниёзи инсонҳо ба тайфи мутанаввеъе аз мазоҳиб, устураҳо ва авҳомро ба расмият мешинохт. Масеҳият ин раводории бостониро аз миён бурд ва бо ин кор ҷаҳони мудернро бунён гузорд.

Масеҳият ба ду шева густариш меёбад: дигардесӣ ва секулоризосиюн.” Ин таъбири нағзро, ки Ҳулонд аз як муаррихи беноми ҳиндӣ нақл мекунад, истидлоли аслии “Салтанат”-ро ба таври хулоса нишон медиҳад: ин ки мудернитаи секулор, на нафйи масеҳият, балки тадовуми он ба сурати дигаре аст. Худонобоварон (атеистҳо) бо ин иддаои пурсару садо, ки бе ҳузури масеҳият, чӣ мизон мутамаддинтар будем, аз худ напурсидаанд, ки ҳамин тасаввури тамаддун аз куҷо сарчашма мегирад? Дар ин маврид Ниче ба ҳақиқат наздиктар аст, ки мегӯяд, агар аз баромадани масеҳият пушаймон шудаед, бояд аз зуҳури либеролизм, ҳуқуқи башар ва эътиқод ба пешрафт низ пушаймон шавед.

Ҳулонд хонандаи асари худро бо тарҳи пурсише раҳо мекунад: ин ки агар дин ба унвони сарчашмаи арзишҳои либерол, дар ғарб рӯ ба нобудӣ аст, чӣ ояндае метавон барои ин арзишҳо интизор дошт? Ба навиштаи ӯ:

Агар инсонгароии секулор на аз хирад ё аз илм, балки аз раванди дигардесии масеҳият сарчашма гирифта бошад (раванде, ки дар нигоҳи шумори бисёре аз мардумони Урупо ва Омрико, худои мурдаро бар ҷой гузордааст), оё ин арзишҳо асосан чизе беш аз сояе аз пайкари беҷон ҳастанд? Агар бунёди ин ахлоқиёт устура нест, пас чист?

Ба назар мерасад, ки Ҳулонд дар пайи нишон додани ин амр аст, ки арзишҳои либерол аз фурӯ рехтани пояҳои масеҳии худ ҷони солим ба дар нахоҳанд бурд. Ин дидгоҳ мунҳасир ба мӯъминони масеҳӣ нест ва касоне чун нависандаи ниҳилисти фаронсавӣ, Мишел Уелбек (Michel Houellebecq) низ монанди бархе дигар аз мутафаккирони худонобовар ё надонамангор, дар ҳамин чорчӯб меандешанд. Бо ин ҳол, тасаввур мекунам, ки ин бардошт, хониши нодуруст аз вазъияти кунунӣ аст.

Дуруст аст, ки арзишҳои либерол, он гуна, ки пештар дарк мешуданд, дар ҳоли хуруҷ аз саҳна ҳастанд, аммо сарчашмаи уфули ин арзишҳо печидатар аз фуқдони сирфи имони масеҳӣ аст. Имрӯза масеҳият берун аз ҷаҳони ғарб, дар сатҳи густурдае эҳё мешавад. Ба унвони намуна, дар Русияи пасокумунистӣ, калисои уртудукс бори дигар бо қудрат зоҳир шудааст, аммо улгуи хосси тавсиъае, ки масеҳият аз тариқи он арзишҳои либеролро дар Урупои ғарбӣ эҷод кард, дар калисои уртудукси шарқӣ такрор нашуд ва масеҳияти навхоста дар Русия, ҳеч нишоне аз либеролизм бар худ надорад. Амре, ки ба далоили дигаре, дар бораи Офриқо низ содиқ аст. Дар ҷаҳони ғарбӣ, либеролизм ҳамроҳ бо имони масеҳӣ дар ҳоли нопадид шудан нест, аммо пайваста бар таъассуб ва ҷазмандешии он афзуда мешавад. Либеролҳои ифротии имрӯз ба наҳви таънаомез, мушобеҳати начандон андаке бо масеҳиёне доранд, ки касратгароии ҷаҳони бостонро аз миён бурданд. Онҳо низ бо назорат бар дидгоҳҳои дигарон, бастани боби гуфтугӯ ва тарди боварҳо ва арзишҳое ҷуз он чи аз они худашон аст, ба монанди масеҳиёни нахустин, худро бозигарони достони гуноҳу растгорӣ медонанд.

Достони Руже Койлуо чашмандозе воқеитар аз таърихро дар баробари дидагони хонанда қарор медиҳад. Баромадани масеҳият танҳо як тасодуф буд ва ҷаҳони либероли ғарбӣ натиҷаи тасодуфии ин тасодуф. Албатта дастони Худоро метавон дар тасмими Пилот барои ба салиб кашидани Масеҳ мушоҳида кард. Чунонки калисоҳои қибтӣ ва Этюпӣ (Эфиопия), Пунтис Пилотро ба сабаби нақши меҳвариаш дар ривояти масеҳӣ, ба манзилаи як қиддис гиромӣ медоранд, аммо агар ин рӯйдодҳо ва мавориди пас аз онҳо дар назме аз пеш муқаддар сомон наёфта бошанд, пирӯзии масеҳият натиҷаи бахти баланди он будааст. Дар ҳақиқат агар яке аз ин бешумор рӯйдоди эҳтимолӣ рух надода буд, Урупо эҳтимолан бо омезае аз фирқаҳои чандхудоӣ ва фалсафаи килосик шакл мегирифт ва масеҳият ҳаргиз дар саросари ҷаҳон густариш намеёфт.

Чунин дунёе шояд аз бархе ҷиҳатҳо, бар ҷаҳони воқеӣ ва кунунӣ бартарӣ дошт, аммо чашмандозе барои баробарии инсонӣ ва пешрафти ахлоқӣ, ки ғарби мудернро шакл додааст, дар он пайдо намешуд. Агар либеролҳои секулор “Салтанат”-ро бихонанд — ки бояд бихонанд — шояд андаке бар ин нукта биандешанд, ки жарфтарин арзишҳои худро бо бахту иқбол ва дар чорчӯби динӣ ба даст овардаанд, ки онро кучак мешуморанд.

NewStatesman

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.