Перейти к содержимому

Эътирозот ба қонуни табъизомез алайҳи мусалмонон дар Ҳинд

Дар пайи тасмими давлати Ҳинд ба эътои шаҳрвандӣ ба бархе ақаллиятҳо, эътироз ва даргирӣ бахшҳое аз ин кишварро фаро гирифт.

Гурӯҳҳое аз мусалмонони мӯътариз дар чанд шаҳр дар иёлати Осом воқеъ дар шимоли шарқии Ҳинд дар шомгоҳи чаҳоршанбе ба хиёбон омаданд ва бо мухолифони мусалмонон даргир шуданд.

Давлати Ҳинд рӯзи панҷшанбе барои ором кардани авзоъ ҳазорон тан аз нафароти артишро аз иёлатҳои дигар аз ҷумлаи иёлати бӯҳронзадаи Кашмир ба Осом гусел дошт.

Эътирозҳо дар Ҳинд соатҳое пас аз он оғоз шуд, ки маҷлис ислоҳияи қонуни тобеиятро барои раванди эътои шаҳрвандӣ ба ақаллиятҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба ин кишвар омадаанд, тасвиб кард. Ин қонун шомили пайравони чанд дин аз ҷумла ҳинду, масеҳӣ, будоӣ ва сик аст, аммо шомили ақаллияти муҳоҷири мусалмон намешавад.

Давлати миллигарои Норундро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд эълом кард қонуни ҷадид ба манзури ҳимоят аз бархе муҳоҷироне аст, ки дар Афғонистон, Покистон ва Банглодеш таҳти назар ва зери фишору озор буда ва то пеш аз соли 2015 ба ин кишвар омадаанд.

Мунтақидон мегӯянд, ин қонун ба далели он ки дар мавриди мусалмонони хориҷӣ табъиз қоил шуда ва онҳоро шомил намешавад, моҳияти секулори қонуни асосии Ҳиндро зери суол бурдааст. Аммо тарафдорони қонуни ҷадид мегӯянд, ки дар сурати гунҷондани ақаллияти мусалмон дар ин қонун, сайли муҳоҷирони хориҷӣ ба сӯи аёлатҳои шимолии Ҳинд сарозер хоҳад шуд.

Дар аёлати чойхези Осом, ки ҷамъияте умдатан будоӣ дорад, дар даҳаи ахир ҷунбише алайҳи муҳоҷирони мусалмони банглодешӣ, ки ба шакли ғайриқонунӣ вориди Ҳинд мешаванд, шакл гирифтааст. Дар солҳои ахир низ дар бархе шаҳрҳои ғарбии ин аёлат, то кунун даргириҳои хунине миёни будоиҳо ва ақаллияти мусалмони банглодешӣ дар гирифтааст.

Шомгоҳи чаҳоршанбе давлат бо эъломи муқаррароти манъи рафту омад дар шаҳри Гувоҳотӣ, маркази Осом, телефон ва интернетро аз бомдоди панҷшанбе дар 10 шаҳри ин минтақа қатъ кард. Аммо гурӯҳҳое аз мусалмонон бидуни таваҷҷӯҳ ба муқаррароти давлатӣ дар ин шаҳр ва низ дар бахшҳои дигари Осом монанди Мургоун ба хиёбон омада ва зимни шиор додан алайҳи Мудӣ, лостик оташ заданд.

Аз сӯи дигар мӯътаризон ба муҳоҷирати ғайриқонунии мусалмонон аз Банглодеш ба Осом, дар тӯли чаҳоршанбешаб дар Гувоҳотӣ ба манзили Сарбонондо Сунвол, сарвазир ва низ хонаи дигари аъзои ҳизби ҳокими Баҳоротии Осом ҳамла карда ва алайҳи онҳо шиор сар доданд. Онҳо масъулони ин минтақаро ба боз кардани дарҳо ба рӯи сайли муҳоҷирон муттаҳам мекунанд.

Қонуни ҷанҷолии Ҳинд акнун пас аз тасвиб дар маҷлис, барои иҷроӣ шудан бояд ба имзои раисиҷумҳур бирасад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: