Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Эрон дар вокуниш ба таҳдидоти ахири Исроил: “Ба ҳар таҷовузе посухи кӯбанда ва пушаймонкунандае медиҳем”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳдидоти низомии ахири саҳюнистҳо тасреҳ кард: “Дар дифоъ аз киёни Эрон ва амнияти миллии худ лаҳзае диранг накарда ва дар баробари ҳар гуна таҷовуз ва ё иқдоми аҳмақона, посухе кӯбанда ва пушаймонкунанда хоҳем дод.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба иддаоҳо ва таҳдидоти низомии ахири мақомоти режими саҳюнистӣ алайҳи ин кишвар, изҳор дошт: “Таҳдидоти режими ишғолгари Қудсро нишонаи заъф ва нотавонии ин режим ва бо ҳадафи сарпӯш гузоштан бар бӯҳронҳо ва мушкилоти дохилии сардамдорони он медонем. Режиме, ки шолуда ва моҳияти он дар тӯли 70 соли ишғолгарӣ, бар таҳдиду таҷовуз бино шудааст.”

Мӯсавӣ таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя бар қудрати мубтанӣ бар фарҳанги исору муқовимати мардуми худ, дар дифоъ аз киёни Эрон ва амнияти миллии худ лаҳзае диранг ва мумошот нахоҳад кард ва дар баробари ҳар гуна таҷовуз ва ё иқдоми аҳмақона, посухе кӯбанда ва пушаймонкунанда хоҳад дод.”

Гуфтанист, Нафтоли Бенет, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, дирӯз (якшанбе) дар як нишаст, бо баёни ин ки Исроил мусаммам ба ихроҷи Эрон аз Сурия аст, хитоб ба Эрон гуфт: “Сурия Ветноми шумо хоҳад шуд, дар онҷо ғарқ хоҳед шуд ва хунатон рехта мешавад.”

Бенет таъкид кард: “Исроил бидуни хастагӣ кор мекунад, то замоне, ки Эрон нерӯҳояшро аз Сурия берун бибарад.”

Аз сӯи дигар Ясроил Котз, вазири умури хориҷаи ин режим низ, бо баёни ин ки ҳамлаи Исроил ба Эрон дар ҳоли баҳсу баррасӣ аст, гуфт: “Агар Эрон аз ҳар хатти қирмизе убур кунад, як ҷабҳаи муттаҳид ва мустаҳкамро дар баробари худ хоҳад дид, ки шомили Омрико, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ки садҳо мушакро ба самти Теҳрон шиллик мекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.