Дидгоҳ

Ду иштибоҳи истротежики ҳизби ҳокими ҲХДТ

Ба баҳонаи солгарди таъсиси ҲХДТ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҷаҳони имрӯз, андак нестанд аҳзоби сиёсие, ки бар пояи ҷойгоҳ ва қудрати як фард таъсис мешаванд, ва аз ин рӯ, вуҷуду бақои онҳо баста ба вуҷуду бақои он фард аст. Яъне то модоме, ки ӯ ҳаст, ин ҳизб ҳам ҳаст ва ҳамин ки фавтид, ҳизби мавриди назар низ аз байн меравад. Намунаи боризаш дар ҷаҳони имрӯз, ҳизби “Русияи воҳид” (Единая Россия) аст, ки буданаш марҳуни вуҷуди раисиҷумҳури кунунии ин кишвар яъне ҷаноби Владимир Путин аст.

Чунин аҳзобе, бо он ки дорои ойиннома буда ва барои худ аҳдофу ормонҳо ва роҳкорҳоеро рӯи коғаз тарсим мекунанд, аммо чун воқеияташон ношӣ аз ҷойгоҳу қудрати як фард аст ва буданашон баста ба будани ӯ, аз ин рӯ, амалан ҳамму ғамме ҷуз ҳифзу бақои фарди мавриди назар надоранд. Яъне тамоми таваҷҷӯҳашон ва самту сӯи ҷамиъи фаъолиятҳояшон, бар меҳвари ҳифзи ҷойгоҳу қудрати он фард мечархад. Зеро аъзо ва ҳаводорони якчунин аҳзобе медонанд, ки агар он фард набошад, на ҳизбашон харидоре дар ҷомеа дорад ва на метавонанд соҳиби мақому ҷойгоҳе гарданд.

Ҳизби Халқии Демукротики Тоҷикистон (ҲХДТ) низ аз ин навъ аҳзоб аст. Бале, ин ҳизб “ойиннома” дорад ва дар он, аҳдофи пуртамтароқеро барои худ тарсим намуда, аммо ин аҳдофу ормонҳо фақат рӯи коғазанд ва ойинномаи воқеии ин ҳизб ва ҷиҳатдиҳандаи самту сӯи фаъолияташ, ирода ва ишораи Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне дар воқеъ, ин Раҳмон аст, ки “бояду набояд”-ҳои ин ҳизбро ташхису таъйин мекунад. Вагарна, дар муддати умри 20-у чандсолаи ин ҳизб, оё боре дар расонаҳо хабаре мабнӣ бар ин ки масалан тасмими ҲХДТ чизе буда ва аммо тасмими Раҳмон (ва куллан ҳукумат) чизе дигар будааст, дида ва ё шунидаем?! Ҳаргиз ва абадан! Ва ин дар ҳолест, ки вуҷуди ихтилофи оро ва гуногунии дидгоҳҳо, дар аҳзобе, ки бар меҳвари аҳдофе мушаххас фаъолият мекунанд, як чизи табиӣ ва ҳокӣ аз зинда ва пӯё будани онҳо аст.

Ба ҳамин хотир аст, ки ҲХДТ дар муддати фаъолияти 20-у чандсолаи худ дар ҷомеаи Тоҷикистон, муртакиби хатоҳо ва иштибоҳҳои истротежики мутаъаддиде шудааст, ки наслҳои оянда ҳаргиз намебахшадашон. Аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб чи басо фаромӯшашон шудааст, ки бақои Раҳмон ва хонадонаш бар арикаи қудрат, “ҷовидон” нест, як рӯз меравад. Ва он вақт, мардум мемонанд ва аъзои ин ҳизб, ки бояд ба хотири ин хатоҳо ва иштибоҳҳо, посухгӯ бошанд.

* * *

Дар ин ёддошт, танҳо ба ду иштибоҳи истротежики ин ҳизб ишора хоҳад шуд:

1) Яке аз хатоҳои нобахшудании ҲХДТ дар муддати фаъолияташ, на танҳо мувофиқати ӯ бо ҳар иқдоми дурусту ғалатест, ки Раҳмон ва дору дастааш анҷом доданд, балки тавҷеҳкорӣ ва дурусту саҳеҳ нишон додани он иқдомҳост. Масалан, вақте порае аз хоки Тоҷикистон бо тасмими Раҳмон ба Чин вогузор гардид, ҲХДТ метавонист лоақал ба зоҳир баёнияе содир кунад ва бо ин кораш нишон бидиҳад, ки ин ҳизб ба ин тасмим розӣ нест. Аммо ҲХДТ на танҳо ҳеч баёнияе содир накард, балки мудом ин иқдоми хиффатовар ва зиллатбори Раҳмонро тавҷеҳ мекунад.

Дуруст аст, ки ҲХДТ ҳизби ҳоким аст, аммо ин ҳизб магар намедонад, ки қарор нест аз ҳар иқдоми ҳукумат пуштибонӣ ва ҳимоят кунад?! Ба сухани дигар, чунин нест, ки агар дар як кишвар ҳизбе қудратро дар ихтиёр дошта бошад, аъзои он ҳизб ва баданаи он, дигар кулӯх бар лаб ниҳанд ва ҳар гуна иқдоми ҳукуматро, чи саҳеҳ бошад ва чи ғалат, таъйид ва мавриди имзои худ қарор бидиҳанд.

Вогузории порае аз хоки кишвари азизамон чизе нест, ки ба фаромӯшӣ супурда шавад, ин хиёнат дар зеҳну ёди ҳар шаҳрванд боқӣ хоҳад монд ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки муртакибони ин ҷиноят посухгӯи ҷинояту хиёнати хеш хоҳанд буд. Ва бешак, ҲХДТ ба унвони ҳизби ҳоким, ки на танҳо мавзеъе нагирифт, балки рӯи ин хиёнат сиҳҳа гузошт ва онро мавриди таъйид қарор дод, қатъан посухи ин хиёнати хешро медиҳанд.

2) Хато ва иштибоҳи дигари ҲХДТ, ки он ҳам истротежик аст иборат аз ин аст, ки: ин ҳизб ва ҳаводоронаш ду мафҳуми муқаддаси “Ватан” ва “Миллат”-ро дар чеҳраи як фард хулоса кардаанд (ва мекунанд).

Тавзеҳ он ки: имрӯзҳо ҳаводорони ин ҳизб ҳар гоҳ вожаи “хоин”, “душмани миллат”, “ватанфурӯш” ва аз ин қабил иборатҳоро ба кор мебаранд (ки аз қазо, зиёд ҳам ба кор мебаранд), дар мавриди афроде ба кор мебаранд, ки мухолифу мунтақиди сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Яъне ҳар касе мухолифи сиёсатҳои Раҳмон бошад ва ё аз иқдому амалкарди ӯ интиқод кунад ва бигӯяд, ин иқдом дуруст нест, филфавр аз сӯи ҳаводорони ҲХДТ “хоин”, “ватанфурӯш”, “душмани миллат” хонда мешавад. Дар ҳоле, ки мухолиф ё мунтақиди сиёсати як фард, на лузуман ба ватанаш хиёнат карда ва на ватанашро фурӯхта ва балки баръакс чи басо аз сари дилсӯзӣ ба миҳанаш ва кишвару ҷомеааш, аз сиёсату амалкардҳои ҳоким интиқод мекунад.

Ин сиёсат ҳамон сиёсатест, ки дар Шӯравӣ дар даврони ҳукмронии Истолин пиёда шуда ва садҳо ҳазор аз мунтақидони сиёсати Истолин — ки худ аз кумунистҳо ва аз поягузорони Шӯравӣ буданд — ё эъдом шуданд ва ё табъид гардиданд. Албатта, бо омадани Хуршчев ба сари қудрат, бар ин сиёсати ғайриинсонӣ хатти бутлон кашида шуд.

Ба ҷуз ин ду иштибоҳ, хатоҳо ва иштибоҳҳои фаровони дигаре ҳам ҳаст, ки мақола гунҷоиши ёдварии так-таки онҳоро надорад ва сари фурсат ба ҳамаи онҳо ишора хоҳад шуд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.