Перейти к содержимому

Хидмати Козӣ, иштибоҳи Ҷамоллиддин ва пули муҳоҷир

Сабури Давлат

Ҳеч кас ҳам ба хотир новард, ки дар системаи пештараи интиқоли пули муҳоҷирон кӣ саҳм гузошта буд. Агар масъала ба 20 соли пеш баргардад, мо вазъеро мушоҳида мекунем, ки чигуна муҳоҷирони кории мо он солҳо барои овардани ҳақмуздашон аз Русия қурбонии дуздону авбошон ба хусус кормандони гумрук ва сарҳадбонони режими Каримов мешуданд.

Он солҳо даҳҳо ҳазор муҳоҷири корӣ бо тарсу ваҳм ва бо чӣ машаққатҳое пулашонро то манзилашон мерасонданд ва шояд даҳҳо ҳазор нафар бо додани қисме аз пули ба арақи ҷабин кормекардаашонро ба нафароне медоданд, ки пулҳои онҳоро интиқол бидиҳад ё онҳо дар масири роҳ бахусус дар ҳудуди Узбекистон тамоми пули коркардашонро аз даст медоданд ва онро низомиёни онвақтаи режими Ислом Каримов ба зӯрию дуздӣ кашида мегирифтанд. Ҳазорон муҳоҷири тоҷик қурбонии он ҳаводиси шум шуда буданд. Аммо имрӯз роҳбарони ҳамин муҳоҷирон рӯи қабри бенури Каримов нашармида гулчамбар мегузоранд.

Шояд кам касон бидонанд ва ба он бовар бикунанд, ки системаи интиқоли пештараи пул тавасути ширкатҳои гуногун бо ташабус ва пешниҳоди собиқ муовини аввали сарвазири кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода роҳандозӣ шудааст ва ӯ яке аз аввалин нафароне дар ҳукумат будааст, ки чунин як кор ва иқдомеро барои осон, бехавф ва сари вақт расонидани ҳақмузди муҳоҷирони корӣ амалӣ карда дар роҳандозии он талошҳо зиёдеро ба харҷ додаст.

Тӯраҷонзода, ки бо саҳмияи 30 дарсадаи мухолифон вориди ҳукумат гардида буд, он замонҳо чанд дарсади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро мехарад ва дар оянда мехоҳад, ки як низоми бонки исломӣ ва бо манофеи мардуми мусалмони Тоҷикистонро роҳандозӣ намояд. Ва ҳамин тавр аз монополия ва инҳисор шудани низоми бонкӣ дар дасти як гурӯҳро ҷилавгирӣ намояд. Аммо баъдан бо сабабҳои маълум ба худи Тӯраҷонзода Тоҷиддин Пирзода раиси “Тоҷиксодиротбонк”, ки имрӯз дар вазъи бӯҳронӣ ва муфлисшавӣ қарор дорад, бо ҳилаву найранг Тӯраҷонзодаро аз саҳомони ин бонк берун мекунад. (Шояд инро баъдан худи Тӯраҷонзода шарҳ бидиҳад.)

Хулоса системаи интиқоли пули пештара бо ташабуси собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода беш аз 20 сол барои миллати тоҷик ба хусус муҳоҷирони кории мо хидмат кардааст бо назардошти манофеи онҳо. То ба имрӯз на ВАО-и давлатӣ дар ин замина чизе гуфта буд на хусусӣ.

Шояд Ҷамолиддин Нуралиев надонад, ки донишҳои молиявӣ ва бонкии як руҳонӣ, ки дар назари онҳо хиёнаткору ҷинояткор ҷилва ёфтааст, чӣ хидмате ба мардуми кишвар кардааст. Бо гузашти ду ҳафта ҳанӯз ҳам мардум бо мушкили интиқоли маблағ рӯ ба рӯ ҳастанд. Қисми пештара бошад бо усули ҳавола бидуни иштироки бонкҳо пулҳои худро ба хонаводаҳояшон расонида истодаанд. Беҳтар буд Бонки Миллӣ ба хусус шахси Ҷамолиддин Нуралиев, ки домоди роҳбари кишвар аст, ба ин масъала даст намезаданд. Тарс, нигаронӣ овозаву воҳимаҳо мардумро ба бахши бонкии кишвар нобовар карда он ҳамчунон хатарзо ва бӯҳронӣ мешавад.

Тааҷубовар аст, ки на генерал-профессорҳо ва на генерал-шоирҳои мо дар ин мавзӯъ дахолате намекунанд. Ҳоло фарзан ҳамин пешниҳод аз ҷониби ягон мухолиф ба хусус шахсиятҳои мисли Тӯраҷонзода садо медод, ҳоло гурӯҳ ва дастгоҳои таблиғии вобаста ба ҳукумат қиёмат барпо мекарданд.

Манбаъ: Фейсбук, гурӯҳи «Гуфтугӯ»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: