Перейти к содержимому

Иштироки сояи Кабирӣ ва ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2020

Ба қалами Рустами Ғаффор

Бо гузоришҳои расида аз дохили Тоҷикистон, Кумитаи тадорукоти ҲХДТ, ки иншабу рӯзҳо маъракаи таблиғотии худро гӯё барои интихоботи парлумонии соли 2020 оғоз карда дар гӯшаву канори кишвар бо анҷоми баъзе фаъолиятҳо аз қабили ниҳолшинонию раҳрӯбӣ ва тақсими чанд литр равғану як ду халта орд ба баъзе қишри фақири ҷомеа, ки худи ҳамин ҳизб сабабгори фақри он аст, мехоҳад худро як навъ ҳизби мардумӣ ба намоиш бигзорад.

Онҳое, ки дар ин маъракаҳои таблиғотӣ иштирок кардаанд, мегӯянд, дар тамоми ин маҳофил аз шахси Эмомалӣ Раҳмон таърифу тамҷид шуда бар акси он аз ҲНИТ ва бахусус раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ интиқод карда мешавад.

Барои мардум тааҷҷубовар ин аст, ки ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2020 иштироки физикӣ надорад. Вақте, ки бо қарори Суди Олӣ фаъолияти ин ҳизб мамнӯъ шудааст, аз чӣ бошад, ки ҲХДТ ҳанӯз рақиби ягона ва пурқудрати худ дар интихоботи соли 2020-ро ҲНИТ медонад?!

Ҳатто дар ҷамоатҳои маҳаллӣ ва минбарҳои масоҷиди кишвар ҳамакнун оғози маъракаи зидди ҲНИТ доир ба интихоботи парлумонии соли 2020 оғоз гардида тибқи маълумотҳои расида аз манобеи мухталиф ин раванд шояд дар моҳҳои оянда суръати бештаре бигирад.

Ин реклама ва таблиғи сиёҳ, иштироки ҲНИТ ва сояи роҳбари он Муҳиддин Кабириро дар интихоботи парлумонии соли 2020 таъмин мекунад. Зеро ин кор агар аз як тараф номи ҲНИТ-ро зинда нигоҳ дорад, аз тарафи дигар мавқеъи иҷтимоии онро байни аъзо ва тарафдоронаш дар дохили Тоҷикистон ҳифз хоҳад кард.

Эътирофи ҲНИТ ба унвони рақиби интихоботии соли 2020 аз тарафи ҲХДТ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ, як ҳодиса ва раванди нодир дар қаламрави Тоҷикистон дар 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ мебошад, ки як ҳизби мамнӯъ ва бидуни намоянда, дар раванди интихобот ин ҳама таблиғи муфт шавад.

Ҳоло номаълум аст, ки наҳзатиён дар дохил ва хориҷи кишвар ё Паймони Миллии Тоҷикистон то куҷо аз ин раванд ба нафъи худ ва ҷомеа истифода карда метавонанд ва чӣ тактику стротежии сиёсии мувафақ ё барномаеро дар ин замина рӯи даст доранд.

Агар онҳо аз нозукии ин раванд истифода карда битавонанд, он фазо ва тавозуни муборизаҳои сиёсӣ ва иттилоотиро ба куллӣ тағйир хоҳад дод, ва дар шаклгирии як барномаи муваффақ ва пайванди ҷонибдории ҳаводорони ин ҳизб дар дохил ва хориҷи кишваро ба вуҷуд биёрад.

Рустами Ғаффор, махсус барои Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: