Перейти к содержимому

Хоб ва таъбири он аз назари ислом

Хоб дидан аз ҷумлаи масоилест, ки тақрибан ҳамаи мо онро таҷриба карда ва маъмулан осори бархе аз ин хобҳоро дар зиндагии худ ламс ва мушоҳида мекунем.

Хоб дар ислом ҳаракати руҳ ба сӯи олами руҳ шумурда мешавад. Метавон гуфт, руҳи инсон дар хоб озод мешавад ва гузаштаву ояндаро бидуни сурати моддӣ мебинад, зеро замон дар онҷо ба шакли замони мо нест; гузаштаву ҳолу оянда дар он якест.

Мавзӯи хоб ва фароянди он, яке аз асрори илоҳӣ аст, ки Худованд илми онро танҳо ба бандагони хосси худ ато кардааст. Оятҳое аз Қуръон ба мавзӯи хоб ишора мекунад, аз ҷумла ояти 42 сураи Зумар, ки мефармояд:

اللَّهُ یَتَوَفَّی الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِهَا وَالَّتِی لَمْ تَمُتْ فِی مَنَامِهَا فَیُمْسِکُ الَّتِی قَضَی عَلَیْهَا الْمَوْتَ وَیُرْسِلُ الْأُخْرَی

Худо нафсҳоро (руҳҳоро) ба ҳангоми марг қабз мекунад, ва нафсҳоеро, ки намурдаанд низ ба ҳангоми хоб мегирад. Сипас руҳи касоне, ки фармони маргашонро содир карда нигаҳ медорад ва руҳҳои дигареро (ки бояд зинда бимонанд), бозмегардонад то саромаде муайян…

Бар асоси ин оят, хоб навъе марг аст, бо ин тафовут, ки инсон дар марг руҳаш барои ҳамеша гирифта мешавад.

Донишмандон ва муҳаққиқон ҳамвора мабҳути ҷанбаҳои зиёде аз чигунагӣ ва чароии амалкарди мағз аз ҷумла хоб дидан мебошанд. Онҳо солиёни дароз бар рӯи хобу руъё таҳқиқ кардаанд, бо ин ҳол, ҳанӯз 100 дарсад аз чигунагии амалкарди хоб мутмаин нестанд.

Хоб чист?

Донишмандони қадиму ҷадид, дар бораи ҳақиқати хоб, матолиби мухталиф гуфтаанд. Вале дар фарҳанги Қуръон, хоб як навъ қабзи руҳ (як навъ марг аст, мунтаҳо марги заифу камранг). Ҳамон гуна ки дар ояти 42 сураи Зумар шарҳ дода шуд, мешавад ин гуна фаҳмид, ки иртиботи руҳ бо бадан се навъ аст:

1) иртиботи сад дар сад (ҳангоми бедорӣ);

2) иртиботи ноқис ва камранг (ҳангоми хоб);

3) қатъи иртиботи комил (марг).

Бинобар ин, хоб бародари марг аст ва чеҳраи заифи марг мебошад.

Ақсоми хоб

Аз маҷмӯи ривоятҳо ба даст меояд, ки хоб дидан дорои ақсому анвоъ аст, ки хулосаи он ба сурати се навъ дар сухани Расули Худо (с) омадааст, он ҷо, ки мефармояд:

الرؤيا ثلاثة: فالرؤيا الصالحة بشرى من الله، ورؤيا تحزين من الشيطان، ورؤيا مما يحدث المرء نفسه

Хоб дидан бар се гуна аст:

1) руъёи солеҳа яъне навъе илҳом ва башорат аз сӯи Худо;

2) хобҳои ташвишовар, ки аз талқиноти шайтон аст;

3) он чи дар зеҳни инсон гирд омада, ки ҳангоми хоб онҳоро мебинад…” (Ривояти Муслим)

Хоб дидан падидае рамзолуд ва ҳамвора суолбарангез аст. Илова бар инсон, ҳайвонот низ бар асоси озмоишҳое, ки анҷом гирифтааст, хоб мебинанд. Ҳамчунин таҳқиқоти илмӣ нишон додаанд, ки афроде, ки модарзод нобино ҳастанд ва ҳаргиз биноӣ надоштаанд, дар ҳангоми хоб руъёҳои тасвирӣ намебинанд, зеро мағзи ин афрод бо дидан ошно нест ва таҷрибаи онро надоранд, ин афрод руъёро бо соири ҳиссҳояшон таҷриба мекунанд, масалан онро ламс мекунанд ё мешунаванд ё мебӯянд.

Дар инҷо қасд надорем вориди бахши илмии ин мавзӯъ шавем, балки баҳси мавриди назари мо пардохтани мухтасар ба мавзӯи хобу руъё аз манзари Қуръон ва ривоятҳост, ки умедворем мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Асли хоб дидан ва таъбири хоб аз назари Қуръон ва ривоятҳо, як мавзӯи мусаллам ва ғайриқобили инкор аст, мунтаҳо бахше аз хобҳо беасос ва пуч аст ва хобҳои ошуфта ва шайтонӣ аст, ва бахши дигар, хобҳои саҳеҳ ва дорои таъбир мебошад.

Ҳикмати хоб дидан

Яке аз мавзӯъҳои аслии хоб марбут ба дидани руъёҳои содиқона ва низ хобҳои парешон аст, ки дар бораи ҳикмати он Имом Содиқ хитоб ба Муфаззал мефармояд:

Эй Муфаззал! Дар бораи хобҳо ва ҳикмати дарҳамомехтагии росту дурӯғи он нек биандеш. Агар тамоми хобҳо росту содиқ буд, ҳамаи мардум паёмбар (ва аз ахбори ғайб огоҳ) буданд. Ва агар тамоми онҳо нодурусту козиб буд, чизе зоид ва бемаънӣ буд ва суде надошт. Аз ин рӯ, гоҳ рост аст ва мардум аз он суд мебаранд ва бо он ба сӯи некӣ мераванд ва аз бадӣ парҳез мекунанд, ва бисёре аз онҳо низ дурӯғ аст, то бар хобҳо эътимоди комил нашавад.”

Бар асоси ин ривоят, мушаххас мешавад, ки паёмбарони илоҳӣ (а) ба илми хоб даст доштанд ва Худованд боби илми онро барои инсонҳои маъмулӣ бастааст. Нуктаи дигар ин аст, ки бархе хобҳо ҳақиқат дорад ва бархе фоқиди эътибор аст ва дар замоне, ки ҳақиқат аст, барои инсонҳо судовар хоҳад буд.

Ҳамчунин ривояте аз Паёмбари Акрам (с) вуҷуд дорад, ки мефармояд:

من رآني في المنام فقد رآني حقاً فإن الشيطان لا يتمثل بي

Касе, ки маро дар хоб бибинад, дар ҳақиқат маро дидааст; чаро ки шайтон наметавонад ба сурати ман зоҳир шавад.” (Ривояти Бухоорӣ ва Муслим)

Аз ин рӯ, бо таваҷҷӯҳ ба ривояти фавқ, дидани Расули Акрам (с) дар хоб, аз руъёҳои содиқа ба шумор меравад, ки аз арзиши болое бархӯрдор аст ва намунаҳои бешуморе аз ин навъ руъё — дидани Паёмбари Акрам (с) дар хоб — аз сӯи уламо ва ашхоси барҷаста то кунун ба сабт расидааст, ки нишондиҳандаи иртиботи руҳонии танготанги Паёмбари Акрам (с) бо уммати хеш аст.

Хобро барои чӣ касе таъриф кунем?

Яке аз суолҳое, ки маъмулан барои афрод пеш меояд ин аст, ки вақте хобе ва руъёе чӣ хуб ва чӣ бад мебинем, чӣ бояд бикунем ва онро барои чӣ касоне метавонем таъриф кунем.

Ин пурсишҳо дар замони ҳаёти мубораки ҳазрати Паёмбар (с) суол шуда, ки эшон посухҳое дар ин бора фармудаанд. Ба унвони мисол, Паёмбари Худо (с) дар бораи ин, ки агар руъёи хубу баде дидем, чӣ бояд бикунем, мефармоянд:

إِذَا رَأَى أَحَدُكُمُ الرُّؤْيَا يُحِبُّهَا فَإِنَّهَا مِنَ اللَّهِ فَلْيَحْمَدِ اللَّهَ عَلَيْهَا وَلْيُحَدِّثْ بِهَا وَإِذَا رَأَى غَيْرَ ذَلِكَ مِمَّا يَكْرَهُ فَإِنَّمَا هِيَ مِنَ الشَّيْطَانِ فَلْيَسْتَعِذْ مِنْ شَرِّهَا وَلا يَذْكُرْهَا لِأَحَدٍ فَإِنَّهَا لَنْ تَضُرَّهُ

Ҳар гоҳ яке аз шумо хоби хубе дид, (бидонад) он аз Худост, Худоро сипосгузорӣ ва барои дигарон бозгӯ кунад (ва онро таъбир кунад). Вале агар хоби баде дид, (бидонад) он аз шайтон аст, аз шарри шайтон паноҳ ба Худо бибарад ва ба касе ҳам нагӯяд, зеро инчунин хобе ҳаргиз зарару зиёне нахоҳад расонд.” (Ривояти Бухорӣ)

Ривоят аст аз Умми Фазл бинти Ҳорис (дояи Имом Ҳусайн), ки мегӯяд, рӯзе хобе дидам, ки сахт маро ошуфта ва нигарон кард, саросема ба хонаи Паёмбари Акрам (с) рафтам ва арз кардам:

يا رسول الله إني رأيت حلما منكرا الليلة، قال: وما هو؟ قالت: رأيت كأن قطعة من جسدك قطعت ووضعت في حجري، قال: رأيت خيرا، تلك فاطمة إن شاء الله تلد غلاما فيكون في حجرك، فولدت فاطمة الحسين، فكان في حجري كما قال رسول الله صلى الله عليه وسلم، فوضعته في حجره ثم حانت مني التفاتة فإذا عينا رسول الله صلى الله عليه وسلم تهريقان الدموع، قالت: قلت يا نبي الله بأبي أنت وأمي، مالك؟ قال: أتاني جبريل عليه السلام فأخبرني أن أمتي ستقتل ابني هذا، فقلت: هذا؟ قال: نعم، وأتاني بتربة من تربته حمراء

Эй Расули Худо! Ман имшаб хобе бисёр нописанд дидам. Фармуд: чӣ буд он хоб, бигӯ. Арз кардам: хоб дидам гӯё порае аз ҷасади мубораки шумо ҷудо шуда ва дар домани ман қарор дода шуд. Фармуд: хайр аст, Фотима (духтарам) иншоаллоҳ ба зудӣ писаре ба дунё хоҳад овард ва он писар дар оғӯши ту қарор хоҳад гирифт. Сипас Фотима Ҳусайнро зойид ва ӯ дар домани ман буд ҳамон тавр ки Расули Худо (с) хабар дода буданд.

Пас, Ҳусайнро дар домани Паёмбари Худо (с) гузоштам ва таваҷҷӯҳ кардам, аз чашмони мубораки эшон ашк ҷорӣ мешавад. Пурсидам: эй Расули Худо! Падару модарам фидоят, чӣ шуд? Фармуд: Ҷабраил (а) ба наздам омад ва хабар дод, ки умматам ба зудӣ ин фарзандамро хоҳанд кушт. Арз кардам: Ҳусайнро? Фармуд: бале, ва турбате (як мушт хок) аз турбати ӯро, ки сурх буд бароям дод.” (Албидоя ван-ниҳоя, Ҳофиз Ибни Касир, 6/258, Ашшомила)

Аҳаммияти имон ба руъёи содиқа аз забони Паёмбари Акрам (с)

Мавзӯи руъё ва масоили перомуни он чунон ҳоизи аҳаммият аст, ки Расули Худо (с ) дар бораи он мефармояд:

من لم يؤمن بالرؤيا الصادقة فإنه لم يؤمن بالله ورسوله

Касе, ки сиҳҳати хоб диданҳои ростро бовар накунад, ба Худо ва Расули Худо (с) имон наёвардааст.” (Канзул-уммол, ҳ.41426, Ашшомила)

Қуръони Карим воқеияти хоб дидан ва таъсирҳои онро ба сурати масъалае муҳим ва пурранг матраҳ мекунад ва дар ҷоҳои мухталифе ба ин амр мепардозад. Дар Қуръони Карим оятҳои мутааддиде аз хоб дидани афрод — аз қабили анбиё, подшоҳон ва афроди оддӣ — вуҷуд дорад, ки нишондиҳандаи аҳаммияти мавзӯъ ва иртиботи мустақими ин хоб диданҳо бо ҳаёти афрод ва ҷомеа дорад. Масъалаи хоб дидан ва таъбири хоб, аз дидгоҳи Қуръон, як воқеияти қатъӣ аст, бинобар ин мусалмонон ҳаргиз наметавонанд хоб ва таъбири хобро дар радифи хурофот бидонанд.

Дар идома ба руъёҳои паёмбарони илоҳӣ ва афроди дигар, ки Қуръони Карим бо зарофат ва ҷузъиёти дақиқ ба он пардохтааст ишора мекунем, то аҳаммияти ин мавзӯъ бештар ошкор шавад.

Руъёҳои Паёмбари Акрам (с)

Қуръони Карим дар ҷоҳои мухталиф ба масъалаи руъёҳои содиқаи анбиёи илоҳӣ бавежа Расули Худо (с) пардохтааст; руъёҳое, ки ниёзманди тафсири муфассал аст, аммо ба далели худдорӣ аз дур шудан аз матн, ба ҳошия ва тафсири он намепардозем ва танҳо ба тарҷумаи оятҳо басанда мекунем. Дар инҷо се оят ба унвони намуна меоварем:

إِذْ یُرِیکَهُمُ اللَّهُ فِی مَنَامِکَ قَلِیلًا وَلَوْ أَرَاکَهُمْ کَثِیرًا لَفَشِلْتُمْ وَلَتَنَازَعْتُمْ فِی الْأَمْرِ وَلَکِنَّ اللَّهَ سَلَّمَ إِنَّهُ عَلِیمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

“(Эй Паёмбар! Ёд кун) он гоҳро, ки Худованд ононро (сипоҳи душманро) дар хобат ба ту андак нишон дод; ва агар эшонро ба ту бисёр нишон медод, қатъан суст мешудед ва ҳатман дар кор (ҷиҳод) мунозиъа мекардед, вале Худо шуморо ба саломат дошт, чаро ки ӯ ба рози дилҳо доност.” (Сураи Анфол, ояти 43)

لَقَدْ صَدَقَ اللَّهُ رَسُولَهُ الرُّؤْیَا بِالْحَقِّ لَتَدْخُلُنَّ الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ إِنْ شَاءَ اللَّهُ آمِنِینَ مُحَلِّقِینَ رُءُوسَکُمْ وَمُقَصِّرِینَ لَا تَخَافُونَ

Ҳаққо Худо руъёи паёмбари худро таҳаққуқ бахшид (ки дида буд): ин ки шумо бидуни шак ба хости Худо дар ҳоле, ки сар тарошида ва мӯй (ва нохун) кӯтоҳ кардаед бо хотири осуда дар Масҷидулҳаром дархоҳед омад.” (Сураи Фатҳ, ояти 27)

وَإِذْ قُلْنَا لَکَ إِنَّ رَبَّکَ أَحَاطَ بِالنَّاسِ وَمَا جَعَلْنَا الرُّؤْیَا الَّتِی أَرَیْنَاکَ إِلَّا فِتْنَةً لِلنَّاسِ وَالشَّجَرَةَ الْمَلْعُونَةَ فِی الْقُرْآنِ وَنُخَوِّفُهُمْ فَمَا یَزِیدُهُمْ إِلَّا طُغْیَانًا کَبِیرًا

Ва (ёд кун) ҳангомеро, ки ба ту гуфтем, ба ростӣ парвардигорат бар мардум иҳота дорад ва он руъёеро, ки ба ту намоёндем ва (низ) он дарахти лаънатшуда дар Қуръонро ҷуз барои озмоиши мардум қарор надодем ва мо ононро бим медиҳем, вале ҷуз бар туғёни бештари онҳо намеафзояд.” (Сураи Исро, ояти 60)

Руъёи ҳазрати Иброҳим (а) дар бораи фарзандаш ҳазрати Исмоил (а)

Қуръони Карим ҳамчунин ба моҷарои дастури илоҳӣ ба ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом ишора мекунад ва инки чӣ гуна Худованди Мутаол ба эшон дар хоб ваҳй менамояд, ки фарзандашро қурбонӣ кунад:

فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ السَّعْیَ قَالَ یَا بُنَیَّ إِنِّی أَرَی فِی الْمَنَامِ أَنِّی أَذْبَحُکَ فَانْظُرْ مَاذَا تَرَی قَالَ یَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ سَتَجِدُنِی إِنْ شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّابِرِینَ

Ва вақте бо ӯ ба ҷойгоҳи саъй расид, гуфт: эй писараки ман! Ман дар хоб (чунин) мебинам, ки туро сар мебурам, пас бибин, чӣ ба назарат меояд?! Гуфт: эй падарҷони ман! Он чиро маъмурӣ, бикун, иншоаллоҳ маро аз шикебоён хоҳӣ ёфт.” (Сураи Соффот, ояти 102)

Худованди Мутаол ҳамчунин барои таъйиди амалкарди ҳазрати Иброҳим (а) дар иҷрои дастури илоҳӣ ӯро мухотаби нидои худ қарор медиҳад ва мефармояд:

وَنَادَیْنَاهُ أَنْ یَا إِبْرَاهِیمُ، قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْیَا إِنَّا کَذَلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ

Ӯро нидо додем, ки: эй Иброҳим! Руъё (-и худ)-ро ҳақиқат бахшидӣ, мо некӯкоронро чунин подош медиҳем.” (Сураи Соффот, оятҳои 104 ва 105)

Руъёи ҳазрати Юсуф (а)

Дар ҷои дигар низ Худованд руъёеро барои ҳазрати Юсуф (а) дар хоб намоён мекунад, ки бо ояндаи ӯ муртабит аст ва эшонро аз замони навҷавонӣ барои моҷароҳои бузурге дар давраи ҷавонӣ омода месозад. Қуръон дар ин замина мефармояд:

إِذْ قالَ یُوسُفُ لِأَبِیهِ یا أَبَتِ إِنِّی رَأَیْتُ أَحَدَ عَشَرَ کَوْکَباً وَ الشَّمْسَ وَ الْقَمَرَ رَأَیْتُهُمْ لِی ساجِدِینَ

“(Ёд кун) замонеро, ки Юсуф ба падараш гуфт: эй падари ман! (Дар хоб) ёздаҳ ситораро бо хуршеду моҳ дидам; дидам (онҳо) барои ман саҷда мекунанд.” (Сураи Юсуф, ояти 4)

Ҳазрати Яъқуб (а) дар посух ба руъёи фарзандаш чунин мегӯяд:

قَالَ یَا بُنَیَّ لَا تَقْصُصْ رُؤْیَاکَ عَلَی إِخْوَتِکَ فَیَکِیدُوا لَکَ کَیْدًا إِنَّ الشَّیْطَانَ لِلْإِنْسَانِ عَدُوٌّ مُبِینٌ

(Яъқуб) гуфт: эй писараки ман! Хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки барои ту найранге меандешанд, зеро шайтон барои одамӣ душмане ошкор аст.” Посухе, ки аз ояндаи ҳазрати Юсуф (а) хабар медиҳад ва падар аз ӯ мехоҳад онро кетмон карда ва мунтазири рӯзи таҳаққуқи он бимонад. Агар касе имрӯз аз ин гуна хобҳои аҷиб бибинад, ҳаргиз қодир ба ёфтани таъбири муносибе барои он нахоҳад шуд, зеро таъбири хобҳои инчунинӣ ниёз ба илме дорад, ки танҳо назди анбиё ва авлиёи илоҳӣ аст.

Вақте замони таҳаққуқи хоби ҳазрати Юсуф (ъ) фаро расид — яъне омадани бародарони ҳазрати Юсуф ва волидайнашон ба Миср ва ҳузури онҳо дар қаср — ҳазрати Юсуф (а) ба падараш гуфт:

وَقَالَ یَا أَبَتِ هَذَا تَأْوِیلُ رُؤْیَایَ مِنْ قَبْلُ قَدْ جَعَلَهَا رَبِّی حَقًّا

Ва (Юсуф) гуфт: эй падар! Ин аст таъбири хоби пешини ман. Ба яқин парвардигорам онро рост гардонид.” (Сураи Юсуф, ояти 100)

Руъёи подшоҳи Миср

Сураи Юсуф намунаҳои дигаре низ аз хоб дидан дар худ ҷой додааст. Ин руъё ба хоб дидани подшоҳи Миср марбут аст ва Қуръон дар бораи ин руъё чунин фармудааст:

وَقَالَ الْمَلِکُ إِنِّی أَرَی سَبْعَ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ یَأْکُلُهُنَّ سَبْعٌ عِجَافٌ وَسَبْعَ سُنْبُلَاتٍ خُضْرٍ وَأُخَرَ یَابِسَاتٍ یَا أَیُّهَا الْمَلَأُ أَفْتُونِی فِی رُؤْیَایَ إِنْ کُنْتُمْ لِلرُّؤْیَا تَعْبُرُونَ

Ва подшоҳ (-и Миср) гуфт: ман (дар хоб) дидам ҳафт гови фарбеҳ аст, ки ҳафт (гови) лоғар онҳоро мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабз ва (ҳафт хӯшаи) хушкидаи дигар. Эй сарони қавм! Агар хоб таъбир мекунед, дар бораи хоби ман ба ман назар диҳед.” (Сураи Юсуф, ояти 43) Руъёе, ки дарбориён ва коҳинони он рӯз аз таъбири он оҷиз монданд ва гуфтанд:

قَالُوا أَضْغَاثُ أَحْلَامٍ وَمَا نَحْنُ بِتَأْوِیلِ الْأَحْلَامِ بِعَالِمِینَ

«Гуфтанд: хобҳоест парешон ва мо ба таъбири хобҳои ошуфта доно нестем.» Дар ҳоле, ки руъёи подшоҳ хоби парешон набуд, балки хобе, ки ояндаи кишвар бо он гиреҳ хӯрда буд.

Пас аз ин ки атрофиёни подшоҳ аз таъбири хоби ӯ оҷиз монданд, ба кӯмаки яке аз ҳозирон дар онҷо (зиндонии наҷотёфта ва ҳамбанди ҳазрати Юсуф дар зиндон) ба суроғи ҳазрати Юсуф (а) дар зиндон рафтанд, то бо ёфтани таъбири муносибе барои хоби подшоҳ, ӯро аз нигаронӣ наҷот диҳанд:

یُوسُفُ أَیُّهَا الصِّدِّیقُ أَفْتِنَا فِی سَبْعِ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ یَأْکُلُهُنَّ سَبْعٌ عِجَافٌ وَسَبْعِ سُنْبُلَاتٍ خُضْرٍ وَأُخَرَ یَابِسَاتٍ لَعَلِّی أَرْجِعُ إِلَی النَّاسِ لَعَلَّهُمْ یَعْلَمُونَ

Эй Юсуф, эй марди ростгӯй! Дар бораи (ин хоб, ки) ҳафт гови фарбеҳ ҳафт (гови) лоғар онҳоро мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабз ва (ҳафт хӯшаи) хушкидаи дигар. Ба мо назар деҳ, то ба сӯи мардум баргардам, шояд онон (таъбирашро) бидонанд.” Ҳазрати Юсуф (а) посух дод:

قَالَ تَزْرَعُونَ سَبْعَ سِنِینَ دَأَبًا فَمَا حَصَدْتُمْ فَذَرُوهُ فِی سُنْبُلِهِ إِلَّا قَلِیلًا مِمَّا تَأْکُلُونَ. ثُمَّ یَأْتِی مِنْ بَعْدِ ذَلِکَ سَبْعٌ شِدَادٌ یَأْکُلْنَ مَا قَدَّمْتُمْ لَهُنَّ إِلَّا قَلِیلًا مِمَّا تُحْصِنُونَ. ثُمَّ یَأْتِی مِنْ بَعْدِ ذَلِکَ عَامٌ فِیهِ یُغَاثُ النَّاسُ وَفِیهِ یَعْصِرُونَ

Гуфт: ҳафт сол пай дар пай мекоред ва он чиро даравидед, ҷуз андакеро, ки мехӯред дар хушааш вогузоред, он гоҳ пас аз он, ҳафт соли сахт меояд, ки он чиро барои он (солҳо) аз пеш ниҳодаед, ҷуз андакеро, ки захира мекунед ҳамаро хоҳанд хӯрд, он гоҳ пас аз он соле фаро мерасад, ки ба мардум дар он (сол) борон мерасад ва дар он оби мева мегиранд.” (Сураи Юсуф, оятҳои 47 то 49)

Таъбири дақиқи ин хоб ва пешниҳоди роҳкори муносиб барои захира кардани маҳсул, мӯҷиби таваҷҷӯҳи подшоҳ қарор мегирад ва боис мешавад ҳазрати Юсуф (а) ба василаи ин хоб аз зиндон раҳоӣ ёбад ва мақоми вежае назди подшоҳ насиби ӯ шавад.

Руъёи ду ҳамбанди ҳазрати Юсуф (а) дар зиндон

Замоне ҳам, ки ҳазрати Юсуф (а) дар зиндон буд, дар онҷо афроде бо ӯ ҳамбанд буданд, ки мунтазири судури ҳукмашон буданд ва ба хотири ояндаи номаълуми худ, дар нигаронӣ ба сар мебурданд. Ду нафар аз ҳамбандони ҳазрати Юсуф (ъ), ки бисёр нигарон буданд ва чунон беқарор буданд, ки ду гуна хоби аҷиб мебинанд ва аз ӯ мехоҳанд хобашонро таъбир кунад. Қуръон дар ин бора мефармояд:

وَدَخَلَ مَعَهُ السِّجْنَ فَتَیَانِ قَالَ أَحَدُهُمَا إِنِّی أَرَانِی أَعْصِرُ خَمْرًا وَقَالَ الْآخَرُ إِنِّی أَرَانِی أَحْمِلُ فَوْقَ رَأْسِی خُبْزًا تَأْکُلُ الطَّیْرُ مِنْهُ نَبِّئْنَا بِتَأْوِیلِهِ إِنَّا نَرَاکَ مِنَ الْمُحْسِنِینَ

Ва ду ҷавон бо ӯ ба зиндон даромаданд. (Рӯзе) яке аз он ду гуфт: ман хештанро (ба хоб) дидам, ки (ангур барои) шароб мефишорам, ва дигаре гуфт: ман худро (ба хоб) дидам, ки бар рӯи сарам нон мебарам ва парандагон аз он мехӯранд, ба мо аз таъбираш хабар деҳ, ки мо туро аз некӯкорон мебинем.” (Сураи Юсуф, ояти 36) Ҳазрати Юсуф (а) дар посух гуфт:

قَالَ لَا یَأْتِیکُمَا طَعَامٌ تُرْزَقَانِهِ إِلَّا نَبَّأْتُکُمَا بِتَأْوِیلِهِ قَبْلَ أَنْ یَأْتِیَکُمَا ذَلِکُمَا مِمَّا عَلَّمَنِی رَبِّی إِنِّی تَرَکْتُ مِلَّةَ قَوْمٍ لَا یُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ کَافِرُونَ

“(Юсуф) гуфт: ғизоеро, ки рӯзии шумост, барои шумо намеоваранд магар он ки ман аз таъбири он ба шумо хабар медиҳам пеш аз он ки (таъбири он) ба шумо бирасад. Ин аз чизҳое аст, ки парвардигорам ба ман омӯхтааст, ман ойини қавмеро, ки ба Худо эътиқод надоранд ва мункири охиратанд, раҳо кардаам.” (Сураи Юсуф, ояти 37) Сипас афзуд:

یَا صَاحِبَیِ السِّجْنِ أَمَّا أَحَدُکُمَا فَیَسْقِی رَبَّهُ خَمْرًا وَأَمَّا الْآخَرُ فَیُصْلَبُ فَتَأْکُلُ الطَّیْرُ مِنْ رَأْسِهِ قُضِیَ الْأَمْرُ الَّذِی فِیهِ تَسْتَفْتِیَانِ

“Эй ду рафиқи зиндониам! Аммо яке аз шумо ба оқои худ бода менӯшонад ва аммо дигаре ба дор овехта мешавад ва парандагон аз (мағзи) сараш мехӯранд; амре, ки шумо ду тан аз ман ҷӯё шудед, таҳаққуқ ёфт.” (Сураи Юсуф, ояти 41) Таъбири дақиқе, ки ба воқеият табдил шуд.

Манбаъ: Mehrnews, бо андаке ислоҳу тағйир аз сӯи С.И.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: