Перейти к содержимому

Бархӯрди ғайриинсонии ҳукумат бо писари яке аз фаъолони сиёсӣ

Муҳаммадзариф Саидов, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар Урупо паноҳандаи сиёсӣ аст, дар наворе, изҳор дошт, ки мақомоти Тоҷикистон писари 13-солааш, Муҳаммадҷон Саидовро ба мактаби “кӯдакони душвортарбия” супурдаанд. Ӯ мегӯяд, писараш ҳофизи кулли Қуръони Карим аст ва дар Банглодеш таҳсил мекард ва ба забонҳои арабӣ ва банголӣ мусаллат аст. Ӯ мегӯяд, супурдани писараш ба ин навъ мактаб, ангезае ҷуз сиёсӣ надорад ва ин кор ба хотири фаъолиятҳои ӯ сурат гирифтааст.

Вай дар ин навор мегӯяд, писараш солҳои 2013-2014 дар литсейе дар деҳаи Чорбоғ таҳсил мекард. Дар ин литсей дарсҳои забони арабӣ ва Қуръони Карим низ тадрис мешуд. Ва баъд аз он ки фаъолияти ин литсей дар Тоҷикистон қатъ мешавад, Муҳаммадзариф писарашро барои идомаи таҳсил ба Банглодеш мефиристад.

Муҳаммадҷон дар феврали соли 2019 ба далели он, ки муддати эътибори гузарномааш ба поён расида буд ва мехост гузарномаи ҷадид бигирад ва низ ба хотири зиёрати падарбузург ва модарбузургаш, ба Тоҷикистон меояд. Аммо мақомот ба ӯ иҷозаи баргашт ба Банглодешро намедиҳанд ва дар ноябри соли 2019 ӯро ба мактаби “кӯдакони душвотарбия” месупоранд.

Муҳаммадзариф Саидов мегӯяд, агар писараш эроде дошт ва аз кӯдакони “душвортарбия” мебуд, ҳаргиз муваффақ ба ҳифзи кулли Қуръони Карим ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва банголӣ намешуд.

Лозим ба ёдоварист, ин гуна бархӯрд бо фарзандони мухолифони сиёсӣ, ҳамон сиёсате аст, ки чанд сол аст, ки кишвари Чин пеша карда ва зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳоли пиёда кардани чунин сиёсате аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: